Марҳилаи нави омӯзиши масъалаҳои сарҳадӣ

1348

Бо хушнудӣ хабар медиҳем, ки лоиҳаи бузурги таҳқиқотӣ таҳти унвони «Масъалаҳои сарҳадӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маркази таҳлилию коршиносии ДМТ) ва дастгирии Институти тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ба кори худ оғоз кард.

Ҳадафи лоиҳа: Ҳадафи асосии лоиҳа таҳлили ҳамаҷонибаи мушкилоти сарҳадӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз нуқтаи назари манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад. Дар ҷараёни кор омӯзиши таҳаввулоти таърихии марзҳо, таҳлили ҷанбаҳои кунунии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва башардӯстонаи ташаккули сарҳадоти давлатӣ, инчунин омӯзиши омилҳои сарҳадӣ ва низоъӣ дар ин минтақа ба нақша гирифта шудааст.

Давомнокии лоиҳа: Таҳқиқот барои панҷ сол – аз январи соли 2024 то декабри 2028 пешбинӣ шудааст.

Лоихаро номзади илмҳои таърих, доцент Ф.Н. Салимов, ки якҷоя бо гуруҳи мутахассисони шинохта  (ба хайати он Рахматуллозода Эркинхон, доктори илмхои сиёсй, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Чумхурии Точикистон; Сатторзода Абдунабӣ, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  Олимов Музаффар Абдуваққосович, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ; Ҷаъфаров Сайҳомид Хайриддинович, номзади илмҳои таърих, дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ; Самиева Х.Д., номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ; Мамадазимов Абдуғанӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, достенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ; Анвари Сафари, номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ дохил мешаванд) як қатор тадқиқотҳоеро, ки ба беҳтар намудани дарк ва ҳалли проблемаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ дар заминаи муносибатҳои байналмилалӣ нигаронида шудаанд, мегузаронад.

Тадқиқоти илмӣ ваъда медиҳад, ки дар рушди пажӯҳишҳои геополитикӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар минтақа саҳми арзанда гузошта, ба ин васила ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Мо ҳамкорон ва ҷонибҳои манфиатдорро даъват менамоем, ки рафти лоиҳа ва натиҷаҳои онро, ки мунтазам дар сайти мо ва нашрияҳои илмӣ нашр мешаванд, пайгирӣ намоянд.

Роҳбари Лоиҳа

мудири кафедраи дипломатия

ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

н.и.т., дотсент Салимов Ф.Н.