Зебогии зан ва баланд бардошатни нақши занон дар ҷомеа

790

Дар асоси нақша чорабиниҳои шурои занон ва духтарони факултет ва донишгоҳ санаи 14-12-2021 вохурии донишҷудухтарони курсҳои дуюм саввум ва чоруми ҳамаи ихтисосҳои амалкунандаи факултет бо иштироки, муаллимаи кафедраи психологияи ДМТ, н.и.п., дотсент равоншинос Шарипова Мадина, муаллимаи факултети молия ва ќарзи ДМТ Майдаева Мавлуда, муовини декани факултет  оид ба тарбия н.и.т., Ѓайратова Ф.А., раиси иттифоќи касабаи факултет, номзади илмњои филология дотсенти  кафедраи мутолиоти Аврупо Шозимова Тахмина Давроновна, Раиси шурои бонувони факултет муаллимаи кафедраи дипломатия ва сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон Ѓафорзода Фатона, муаллимаи калони кафедраи мутолиоти аврупоӣ Ашурмамадова У, ки  пуртаљриба, 30-солаи фаъолият дар факултетро доранд ширкат варзиданд.

 Сароғоз муовини декани оид ба тарбия Ғайратова Фотима Асламшоевна қадами ҳозиринро ба факултет шодбош намуда қайд намуд, ки дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ – иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, илму маориф ва ғайра нақши занон бағоят бузург аст. Мусаллам аст, ки ному хизматҳои тамоми шахсиятҳои бузург бо ному хидматҳои зан-модар робитаи зич дорад. Умуман пешрафт ва рушду нумӯи зиндагӣ, ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ метавон гуфт, ки аз ҳастии зан-модар сарчашма мегирад. Бесабаб нест, ки бузургон волотарин панду ҳикматҳоро дар ситоиши зан-модар гуфтаанд, шоирону нависандагон писандидатарин маъниҳоро ба зан-модар нисбат додаанд.

н.и.п., дотсент равоншинос Шарипова Мадина дар баромади худ қайд намуд ки Дар рушду таҳаввули бахшҳои мухталифи ҳаёт, бахусус илму маориф саҳми занони Тоҷикистон назаррас ва шоёни таҳсин аст. Дар соҳаҳои физикаю техника, кимиёву биология, тибу равоншиносӣ, иқтисоду сиёсат, таъриху филология, ҳуқуқу фалсафа, педагогикаю санъат ва бахшҳои дигари илм дастоварҳои олимаҳои тоҷикистонӣ қобили таърифу тавсиф аст. Занҳои Тоҷикистон соҳиби дараҷаи илмӣ (номзаду доктор), унвонҳои илмӣ (дотсенту профессор, ходимони калону пешбар), арбобони шоистаи илму маориф, аъзои вобаста ва академикҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияи дигар мамолики олам, раҳбарони муассисаҳои илмиву таълимӣ (ректору проректор, директору декан, мудирони озмоишгоҳҳову кафедраҳо) мебошанд. Тибқи маълумот дар соҳаҳои гуногуни кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.Беш аз 82000 нафар занону духтарони тоҷик касби бошарафи омӯзгориро ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишварамон нақши арзанда мегузоранд.

Ғаффорзода Фатона  дар баромади худ чунин дарқ намуд ки Мароқ ба масъалаи иштироки занон дар равандҳои сиёсии воқеӣ ва баланд гаштани нақши онҳо дар ҳаёти сиёсии ҷомеа дар назди олимони ҷомеашинос қабл аз солҳои зиёд пайдо шуда буд. Ҷумхурии Тоҷикистон, дар байни кишварҳои ИДМ, яке аз аввалинҳо шуда ба масъалаҳои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи аваллиндараҷа зоҳир намуд ва Конвенсияҳои байналмилалии «Дар бораи бархҳм додани хама гуна зӯроварӣ нисбати занон», «Дар бораи хуқуқҳои занҳо» ва «Дар бораи хукуқи кӯдак»-ро қабул кард. Баъд аз ин, зиёда аз бист санади давлатӣ оид ба масъалаҳои занон тадриҷан қабул карда шуданд, ки онҳо боз ҳам шароити беҳтарро барои фаъолият ва зиндагии занон фароҳам оварданд. Хусусан метавон Фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа», ки фаъолона аз ҷониби ҷомеа ва махсусан аз ҷониби занон дасттирӣ карда мешавад, номбар кард. Санади мазкур асосҳои бартараф кардани стереотипҳои гендериро дар бораи нақши занон дар ҷомеа таъсис додааст.

Муаллимони кафедраи Мутолиоти аврупоӣ дотсет Шозимова Т ва Ашурмамадова У дар суханронии хеш чунин кайд намуданд ки Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Роҳнамои ин сиёсат чун дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар ҳамеша Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд ва хоҳанд буд.

Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар бори дигар таваҷҷуҳи баланд ва эҳтирому эътибори хосаи давлату ҳукумати кишварро нисбат ба зан-модар собит месозад, ки он ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлати соҳибистиқлоламон ворид карда шуда, ҳамасола дар сатҳи давлатӣ ва тантанаву шукуҳи хоса таҷлил мегардад. «Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқи арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандаи ҳаёти инсонӣ собит созем,- таъкид намуданд дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат.- Зеро асли ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳанд».

Дар охир байни ширкаткунандагон ва иштирокчиён саволу ҷавобҳо сурат гирифт.