Таърихи таъсиси кафедра
Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ соли 1998 дар ҳайати факултети таърих бо мақсади тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, дипломатия ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
То соли 2002 мудири кафедраи навтаъсис номзади илмҳои таърих, дотсент Т. Муҳиддинов буд. Аз соли 2002 то соли 2008 мудири кафедраро доктори илмҳои таърих, профессор Ш.З. Имомов ба уҳда дошт. Аз соли 2008 то соли 2013 доктори илми таърих, профессор Н. М. Мирзоев мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ буд.
Cоли 2011 ба сабаби таъсиси факултети муносибатҳои байналхалкӣ кафедра ба факултет гузаронда шуд, ки то имрӯз дар ин факултет фаъолияташро пеш мебарад. Аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи декабри соли 2021 вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Р. Ш. Нуриддинов ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи декабри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент П. Р. Нуриддин фаъолият намуданд.
Кафедра бо мақсади ташаккули донишҳои устувор донишҷӯён дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, таҳсилоти салоҳиятнок, махсусгардонидашуда ва тайёр намудани бакалавру магистрҳо, докторантҳо дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, ки ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавобгӯ мебошанд ва дар бозори меҳнати муосир рақобатпазиранд, таъсис дода шудааст. Ҳангоми омӯзиши самти муносибатҳои байналмилалӣ донишҷӯён ҳадди аққал яке аз забонҳои шарқӣ ва инчунин забонҳои аврупоӣ (арабӣ, хитоӣ ва англисӣ)-ро амиқ меомӯзанд.
Дар назди кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ду нафар унвонҷӯёни шуъбаи рӯзона ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.
Ҳамчунин дар назди кафедра як нафар докторант PhD-и соли сеюм, се нафар докторант PhD-и соли дуюм ва ду нафар докторант PhD-и соли якум ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.
Кафедраи муносибатҳоли байналхалқӣ ба хотири беҳбуди сатҳи омӯзиш бо муассисаҳои давлатӣ ва илмии ҷумҳурӣ – Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монда, кормандони ин муассисотро ба хондани курсҳои махсус даъват мекунад.
Дар назди кафедра ҳамчунин маҳфили «Таҳлилгарони ҷавон» амал мекунад, ки роҳбари маҳфилро муаллими калони кафедра Пайвандов Х.Б. бар уҳда дорад. 28 аъзои маҳфил пайваста дар ҳаёти иҷтимоӣ ва илмии факултет ва донишгоҳ фаъолият чашмрас доранд. Хусусан, дар ҳамоишҳои ин маҳфил кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, вазоратҳо ва муассисаҳои давлатӣ, сафирони намояндагиҳои дипломатӣ дар пойтахти кишвар ва созмонҳои байналхалқӣ ширкат мекунанд, ки сатҳу савияи донишомӯзон ва эътибори кафедраро боло бурдааст.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
Самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқоти кафедра:
Ҳайати устодони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзуъ – «Асосҳои назариявӣ ва амалии муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати ҷаҳонӣ ва равандҳои геополитикии муосир» ва 10 самти зерин таҳқиқоти худро ба роҳ монданд:
- Назария ва амалияи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналхалқии асри XXI;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми робитаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ;
- Муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар солҳои Истиқлол;
- Самтҳо ва пешомадҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар қаринаи стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо;
- Моҳият ва заминаҳои зуҳури ифротгароии ҷавонон дар замони муосир;
- Таърихи ташаккул ва таҳаввули ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея дар даврони Истиқлол (1991–2018);
- Дипломатияи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ҳамкории илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар солҳои Истиқлол (1991–2018);
- Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ташаккул ва рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ (дар мисоли Озарбойҷон ва Арманистон).
Роҳбари илмии мавзуъ номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Нуриддин П.Р., иҷрокунандагон – доктори илмҳои таърих, профессор Маликов М.Ҳ., номзади илмҳои таърих, дотсент Самиев Х.Д., муаллими калон Басиров Б.С., номзади илмҳои таърих, муаллими калон Пайвандов Х.Б., номзади илмҳои таърих, муаллими калон Ғайратова Ф.А., номзади илмҳои таърих., ассистент Мирзоев Ҳ.Т., ассистент Файзуллоев К.С., ассистент Исматова Н., ассистент Сулаймонова А. М.
Фаъолияти таълимӣ.
Дар кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ дар бахши бакалавриат, магистратура ва докторантура миқдори фанҳои ҳатмӣ ва курсҳои махсусро дар бар мегиранд, ки аз тарафи омӯзгорони унвондори таҷрибадор ва ҷавони фаъолу болаёқат дар сатҳи зарурӣ дарс дода мешаванд.
Дар кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ тамоми фанҳои таълимӣ бо барномаҳои таълимӣ ва корӣ таъмин буда, онҳо ҳамасола то оғози соли таҳсил омода гардида, аз ҷониби мудири кафедра, шурои методӣ ва садорати факултет тасдиқ мегарданд.
Барномаҳои дарсии ихтисос, ки аз тарафи омӯзгорон омода мегарданд, ба меъёрҳои стандартии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда пурра ҷавобгӯ мебошанд. Дар кафедра феҳрасти китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳо таълимӣ мавҷуд мебошад.
Кафедра кӯшиш мекунад, ки фанҳои ихтисосии таълимиро, (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводу барномаҳои таълимию методӣ таъмин намоянд.
Бакалаврият дар самти муносибатҳои байналхалқӣ (23-010100)
Фанҳои умумитаълимӣ
– Забони тоҷикӣ;
– Забони русӣ;
– Таърихи халқи тоҷик;
– Фалсафа;
– Мантиқ;
– Сотсиология;
– Диншиносӣ;
– Сиёсатшиносӣ;
– Назарияи иқтисодӣ;
– Назарияи давлат ва ҳуқуқ;
– Ҳуқуқи байналхалқӣ;
– Мудофиаи гражданӣ;
– Экология.
Фанҳои ихтисосӣ
- Муқаддимаи муносибатҳои байналхалқӣ;
- Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ;
- Муносибатҳои байналхалқии муосир;
- Назарияи муносибатҳои байналхалқӣ Амнияти иттилоотӣ;
- Асосҳои сиёсати байналхалқӣ;
- Геополитика;
- Кишваршиносӣ;
- Мантиқи муносибатҳои байналхалқӣ;
- Методологияи таҳқиқоти илмӣ;
- Назарияи музокироти сиёсӣ;
- Омили исломӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ;
- Равандҳои глобалии ҷаҳони муосир;
- Сиёсати ҷаҳонӣ;
- Системаҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ;
- Сотсиологияи муносибатҳои байналхалқӣ;
- Мантиқи муносибатҳои байналхалқӣ;
- Тахлил ва пешгӯӣ;
- Технологияҳои сиёсӣ;
- Технологияи иттилоотӣ;
- Тоҷикистон дар низоми нави геополитикӣ;
- Тоҷикистон–Россия: шарикии стратегӣ;
- Фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ.
Магистратура дар самти муносибатҳои байналхалқӣ
Фанҳои таълимӣ
- Таърих ва назарияи муносибатҳои байналхалқӣ
- Амнияти миллӣ ва иттилоотӣ;
- Методологияи таҳқиқоти илмӣ;
- Муқаддимаи муносибатҳои байналхалқӣ;
- Назарияи музокироти сиёсӣ;
- Равандҳои глобалии ҷаҳони муосир;
- Тахлил ва ояндабинии сиёсӣ;
- Технологияҳои сиёсӣ;
- Технологияи иттилоотӣ;
- Тоҷикистон дар низоми нави геополитикӣ;
- Тоҷикистон–Россия: шарикии стратегӣ.
Докторантура (PhD) аз рӯи ихтисос
Дараҷаи таҳсилот дар зинаи таҳсилоти доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисос ба муҳлати таҳсил 3 сол аст. Ихтисос 6D 020200 – муносибатҳои байналхалқӣ буда, дараҷаи доктори фалсафа (PhD) аст. Шакли таҳсил рӯзона ва шартномаи таҳсил 8000 сомонӣ (барои шаҳрвандони хориҷӣ 16000 сомонӣ) мебошад.
Таълифоти асосии устодони кафедра:
Дар кафедра шумораи назарраси китобҳои дарсӣ аз фанҳои тахассусии муносибатҳои байналхалқӣ ба тариқи зайл пешниҳод шудаанд:
- Нуриддинов П. Р. Кто есть, кто в Афганистане. Второе дополненное издание. Монография. Душанбе: Матбааи ДМТ, 2021. – 220 с. 13,6 ҷ.ч.
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Геополитик.а. Учебное поссобие. Душанбе : «ЭР–граф», 2016. – 352 с. 21,5 / 10,7.
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Дипломатия. Китоби дарсӣ. Душанбе: «ЭР–граф», 2017. – 576 с. 36 / 18;
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Дипломатияи иқтисодӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе: Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2020. – 256 с. 16 / 7 ҷ.ч.
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Назарияи муносибатҳои байналхалқӣ. Нашри дуюми иловадор. Китоби дарсӣ. Душанбе: Матбааи ДМТ, 2020. – 450 с. 28,18 / 10,5 ҷ.ч;
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Назарияи муносибатҳои байналхалқӣ Китоби дарсӣ. Душанбе: «ЭР-граф», 2018. – 340 с. 20,5 / 8 ҷ.ч;
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Сиёсати ҷаҳонӣ. Китоби дарсӣ. – Душанбе : «Таъминотчӣ», 2017.– 352 с;
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Суҳбатҳои дипломатӣ. Воситаи таълимӣ. Нашри дуюми такмилёфта. Дастури таълимӣ. Душанбе : «Таъминотчӣ», 2018. – 236 с.
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Теория внешней политики государства. Учебник. – Душанбе: РСТУ, 2021. – 195 с.
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Фаъолияти иттилоотӣ таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ. Нашри дуюми такмилёфта. Китоби дарсӣ. Душанбе: «Эр-граф», 2018. – 490 с.
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе : «ЭР–граф», 2016. – 496 с. 31,5 / 15,7;
- Нуриддинов Р. Ш., Нуриддин П. Р. Хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе: «ЭР–граф», 2018. – 388 с. 19,75 / 7,5 ҷ.ч;
- Нуриддин П. Р. Асосҳои сиёсати давлатии кадрҳо. Монография. Душанбе: Матбааи ДМТ, 2021. – 220 с. 13,6 ҷ.ч; ББК: 66.01 (2тоҷик)
- Нуриддин П. Р. Политические партии и партийная система Афганистана. Монография. Душанбе: Матбааи ДМТ, 2021. – 220 с. 13,6 ҷ.ч; ББК: 66.01 (2тоҷик)
- Нуриддин П. Р. Самтҳои афзалиятнок ва роҳҳои такмили сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Монография. Душанбе: Матбааи ДМТ, 2022. – 170 с. 10,6 ҷ.ч;
- Самиев Х. Д. Гуфторҳо дар бораи равобити байналмилал. Самиев Х. Д., Муҳиддинов Т. – Душанбе: ҶДММ «Олами дониш», 2014. – 251 с. 15.6 ҷузъи чопӣ.
- Самиев Х. Д. Сотсиологияи муносибатҳои равобити байналмилал, Самиев Х. Д. Душанбе: Матбаи ДМТ, 2018. – 185 с., 11,75 ҷузъи чопӣ.
- Самиев Х. Д., Муҳиддинов Т. Муқаддимаи фанни равобити байналмилал. Китоби дарсӣ. Самиев Х. Д., Муҳиддинов Т. – Душанбе: «Истеъдод», 2011. – 176 с.
ҲАЙАТИ КАФЕДРА

И.в. мудири кафедра
E-mail: panurama@mail.ru
Тел.:
Суроға: ДМТ, шаҳраки донишҷӯён, бинои 11
НУРИДДИН Парвин Раймалихон (Нуриддинов Парвин Раймалихонович)
н.и.с., дотсент
Соли 1989 дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2007 гимназияи ҷумҳуриявии назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо аъло хатм намудааст. Соли 2012 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ба факултети идораи давлатӣ ва маҳаллӣ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намудааст ва тибқи қарори Комиссияи давлатии аттестатсионӣ соҳиби ихтисоси идораи давлатӣ ва маҳаллӣ гардидааст. Ҳамзамон Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Аз соли 2013 то соли 2014 дар вазифаи мутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2014 то соли 2018 дар вазифаи мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то соли 2019 муовини сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ буда, аз соли 2019 то соли 2021 сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ фаъолият намудааст. Ҳамзамон аз соли 2013 то соли 2017 ассистент ва аз соли 2017 то соли 2019 муаллими калон ва аз соли 2019 то соли 2021 дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (дар ҳамкорӣ) фаъолият кардааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2018 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ба ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор шудааст. Соли 2022 бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони илмии дотсент сазовор шуд. Аз моҳи декабри соли 2021 то имрӯз иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Муаллими калони кафедра
E-mail: fotima.gairatova.84@mail.ru
Тел.: (+992) 915 19 18 60
Суроға: н.Фирдавси, кучаи Н.Қарабоев, хонаи 82/2, ҳуҷраи 31
ҒАЙРАТОВА Фотима Асламшоевна
н.и.т., муаллими калон
19 апрели соли 1982 дар ш.Кулоб таввалуд шудааст. Соли 1989 ба синфи якуми мактаби миёнаи № 76 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рафта, мактаби мазкурро соли 1999 хатм намудааст. Соли 1999 ба факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (пешина Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2005 онро хатм намудааст.
Дар баробари тахсил аз соли 2001 то мохи марти соли 2009 дар кафедраи таърихи нав ва навини кишвархои хоричии ДДМТ ба хайси лабаранти калон кор мекардан. Аз соли 2009 то 31 декабри соли 2009 дар маркази илми тахкикотии точикон ва форсизабонони чахони ДМТ ба хайси ходими хурди илми ба кор гузаштан. Аз 24 апрели соли 2009 то 01 сентябри соли 2009 оператори синфхонаи компютерии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор кард. 01 сентябри соли 2012 то 02 феврали соли 2015 котиби илмии институти илми-таҳқиқотии ДМТ кор карда 02 феврали соли 2015 ба вазифаи лаборанти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ба кор гузаштан. 01 сентябри соли 2015-2018 ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ва январи соли 2019 ба ҳайси муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқи ДМТ фаъолият дорад.
Аз моҳи августи соли 2017 то мохи январи соли 2021 дар вазифаи муовини декан оид ба тарбия дар факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор мекарданд.
Солҳои 2016-2019 – унвонҷӯи кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи милии Тоҷикистон.
Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзӯи “Ифротгароии ҷавонон дар Осиёи Марказӣ: моҳият ва мушкилоти муқовимат бо он” аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст. Муаллифи 18 мақолаҳои илмӣ, 3 барномаи таълимӣ мебошад.

Муаллими калони кафедра
E-mail: khayriddinjon@mail.ru
Тел.: (+992) 98 556 2530
Суроға: н.Шоҳмансур, маҳалаи 1 Май 178/2 х.3
ПАЙВАНДОВ Хайриддин Боймуродович
н.и.т., муаллими калон
Соли таваллуд 1989, маълумот олӣ. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 2013 бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ ва шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2019 хатм намудааст.
Омӯзгори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ (аз солҳои 2014-2019), муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз соли 2019). Раиси Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз соли 2017 то ҳол).
Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзӯи «Ҳaмкopиҳoи Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoн бo кишвapҳoи Ocиёи Ҷaнубу Шapқӣ (дap миcoли Мaлaйзия, Индoнезия вa Cингaпуp) дар даврони истиқлолият» аз рӯи ихтисоси 07.00.15. – Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст.
Муаллифи 2 китоби дарсӣ, беш аз 20 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 1 барномаи таълимӣ ва 1 монография буда, пажӯҳишгари масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, минтақашиносӣ, дипломатия ва сиёсати хориҷӣ мебошад.

Муаллими калони кафедра
E-mail: diplomat.tj94@mail.ru
Тел.: (+992) 933 60 94 94
Суроға: н. Исмоили Сомонӣ, маҳ. Заҳматобод хонаи 18.
SPIN-код автора: 3577-8625
МИРЗОЕВ Ҳабибҷон Табрикҷонович
н.и.т., муаллими калон
26-феврали соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.Соли 2001 ба синфи якуми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №4 н. Айнӣ рафта, мактаби мазкурро соли 2012 хатм намуд. Соли 2017 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло ва ихтисосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, тарҷумон, референт хатм намуд. Тайи солҳои 2018-2021 унвонҷӯи Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи “Робитаҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар даврони истиқлолият (1991-2020)” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ мебарад.
Аз соли 2016 то 2018 ходими хурди шуъбаи илмҳои гуманитарии Институти илмию-таҳқиқотии ДМТ. Соли 2018 то 2022 раиси Шӯрои сарпарастони факултети муносибатҳои байналхалқӣ. Аз соли 2018 то ин ҷониб омӯзгори муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Соли 2019 мушовири академии ихтисоси фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар МБ, аз 1-уми сентябри соли 2022 то ҳол дар вазифаи мушовири академии дараҷаи аввали факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият дорад.
Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзӯи “Робитаҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар даврони истиқлолият (1991-2020)” аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст. Муаллифи 90 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 1 барномаи таълимӣ ва 1 монография мебошад.

Муаллими калони кафедра
E-mail: basir@mail.ru
Тел.: (+992) 907-58-78-88
Суроға: ш. Ваҳдат, кучаи Салимзода 30, кв.36
БАСИРОВ Бахтиёр Саторович
муаллими калон
18-уми январи соли 1984 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2001 баъди хатми мактаб-литсей № 4 ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006, Донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.
Солҳои 2010 то 2012 ходими илмии “Маркази тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонӣ”-и Институти илмӣ-тадқиқотии (ИИТ) ДМТ дар назди факултети таърих шуда кор карда, аз соли 2013 то соли 2014 ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, солҳои 2014–2018 ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ аз соли 2019 то инҷониб муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ буда аз фаннҳои тахассусӣ барои донишҷӯёни ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ, фаъолияти иттилооти-таҳлилӣ дар МБ, минтақашиносии хориҷӣ, сиёсати беруна ва дипломатияи факултети Муносибатҳои байналхалхалқӣ дарс мегуяд. Ҳамзамон тӯли фаъолияти хеш вазифаҳои гуногун, аз ҷумла роҳбари маҳфили “Дипломатони ҷавон” (солҳои 2015-2017), муовини декан оид ба тарбия (солҳои 2013–2014), котиби Шурои олимони факултети муносибатҳои байналхалқӣ (солҳои 2013-2018) аз 2019 то соли 2022 дар вазифаи муовини декан оид ба илм ва равобити байналмилалӣ факултети муносибатҳои байналхалқӣ кору фаъолият намудааст.
Дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бошад имрӯз дар кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ дар доираи мавзӯи таҳқиқшавандаи хеш «Самтҳои улувиятноки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар асри XXI» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истода, то имрӯз аз тарафи банда вобаста ба фаннҳои тахассуси зиёда аз 20 мақалоҳои илмию-омавӣ ва барномаҳои таълимӣ рӯй чоп оварда шудааст.

Ассистенти кафедра
E-mail: azmina_1997@mail.ru
Тел.: (+992) 93-113-04-40
Суроға: ДМТ, шаҳраки донишҷӯён, бинои 11.
СУЛАЙМОНОВА Азмина Муминҷоновна
ассистент
24 ноябри соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2014 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2019 факултети муносибатҳои байналхалқиро бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ, тарҷумон-референт хатм кардааст. Аз моҳи августи соли 2020 ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон аз соли 2021 унвонҷӯйи кафедраи мазкур мебошад.

Ассистенти кафедра
E-mail: nazokat.ismatova@bk.ru
Тел.: (+992) 900108975
Суроға: н. Сино, маҳалаи Н Махсум 71/2, ҳуҷраи 29
SPIN-код: 4198-3152
Исматова Назрби Шириншоевна
ассистент
15- октябри 1975 дар ноҳияи Мӯъминобод Вилояти Хатлон таввалуд шудааст. Солҳои 1982-1992 мактаби миёнаи №12 ноҳияи Мӯъминобод таҳсил намудааст. Соли 2010 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро соли 2013 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм намудааст.. Соли 2014-2017 аспиранти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Соли 2007-2011 методисти садорати факултети фалсафа, Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон. Соли 2012-нозири калони шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон. Соли 2012-2014 танзимгари садорати факултети муносибатҳои байналхалқӣ, Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон. Соли 2014-2015 ассисенти кафедраи туризм, Донишгоҳи байналмиллалӣ туризм ва соҳибкорӣ. Соли 2017-2018 ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Соли 2018-2022 муаллимаи калони кафедраи фалсафаи фарҳанг, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С Айнӣ. Аз сентябри 2022 ассисенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар мавзӯи «Ташаккул ва таҳаввули муносибатҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ дар замони соҳибистиқлолӣ», тадқиқоти илмӣ бурда истодааст. Муаллифи 10 мақолаи илмӣ, 9 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 3-барномаи фаннӣ мебошад.