Таърихи кафедра
Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 06. 02. 2017 дар назди факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Мудири кафедра н.и.т., дотсент Салимов Фаррух Насимович мебошад.
Дар кафедра профессорон Ҷ.Л. Латифов ва П.А. Муҳаммадзода, дотсентон А.Н. Шарипов ва Ҷаъфаров, н.и.с. Ш. Ризоён, н.и.т. Анвари Сафарӣ, ассистентон Фарзонаи Шамсиддин, Фатона Ғафорзода ва лаборант Рабизода Нурбибӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва методӣ машғул мебошанд.
Ба фаъолияти таълимӣ ва илмиву амалии кафедра, шахсиятҳои шинохтаи сиёсиву ҷамъиятӣ, олимони маъруф, кормандони муассисаҳои давлатӣ, коршиносону мутахассисон ҷалб гардидаанд. Аз он ҷумла ҳамкорони дохилии кафедра дар ин солҳо декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ дотсент Самиев Х.Д., мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИ, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ (рутбаи Фиристодаи фавқулода ва мухтор), д.и.ф., профессор Сатторзода А., собиқ муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ (рутбаи Сафири фавқулода ва мухтор) н.и.ф., дотсент Мирзоев Ғуломҷон, Сардори раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Изатулло Нуруллозода, сардори раёсати ҳуқуқи Сарраёсати робитаҳои байналхалқии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ Зайдуло Тағозода, муовини сардори раёсати Осиё ва Африқои ВКХ Абдураҳмонов Маъруф ва дигарон мебошанд.
Фаъолияти кафедра ба омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи дарк ва таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи асолат ва арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикону тоҷикистониён ба хотири муаррифии арзандаи он дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудааст.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедра аз як мавзӯъ ва 9 фаслҳои зерин иборат аст:
– 1. Самтҳо ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаринаи равобити минтақавӣ:
– Масъалаҳои суботи Осиёи Марказӣ дар равобити байналмилалии акторони дохилӣ ва хориҷӣ дар шароити муосир;
– Равобити Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавори Шарқи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ дар оғози асри XXI;
– Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сиёсати хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ;
– Масоили сиёсати хориҷӣ ва амният дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун стретегияи рушди Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо;
– Таҳқиқи мақоми Осиёи Марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ;
– Вижагии татбиқи “неруи нарм” дар Осиёи Марказӣ;
– Самтҳо ва пешомадҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар даврони истиқлолият;
– Муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаи равандҳои муосири геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ (2001-2020);
– Масъалаҳои сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ
Устодони кафедра дар таълим ва тарбияи мутахассисони ихтисоси 23010100 – «муносибатҳои байналхалқӣ», 23010102 – «фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ», 23010006 – «минтақашиносии хориҷӣ» дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура (PhD) фаъолона иштирок менамоянд.
Кафедра имрӯз аз рӯи тахассуси “23010101- сиёсати берунӣ ва дипломатия” (зинаи бакалавриат) ва “23010101-дипломатия ва сиёсати беруна” (зинаи магистратура) мутахассисонро таълиму тарбия намуда истодааст.
Вобаста ба касби худ донишҷӯён дар сатҳи бакалавриат, магистратура ва докторантура (PhD) донишҳои тахассусӣ ва ёрирасонро аз бар менамояд, ки ба хатмкунандагони ин ихтисос имкони иҷрои вазифаҳои реферант, мушовир дар ин соҳа, тарҷумон (тарҷумон-реферант) бо забони (забонҳои) минтақаи омӯзиш (гурӯҳи кишварҳо ва ё кишвари алоҳида)–ро ҳангоми кор дар мақомотҳои давлатӣ, сиёсати хориҷӣ, намояндагии дипломатӣ ва да назди созмонҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад.
Бакалаврият дар самти сиёсати берунӣ ва дипломатия
Фанҳои умумитаълимӣ
– Забони тоҷикӣ;
– Забони русӣ;
– Таърихи халқи тоҷик;
– Фалсафа;
– Мантиқ;
– Сотсиология;
– Диншиносӣ;
– Сиёсатшиносӣ;
– Назарияи иқтисодӣ;
– Назарияи давлат ва ҳуқуқ;
– Ҳуқуқи байналхалқӣ;
– Мудофиаи гражданӣ;
– Экология.
Фанҳои ихтисосӣ
- Муқаддимаи дипломатия;
- Таърих ва назарияи дипломатия;
- Таърихи дипломатияи тоҷик;
- Таҷрибаи сулҳи тоҷикон;
- Дипломатияи фарҳангӣ;
- Дипломатияи иқтисодӣ;
- Дипломатияи ҳарбӣ;
- Хадамоти дипломатӣ ва консулӣ;
- Хадамоти давлатӣ ва дипломатӣ;
- Хадамоти дипломатии кишварҳои хориҷӣ;
- Афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ.
Магистратура дар самти дипломатия ва сиёсати беруна
Фанҳои таълимӣ
- Таърихи дипломатияи Шарқ;
- Хадамоти дипломатӣ ва консулӣ;
- Манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷӣ;
- Таҷрибаи сулҳи Тоҷикон;
- Фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар сиёсати хориҷӣ;
- Афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Докторантура (PhD) аз рӯи ихтисос
Дараҷаи таҳсилот дар зинаи таҳсилоти доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисос ба муҳлати таҳсил 3 сол аст. Ихтисос 6D 020200 – муносибатҳои байналхалқӣ буда, дараҷаи доктори фалсафа (PhD) аст. Шакли таҳсил рӯзона ва шартномаи таҳсил 8000 сомонӣ (барои шаҳрвандони хориҷӣ 16000 сомонӣ) мебошад.
Устодони кафедра ба таври фаъол дар омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии таҳқиқотҳои олимони ҷавон, махсусан рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ки барои дифоъ ба шӯроҳои дифои Ихтисоси 07.00.15- таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) КОА Федератсияи Россия ва 07.00.15- таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) КОА Ҷумҳӯрии Тоҷикистон саҳми худро мегузаронанд. Аз он ҷумла дар солҳои 2018-2019 устодони кафедра ба беш аз 16 рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тақриз навиштанд.
Устодони кафедра ба таври васеъ ба кори КОА Вазорати маориф ва илми ҶТ ба сифати Раиси КОА ё аъзоёни он дар мактабҳои олии кишвар ҷалб мегарданд. Аз он ҷумла, Шарипов А.Н. ба сифати Раиси имтиҳонҳои давлатии ДДК Кулоб ба номи Рудакӣ, дар ихтисосҳои факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, магистрҳои ихтисоси сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо дар назди АИ ҶТ, Салимов Ф.Н. аъзои комиссияи аттестатсионии хатми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ ва минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, аъзои комиссияи аттестатсионии давлатии гуруҳҳои рӯзона ва ғоибонаи факултети идора ва технологияҳои иттилоотӣ аз рӯи тахассуси 080200.62 «менеджмент»-и Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия ва ғайра.
Устодони кафедра берун аз донишгоҳ дар фаъолияти варзишӣ, эҳсонкорӣ, дастгирии наврасону варзишгарон низ фаъол мебошанд. Барои ин фаъолият ба устодони кафедра диплому грамотаҳо аз ҷониби муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ тақдим гаштаанд (Салимов Ф.Н. Сипоснома аз ҶДММ «Империяи Дониш» барои дастгирии баргузории олимпиадаи байналхалқии «GeniusKid Asia -2018», сипосномаи Раиси Федератсияи ғайрикасбии якзарбаҳои шарқии «UNIFIGHT», Ифтихорнома «Барои фаъолияти пурмаҳсулу самаранок дар тарбияи мутахассисони ҷавон ва иштироки фаъолона дар Фестивали Ҷумҳуриявии эҷодии меъморон, дизайнерон ва рассомони ҷавон ба муносибати Соли ҷавонон ва 55 солагии омӯзиши касби меъморӣ дар Тоҷикистон», Ҷаъфаров С.Х. Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шаҳиди М. Ифтихорномаи ЮНЕСКО, ВКХ ҶТ, Душанбе.
Марказу маҳфилҳои илмии кафедра
Аз соли 2019 дар назди кафедра Маркази коршиносӣ ва таҳлилии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки доираи васеи корҳо ва тадқиқотҳоро оид ба ҷанбаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, амният ва ғайра анҷом медиҳад.
Дар назди кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯёни “Клуби дипломатҳои ҷавон” амал мекунад. Роҳбари Клуб н.и.т. Анвари Сафари мебошад. Ҳамаи хоҳишмандоне, ки ба масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия ва сиёсати хориҷӣ таваҷҷӯҳ доранд ё мехоҳанд аз рӯи ихтисоси интихобкарда дониши иловагӣ гирад, метавонад узви Клуб шавад. Аъзоёни асосии Клуб донишҷӯёни ихтисосҳои “сиёсати хориҷӣ ва дипломатия”, “муносибатҳои байналмилалӣ”, “минтақашиносии хориҷӣ” ва “фаъолияти иттилоотӣ ва таҳлилӣ” мебошанд.
Такмили ихтисос ва курсҳои омӯзишӣ
Боло бурдани савияи дониш, малакаи касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони кафедра яке вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Устодони кафедра, новобаста аз синну сол, таҷрибаи корӣ ба барномаҳои гуногуни такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд, ки дар шакли инфиродӣ (Масалан, Салимов Ф.Н. Курси «Практический курс для бухгалтеров», Тренинг «Финансы для нефинансистов: продвинутый курс», “Самоменеджмент и саморегуляция для руководителя». (ш.Красногорск, Федератсияи Россия) ва чи дастаҷамъона (Салимов Ф.Н., Шарипов А.Н., А. Сафари. Курси пурраи таҳсил дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ аз рӯи ихтисоси «муносибатҳои байналхалқӣ ва дипломатия» аз 17.12.2018 то 22.01.2019) ба роҳ монда шудааст.
Бо мувофиқа бо Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ба роҳ мондани лексияҳо, таҳлилҳои вазъият дар шаҳру навоҳии Ҷумҳурӣ (Ризоён Ш.Ш. Лексия дар мавзуи “Дарки манфиатҳои миллӣ аз дидгоҳи равандҳо ва падидаҳои замони муосир” дар доираи “Нақшаи амалҳо оид ба ташкили вохуриву мулоқотҳо ва гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ бо ҳайати шахсии СИҶҶ Вазорати адлияи ҶТ дар нимсолаи аввали соли 2019, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, огоҳонӣ аз хатарҳои экстремизм ва терроризм ва омузиши роҳу усулҳои таъсиррасонии тарбиявӣ; Лексия дар мавзуи “Масъалаҳои актуалии пешгирии ифротгароӣ дар Тоҷикистон” барои ҳайати шахсии дастгоҳи марказии СИҶҶ Вазорати адлияи ҶТ; Лекция на тему: «Экспертная аналитика для принятия решений» // Школа аналитики cabar.asia -Программа молодых аналитиков 2.0. (г.Алматы, 15-21 апреля 2019); Лексия дар мавзуи “Таҳлилнависӣ дар Тоҷикистон” дар Семинари илмии Мафҳили “Эҷод”-и Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ ва факултаи муносибатҳои байналмилалии ДМТ, 20.04.2019; ва ғайраҳо.
Ҳамкориҳои байналмилалии кафедра
Кафедра дар лоиҳаҳои илмӣ ва тадқиқотии хусусияти ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ фаъолона ширкат меварзад. Имрӯз, кафедра лоиҳаи байналмилалии GCRF COMPASS (Такмили фарогирии тавонмандӣ дар ҳамсоягии Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ: ҳамгироии таҳқиқотӣ, идоракунии таъсир ва ҷамоаҳои устувор) -ро амалӣ менамояд, ки олимони донишгоҳҳои Кент ва Кембриҷ (Бритониё), Донишгоҳи давлатии Беларус, Академияи дипломатии Озарбойҷон, Донишгоҳи Иқтисоди Ҷаҳонӣ ва Дипломатия (Узбекистон)-ро муттаҳид мекунад.
Дар таъмини самти амалии раванди таълим ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, кафедра бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, марказҳои коршиносӣ-таҳлилӣ ва илмӣ, намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ, ширкатҳои хусусии ватанӣ ва хориҷӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Кафедра масъули татбиқ ва амалисозии аҳдофи Лоиҳаи байналмиллалии GCRF COMPASS – Бунёди иқтидори мукаммали ҷомеа дар ҳамсоягии Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ: ҳамгироии пажуҳишҳо, идораи таъсир ва ҷомеаҳои пойдор (Comprehensive Capacity-Building in the Eastern Neighbourhood and Central Asia: research integration, impact governance & sustainable communities) буда дар доираи фаъолияти хеш ҳамкориҳои судмандро бо Донишгоҳҳои Кент ва Кембриджи Британияи Кабир, Донишгоҳи давлатии Белорус, Академияи дипломатии Озарбойҷон, Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияи Тошкент ба роҳ мондааст. Дар доираи фаъолияти Лоиҳа, конфренсияи байналмиллалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ва дипломатияи фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва Авруосиё” (сентябри соли 2019) бо даъват намудани меҳмонони олирутба (сафирону намояндагони кишварҳову созмонҳои байналмиллалӣ), олимони соҳа аз кишварҳои дуру наздик баргузор гардид. Ҳамчунин тавассути ин Лоиҳа устодону олимони ҷавони факултет ва кафедра дар чорабиниҳои илмиву маъракаҳои таҳсилотӣ дар ш.Минск, ш.Боку, ш.Тошкент, ш.Самарқанд ва ғайраҳо ширкат намуданд.
Устодони кафедра дар омода намудани маводҳои таҳлилӣ доир ба масоили мубрами сиёсати дохиливу хориҷӣ, вазъи минтақавиву глобалӣ барои Вазорату идораҳои давлатӣ ва донишгоҳ фаъолона сафарбар мегарданд. Дар ин ҷода устодони кафедра Латифов Ҷ.Л. ва Ш.Ризоён ниҳоят фаъоланд (Латифов Ҷ.Л. Омилҳое, ки ба зарурияти рушди робитаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон далолат менамоянд; Оид ба қалбакисозии тафсири акти террористӣ нисбати сайёҳони хориҷӣ дар Данғара аз ҷониби баъзе воқеанигорони рус; Оид ба тарҳрезии стратегияи нави Шарқии Иттиҳоди Аврупо барои лоиҳаи COMPASS ва ғайраҳо).
Таълифоти асосии устодони кафедра:
- Абдунаби Сатторзода. Актуальные проблемы внешней политики
Таджикистана (Многовекторность в действии)
- Латифов Ҷ.Л. Государства Центральной Азии и Южного Кавказа в геополитических интересах Исламской Республики Иран. (Монография). Душанбе, Издание РТСУ. 2018. -169 с.
- Махмадов П.А. Информационная безопасность в системе национальной безопасности государств Центральной Азии. – Душанбе: Дониш, 2018.,- 5,5 п.л. (Учеб. Пособие для студентов).
- Махмадов П.А. Информационная безопасность в системе политической коммуникации: состояние и приоритеты обеспечения. (на материалах государств Центральной Азии) – Душанбе: Дониш , 2017. – 14,4 п. л. (Монография)
- Махмадов П.А., Шарипов А. Хадамоти дипломатии кишварҳои хориҷӣ, китоби дарсӣ. Душанбе, 2018, 414 с.
- Мухаммадзода П.А. Таджикистан и Китай: от исторической дружбы к стратегическому партнерству. – Душанбе: ЭР-Граф, 2019, – 392 с. (на русском и китайском яз.)
- Ризоён Ш. Монография «Национальные интересы во внешней политике Республики Таджикистан».
- Салимов Ф.Н. Культурная дипломатия. Учебник. / Ф.Н. Салимов. – Душанбе: Истеъдод, 2019, 168 с.
- Салимов Ф.Н. Основы военной дипломатии. Учебник. / Х.Д.Самиев, Ф.Н.Салимов. – Душанбе: Истеъдод, 2019. 248 с.
- Шарипов А. Хадамоти дипломатии кишварҳои хориҷӣ, китоби дарсӣ. (дар ҳаммуаллифӣ) Душанбе, 2018, 414 с.
- Шарипов А.Н. Моделҳои муваффақи Шарқ. Воситаи таълим, Душанбе: Сармад- Компания, 2017. 156 с.
Инчунин аз ҷониби устодони кафедра Латифов Ҷ.Л., Салимов Ф.Н., Шарифов А.Н., Ҷаъфаров С., Анвари Сафарӣ, Муҳаммадзода П.А., Шерали Ризоён, Фарзонаи Шамсиддин Ғафорзода Ф.Ҷ. шумораи назарраси мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА ФР ва ҶТ нашр гаштанд.
Ҳайати кафедра
Мудири кафедра
E-mail: farrukh.n.salimov@gmail.com
director@tahlil.tj
Тел.: (+992) 918 614886
Суроға: ДМТ, шаҳраки донишҷӯён, бинои №11
САЛИМОВ Фаррух Насимович
н.и.т., дотсент
12 феврали соли 1981 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёи таваллуд шудааст. Соли 1997 ба факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ дохил шуда онро соли 2002 бо дипломи аъло хатм намуда ба вазифаи ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ба кор қабул шуд.
Аз соли 2002 то соли 2012 дар факултети таърихи ДМТ дар вазифаҳои гуногун, Раиси Шӯрои олимони ҷавон ва котиби Шӯрои олимон (2004-2009), муовини декан оид ба илм (2009-2012) фаъолият намуд. Пас аз кушода шудани факултети муносибатҳои байналхалқӣ ба вазифаи муовини декани факултет оид ба илм ва муносибатҳои байналхалқӣ таъин гашт (2012-2017). Моҳи апрели соли 2018 ба вазифаи мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Хатмкардаи барномаи «Омӯзиши сулҳ ва ҳалли нозоъ»-и Созмони Миллали Муттаҳид (2003, Донишгоҳи Аврупои Марказӣ), хатмкардаи соли 2015 факултети иқтисодии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия (ихтисоси «менеджмент»).
Пас аз хатми Донишгоҳ ба сифати ҳамкор дар вазифаҳои мухталиф, аз он ҷумла ассистенти лоиҳаҳои таълимии Академияи рушд тавассути маориф (AID/USAID), муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ, Директори генералии ширкати байналмиллии КНАУФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудаааст. Директори маркази коршиносиву таҳлилии ДМТ ва ҳамчунин, аз соли 2019 муассис ва директори ташкилоти ҷамъиятии “Таҳлил” мебошад.
Соли 2017 дар шӯрои диссертатсионии Д 737.004.12 – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 07.00.15 «Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ» (протоколи № 4 аз 1 июли соли 2017) ҳимоя намудам. Мутобиқи карори Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия (Протоколи №4 аз 8.12.2017, №1206/нк) соҳиби унвони илмии номзади илмҳои таърих гардид.
Аз соли 2006 аъзои шабакаи байналмиллалии Форуми илмӣ-таълимии муносибатҳои байналхалқӣ (Москва, ФР), аз соли 2012 эксперти тадқиқотҳои миллии Институти карорҳои сиёсӣ (Институт политических решений) ва Маркази АвруОсиёгии тадқиқотҳои сиёсӣ (Казоқистон), аз 26 декабри соли 2017 аъзои Анҷумани АвруОсиёгии тадқиқотҳои байналхалқӣ (Қазоқистон), аз соли 2019 узви Гуруҳи машваратии минтақавӣ оид ба муқовимат бо ифротгароии хушунатомез мебошам.
Муаллифи зиёда аз 85 корҳои илмӣ, илмиву методӣ ва публитсистӣ, аз ҷумла 3 китоби дарсӣ, 5 дастури методӣ, 25 тавсия ва барномаҳои таълимию методӣ ва 55 мақолаи илмиву публитсистӣ.
Соҳиби ифтихорнома ва сипосномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.Осимӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Ҳукумати шаҳри Душанбе ва ғайраҳо мебошад.
Дорандаи диплому сертификатҳои гуногун, аз қабили «Дониши молиявӣ барои ғайримутахассисон» (ш.Москва), «Саҳми шахсӣ ҳамчун омили муайянкунандаи натиҷа» (ш.Москва), «Идоранамоии асосёфта ба ченакҳо: қабули қарор, банақшагирӣ ва назорат» («99 по Форенгейту», ш.Москва, ФР), «Курси муҳосибот» (ш.Душанбе) ва дипломҳои хатми курси «Таҳлили низоъ ва омӯзиши сулҳ» (UPEACE UN, Маҷористон), ғолиби дукаратаи Форуми илмӣ-таълимии муносибатҳои байналхалқӣ (ш.Москва, ФР), озмуни «Соҳибкори беҳтарин – 2011», озмуни «50 нафари хушсалиқа»-и ш.Душанбе, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (31.10.2018), узви Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019) Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019) мебошад.
Ба Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Гурҷистон, Украина, Туркия, Олмон, Австрия, Маҷористон, Сербия, Косово, Латвия бо сафарҳои илмӣ ва хизматӣ сафар намудаст.
Профессори кафедра
E-mail: dip-parviz@mail.ru
Тел.: (+992) 985 100005
Суроға: ДМТ, шаҳраки донишҷӯён, бинои №11
МУҲАММАДЗОДА Парвиз Абдураҳмон
д.и.с., профессор
26 сентябри соли 1987 дар ш. Кулоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Солҳои 2005-2010 донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон буда, дар давоми солҳои 2010-2012 дар Донишгоҳи омӯзгории Синзян ва Донишгоҳи забонҳои Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин таҳсил намудааст.
Соли 2012 ба сифати ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромада, то соли 2017 ба сифати дотсенти кафедраи мазкур фаъолият намудааст. Солҳои 2017-2020 дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафта, аз моҳи феврали соли 2020 ба сифати профессори кафедраи мазкур фаъолият дорад. Инчунин дар мансабҳои дигари давлатӣ низ фаъолият мекунад.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиотии хешро дар мавзӯи “Масоили сиёсати хориҷӣ ва амният дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун стретегияи рушди Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” пешбурда истодааст. Забонҳоичинӣ, англисӣ, туркӣ ва русиро медонад. Муаллифи беш аз 70 таълифоти илмӣ ва таҳқиқотӣ мебошад.
Дотсенти кафедра
E-mail: amrsharif@mail.ru
Тел.: (+992) 988-50-10-11
Суроға: кӯч. Шамси 20, ҳуҷраи 9
ШАРИПОВ Амриддин Нуридинович
н.и.т., дотсент
28 майи соли 1978 дар ноҳияи Ҳисори ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1985 ба синфи 1-уми мактаби миёнаи № 6-и ноҳия рафтааст. Солҳои 1999-2004 дар ДДМТ, факултети таърих, шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ таҳсил кардааст. Солҳои 2004-2007 Аспиранти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2006 инҷониб омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Солҳои 2011-2012 муовини декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ оид ба бахши таълим буд. Соли 2012 ба вазифаи муовини декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ оид ба корҳои таълимӣ гузаронида шуд.
Соли 2011 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Қазоқистон (1991-2006)», аз рӯйи ихтисоси таърихи ватанӣ – 07.00.02. ҳимоя намудааст. Ҳамасола дар конференсияҳо ва семинарҳои методӣ иштирок намуда, дар тӯли фаъолияташ 2 монография, 50 мақолаи илмӣ ва 6 китоби дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ ба табъ расонидааст. Солҳои 2013-2014 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ фаъолият намудааст. Соли 2014 ба вазифаи мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналмилалӣ интихоб гардид.
Дорандаи ҷоизаи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон – аълочии маориф ва илм мебошад. Дар солҳои 2017-2018 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 2017 дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муаллими калони кафедра
E-mail: Sherali.rizoyon@gmail.com
Тел.: (+992) 935 119858
Суроға: ДМТ, шаҳраки донишҷӯён, бинои №11
РИЗОЁН Шералӣ Шукруллозода
н.и.с., муаллими калон
19 апрели соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1992 ба синфи якуми мактаби миёнаи №16 рафта, Гимназияи №3 шаҳри Хуҷандро соли 2003 хатм мекунад. Соли 2003 ба факултаи Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2008 бо дипломи аъло бо ихтисоси “муносибатҳои байналхалқӣ” хатм намудааст. Аз 1-уми апрели соли 2009 унвонҷӯ ва аз 14 январи соли 2010 ба вазифаи мутахассиси пешбари Раёсати сиёсати хориҷӣ ва рушди равобити иқтисоди хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул мегардад. 15 марти соли 2012 тариқи гузариш ба вазифаи муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиесати дохилӣ таин гардида, аз 24 феврали соли 2013 то 1-уми феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Замони фаъолият дар Маркази тадқиқоти стратегӣ дар роҳандозӣ ва баргузории 20 пажуҳишҳои сифатӣ ва миқдорӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва дар омода намудани зиёда аз 190 маводи таҳлилӣ ширкат намудааст. Моҳи декабри соли 2018 докторантура (postdoctoral studies)-и рӯзонаи Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи. А. Баховаддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қабул шуда, онро моҳи декабри соли 2021 хатм мекунад. Аз 4-уми феврали соли 2019 устоди Факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад. Аз моҳи декабри соли 2015 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон узви ҳайати Мушовараи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” аст.
Дар таърихи 5-уми майи соли 2017 рисолаи худро дар мавзӯи “Манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: сохтор ва хусусият (ба забони русӣ)” бо ихтисоси 23.00.04 – масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналхалқӣ, рушди глобалӣ ва минтақавӣ (илмҳои сиёсӣ) дар Шӯрои диссертатсионии Д 047.019.03 назди Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи. А. Баховаддинова АМИТ дифо мекунад. Бо фармони Вазорати маориф ва илми Русия №988нк, аз 12 октябри соли 2017 соҳиби дипломи номзади илмҳои сиёсӣ мешавад.
Курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро дар Қирғизистон, Олмон, Русия, Чин ва Ҳиндустон гузаштааст. Дар конфронсҳои байналмилалӣ ва форумҳои коршиносии офлайн дар Қирғизистон (Бишкек ва вилояти Иссиқкул), Русия (Саратов, Уфа ва Екатеринбург), Қазоқистон (Алмаато ва Остона), Афғонистон (Кобул), Туркия (Истанбул ва Анталия), Ӯзбекистон (Тошканд, Самарқанд ва Бухара) ва Арманистон (Ереван) бо ироаи гузориш ширкат намудааст.
Муаллифи монографияи “Манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба забони русӣ). -Душанбе: Дониш, 2020. -320с.” ва ҳаммуаллифи монографияи дастаҷамъии “Таҳаввули иҷтимоию гуманитарии ҷаҳони муосир (ба забони русӣ). -Москва: МГИМО-Университет, 2021. -279с.” мебошад. Дар маҷаллаҳо, маҷмуаҳо ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина, ИМА, Нидерландҳо, Бритониёи Кабир ва Арманистон зиёда аз 125 мақолаҳои илмӣ ва таҳлилиро нашр намудааст.
Ба сифати коршиноси мустақил шарҳҳои худро оид ба мавзуъҳои мубрам барои ВАО-и Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Украина, ИМА, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Чехия, Эрон, Бритониёи Кабир, Арманистон, Лаҳистон ва Олмон пешкаш кардааст.
Аз моҳи сентябри соли 2019 муаллими калони Кафедраи дипломатия ва сиесати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муаллими калони кафедра
Тел.: (+992) 918 97 31 81
E-mail: anvari.safar@mail.ru
Суроға: н. Сино, маҳ. Майяковский 70/2
SPIN-код: 4198-3152
АНВАРИ Сафарӣ
н.и.т., муаллими калон
23 январи соли 1993 дар ш.Кӯлоб таввалуд шудааст. Соли 1999 ба синфи якуми мактаби миёнаи №8 ш. Кӯлоб рафта, мактаби мазкурро соли 2010 хатм намуд. Соли 2015 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакиро бо дипломи аъло ва ихтисосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, тарҷумон, референт хатм намуд. Тайи солҳои 2016-2019 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи минтақашиносии хориҷӣ буда, дар мавзӯи “Масъалаҳои сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ мебарад.
Аз соли 2017 то ин ҷониб омӯзгори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2018 мушовири академии ихтисоси фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар МБ, соли 2019 котиби Шурои олимони факултет, соли 2022 муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети муносибатҳои байналхалқии кор намудааст.
Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзӯи “Масъалаҳои сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст. Муаллифи 14 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 3 барномаи таълимӣ ва 1 монография мебошад.
Ассистенти кафедра
E-mail: Fairy-f@mail.ru
Тел.: (+992) 918 722532
Суроға: ДМТ, шаҳраки донишҷӯён, бинои №11
ФАРЗОНАИ Шамсиддин
ассистент
29 феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёи таваллуд шудааст. Соли 2007 ба факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон ба ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ дохил шуда онро соли 2012 бо дипломи аъло хатм намуд. Соли 2013 ба шуъбаи рузонаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, дар мавзӯи “Таджкско-афганские отношения в контексте геополитических процессов в Центральной Азии” таҳқиқоти илмӣ бурда истодааст.
Соли 2016 ба сифати ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ба кор ќабул гардид. Аз соли 2019 ба кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон гузашта кору фаъолият карда истодаст.
Аз рӯи фанҳои русум ва ташрифоти дипломати, хадамоти дипломати ва консули, хадамоти дипломатии кишварҳои хориҷӣ, таърихи дипломатияи тоҷик барои донишҷӯёни ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати беруна дар гурӯҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дарс мегӯяд. Ҳамчун, масъули бахши корҳои хаттии донишҷӯён (корҳои курсӣ) дар ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва фаъолияти таҳлилӣ мебошад.
Дар конференсияҳои донишгоҳи, ҷумхурияви ва байналхалқӣ доир ба ма мавзӯи тадқиқоти илмиаш бо маърузаҳо баромад намудааст. Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ-публитсистӣ, аз ҷумла 7 мақолаи илмӣ мебошад.
Ассистенти кафедра
E-mail: fatona_5796@mail.ru
Тел.: (+992) 918 74 10 50
Суроға: н. Сино, куч.Навобод 18/2
ҒАФОРЗОДА Фатона Ҷамшед
ассистент
5 июли соли 1996 дар н. Фархор таввалуд шудааст. Соли 2003 ба синфи якуми мактаби миёнаи №38 ш. Душанбе рафта, мактаби мазкурро соли 2014 хатм намуд. Соли 2019 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, тарҷумон-референт хатм намуд. Аз соли 2021 то инҷониб унвонҷӯи кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи “Ҳамкориҳои гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қаринаи консепсияи нави сиёсати хориҷӣ (солҳои 2015-2021)” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ мебарад.
Аз соли 2019 то соли 2020 дар кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети муносибатҳои байналхалқӣ ба ҳайси лаборанти кафедра кору фаъолият намуд. Баъд аз соли 2020 то соли 2021 ҳамчун мушовири академии ихтисоси фаъолияти иттилооти-таҳлилӣ дар МБ кору фаъолият намудааст. Аз соли 2019 то соли 2022 Раиси бонувони факултетро ба ӯҳда дошта, соли 2021 то инҷониб ба ҳайси ассистенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоқикистон фаъолият мекунад.
Вобаста ба мавзӯи илми хеш мавзӯи “Ҳамкориҳои гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қаринаи консепсияи нави сиёсати хориҷӣ (солҳои 2015-2021)” 2 мақолаи илмӣ ва 4 фишурда таълиф намуда, дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ бо маърӯзаҳо баромад намудааст.