Кафедраи минтақашиносии хориҷӣ

Таърихи кафедра. Вобаста ба зарурати таҳқиқот ва омӯзиши равандҳо, тамоюлҳо ва ҷанбаҳои минтақавии муносибатҳои байналхалқӣ, махсусан, раванди минтақагароӣ ҳамчун зерраванди ҷаҳонишавӣ кафедраи минтақашиносии хориҷӣ дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ  дар асоси фармоиши Ректори Донишгоҳ аз 31. 05. 2013 таҳти рақами №154-09 таъсис ёфтааст.

Аввалин мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ н.и.т, дотсент Шарипов А.Н  дар давраи солҳои 2013-2017 ба ҳисоб меравад. Аз соли 2017 то инҷониб мудирии кафедраро н.и.т, дотсент Розиқов Ф.М ба ӯҳда дорад.

Кафедра дорои 9 аъзои доимии штатӣ ва 1 нафар  устоди  ҳамкори берунӣ буда, вобаста ба самти фаъолияти илмии худ кор ва фаъолият менамоянд. Дар кафедра 2 нафар профессорон -Олимов М., ва Маҳмадшоев Р., 2 дотсент:н.и.с.Мамадазимов А., н.и.т. Розиқов Ф., 2 муаллими калон н.и.ф. Баротзода Ф., Пайвандов Х.Б. ва 3 ассистент: Шарипов С., Яхёева М. ва Мамадазимов А. фаъолияти таълимӣ ва илмӣ менамоянд.

Дар назди кафедраи минтақашиносии хориҷӣ маҳфили илмии «Минтақашинос» амал мекунад, ки роҳбари он муаллими кафедра, ассистент Шарипов С. ба шумор меравад. Айни замон маҳфили номбурда дорои 30 нафар аъзоёни доимӣ буда, дар як моҳ 1 маротиба рўзҳои шанбе гузаронида мешавад. Инчунин дар кафедра Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва муқоисавии назди Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро профессор Олимов М, ба уҳда дорад. Дар доираи онҳо донишҷўён масъалаҳои мубрам, замонавӣ ва проблемавии минтақа ва ҷаҳонро аз рўи нақшаи маҳфил мавриди баррасӣ, пажуиш ва таҳлил қарор медиҳанд.

Самт ва мавзӯи илмии кафедраи минтақашиносии хориҷӣ “Осиёи Марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналхалқӣ мебошад, ки устодон марҳила ба марҳила ба пажуҳиши қисматҳои муҳими он мепардозанд.

Минтақашиносӣ – фанни мустақили доншигоҳист, ки ба омузиши омилҳои дохиливу берунии инкишофи умумиятҳои ҷуғрофӣ (геополитикӣ, географӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, мазҳабиву динӣ ва ғайра), гуруҳҳои минтақавӣ, кишварҳо ва минтақаҳои онҳо ҳамчун субъектҳои равобити байналмилал машғул аст.

Курси таълимии базавии минтақашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси тахассуси донишгоҳии 23010006 – минтақашиносии хориҷиро ташкил медиҳад, ки дар асоси он  минтақашиносон – мутахасисони соҳаи идораи давлатӣ ва сиёсати минтақавӣ тайёр карда мешаванд.

Дар заминаи ин кафедра мутахассисони роҳбалад – тарҷумонро омода менамояд. Дар баробари ин муҳлати таҳсил дар ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ – 23 010006 чор сол буда, дараҷаи, бакалавр барои хатмкунандагон пешбинӣ шудааст.

Фаъолияти касбии минтақашинос ба омузиши комплексии минтақаи омузиш равона шудааст. Аз мутахассиси минтақашинос маҳорати таҳияи тавсияҳои амалии аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шуда барои мақомотҳое, ки дар пешбурди сиёсати минтақавӣ ва хориҷӣ иштирок мекунанд, аз ҷумла барои ташкили табодули илмиву маърифатӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ, барои инкишофи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ талаб карда мешавад.

Дастовардҳои кафедраи минтақашиносии хориҷӣ  дар самти омодасозии китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ, гузаронидани конфронсҳо, мизи гирд ва симпозиюмҳои сатҳи байналхалқӣ хеле фаъол ва назаррас мебошад. Дастовардҳо:

  1. Масъалаҳои мубрами Шарқи муосир.-Душанбе: “Пойтахт” 2016.180 с.
  2. Моделҳои муваффақи кишварҳои Шарқ., Душанбе, 2018. 156.
  3. Ҷанбаҳои минтақавии муносибатҳои байналмилалӣ.,Душанбе-2019. 400 с.
  4. Великий шелковый путь. История, становления, асцвета и распада. (Роҳи бузурги абрешим. Таърихи пайдоиш, ташаккул ва фурупошӣ.) Душанбе, “Сино”, 2014. 384 с.
  5. История таджикско-казахстанских взаимоотношений в условиях независимости.(Таърихи ҳамкориҳои тоҷикӣ-қазоқистонӣ дар шароити истиқлолият) Душанбе, “Эр-граф”,2012.-192 с.

Бояд қайд намуд, ки саҳми кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи равобити байналхалқӣ назаррас буда, дар фаъолияти он мутахассисони ҷавони факултет Басиров Б., Ҷаъфаров С.Х, Файзуллоев К омода гардидаанд. Дар кафедра 3-  доктор PhD, 10- то аспирант ва 3-унвонҷӯ аз рӯи мавзуъҳои кори илмиашон фаъолият менамоянд. Аз онҳо ду нафарашон Файзов Н ва Меҳроҷиддини Н дар назди Комиссияи олии атестатсионии назди президенти ҶТ ва як нафар Мамадвзимов А.А дар назди КОА Федератсияи Россия рисолаи номзадии худро дифоъ намудан. Ба ғайр аз ин дар назди кафедра Лоиҳаи ТАСИС бо дастгирии Эразмус + амалӣ мегардад, ки ҳадафи он дастгирии такомули минбаъдаи равандҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ буда, татбиқи якчанд тадбирҳоро оид ба ташаккули стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ дар бар мегирад.(маълумоти бештар)