Сохтори факултет

Дар сохтори факултет панҷ кафедра мавҷуд аст:

1. Кафедраи Муносибатҳои байналхалқӣ (и.в. мудир, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Нуриддин П.Р.);

2. Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мудир, номзади илмҳои таърих, дотсент Ф.Н.Салимов.);

3. Кафедраи Минтақашиносии  хориҷӣ (мудир,номзади илмҳои таърих, дотсент  Ф.М. Розиқов);

4. Кафедраи Мутолиоти Шарқ (мудир, номзади илмҳои филологӣ М.А. Раҳмонов)

5. Кафедраи Мутолиоти аврупоӣ (мудир, номзади илмҳои филологӣ,  дотсент А.Ф. Наҷмиддинов) амал менамоянд.

Дар факултет тамоми шароит барои омода намудани мутахассисони баландихтисос муҳайё мебошад. Аз ҷумла, се утоқи лингафонӣ барои омўзиши забонҳои англисӣ, арабӣ, ва чинӣ, 1-синфхонаи компютерӣ (маркази мониторингии сифати таълим), 1-синфхонаи интернетӣ, мастер-класс (барои гузаронидани мизҳои мудаввар ва семинарҳо), 5- синфхона видеопроектор бо таблои электронӣ баҳри сайқал додани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷўён мусоидат менамояд.

Бояд қайд намуд, ки солҳои охир аз рўйи ихтисосҳои амалкунандаи факултет таҳсил дар шўъбаи магистратура ва доктор (Phd)  ташкил карда шуда, имрўзҳо на танҳо хатмкунандагони факултет, балки хатмкунандагони зинаи бакалаври дигар донишкадаву донишгоҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил  Ҷумҳурии халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон, Давлати Қатар  ва баъзе кишварҳои минтақаи Африқо таҳсил менамоянд. Дар баробари ин донишҷўён ва магистрантҳои факултет дар доираи барномаҳои байналмилалӣ ҳамасола барои таҳсил ба кишварҳои ИДМ, Иттиҳоди Аврупо аз қабили Олмон, Эстония, Чехия фиристода мешаванд.  

Ихтисос 23010100- муносибатҳои байналмилалӣ

Касб: дипломат

Шакли таҳсил: рўзона

Шартномаи таҳсил: 10700 сомонӣ

Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:13800 сомонӣ 

Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ҳамчун мутахсиссони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ омода карда мешаванд. Метавонанд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон, сафоратхонаҳо, консулгариҳо, намояндагиҳо дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шуъба ва раёсатхои робитаҳои байналмилалии вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намоянд.

Ихтисос 23010106- минтақашиносии хориҷӣ

Касб: минтақашинос

Шакли таҳсил: рўзона

Шартномаи таҳсил: 7070 сомонӣ

Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:9200 

Фаъолияти мутахассиси соҳаи минтақашиноси хориҷӣ гуногун буда, баҳри татбиқи самти сиёсати хориҷии кишвар дар амал, таъмини иҷроиши он дар мақомотҳои сиёсати хориҷӣ ва шуъбаҳои байналхалқӣ ва кишварии мақомотҳои давлатӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин мутахассиони соҳа метавонанд ҳамчун тарҷумон-референт, роҳбалад дар самти сиёсати хориҷӣ фаъолият намоянд.

Ихтисос 23010102- фаъолияти иттилоотӣ – таҳлилӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ

Касб: таҳлилгар, шореҳи байналмилалӣ

Шакли таҳсил: рўзона

Шартномаи таҳсил: 7700 сомонӣ

Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ 

Хатмкунандагон ин ихтисос метавонанд дар вазифаҳои корманди ихтисосии Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисоти тобеи он, таҳлилгар, эксперт, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ дар  идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, макотиби таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои фарҳангию маърифатии Ҷумҳурии Точикистон фаъолият намоянд.  

Дараҷаи таҳсилот дар зинаи таҳсилоти доктори фалсафа (Phd) аз рўйи ихтисос, муҳлати таҳсил 3 – сол

Ихтисос: 6D 020200 – муносибатҳои байналхалқӣ

Дараҷа: доктори фалсафа (Phd), доктор аз рўйи ихтисос

Ихтисос: 6D 020200 – муносибатҳои байналхалқӣ

Дараҷа: доктори фалсафа (Phd), доктор аз рўйи ихтисос

Шакли таҳсил: рўзона

Шартномаи таҳсил:8000 сомонӣ

Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:16000 сомонӣ 

Ихтисос: 6D 050500 – минтақашиносӣ

Дараҷа: доктори фалсафа (Phd), доктор аз рўйи ихтисос

Шакли таҳсил: рўзона

Шартномаи таҳсил: 8000 сомонӣ

Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:16000 сомонӣ 

Дараҷаи таҳсилот дар зинаи таҳсилоти магистр аз рўйи ихтисос, муҳлати таҳсил 2 – сол

Ихтисос: 230101- Муносибатҳои байналхалқӣ

Дараҷаи таҳсилот: Магистр

Касб: Дипломат

Шакли таҳсил: рўзона

Шатномаи таҳсил:8850 сомонӣ

Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:11800 сомонӣ

Ихтисос: 230101- Дипломатия ва сиёсати хориҷӣ

Дараҷаи таҳсилот: Магистр

Касб: Дипломат

Шакли таҳсил: рўзона

Шатномаи таҳсил:8850 сомонӣ

Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:11800 сомонӣ

Ихтисос: 23010106- Минтақашиносии хориҷӣ

Дараҷаи таҳсилот: Магистр

Касб: Минтақашинос

Шакли таҳсил: рўзона

Шатномаи таҳсил:7000 сомонӣ

Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:10800 сомонӣ

Ихтисос: 23010106- Минтақашиносӣ

Дараҷаи таҳсилот: Магистр (таҳсилоти аврупоӣ)

Касб: Минтақашинос

Шакли таҳсил: рўзона

Шатномаи таҳсил:8850 сомонӣ

Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:11800 сомонӣ