Таърихи кафедра
Кафедраи тахассусии мутолиоти аврупоӣ дар заминаи кафедраи забонҳои хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз 06.05.2014. с/м №12 ташкил шудааст.
Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди ҳамгироӣ ва бархӯрди таммадунҳо қарор дорад. Аз ин хотир факултеи муносибатҳои байналхалқӣ ташкил намудани кафедраро дар самти омӯзиши Аврупо зарур шуморид. Кафедраи мутолитоти аӣврупо дар самти омӯзиши фарҳанг, таърих, тамаддун, сиёсат ва забонҳои аврупоӣ фаъолият намуда истодааст.
Пас аз бадастовардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «Дарҳои кушод»-ро пеш гирифт. Аз ин лиҳоз омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мамлакат сатҳу зинаи махсусро касб кард. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба хусус забонҳои англисӣ ва русӣ диққати махсус дода, доимо таъкид менамояд, ки ҷавонон бояд ҳади ақал ин ду забони хориҷиро донанд.
Дар кафедраи мутолиоти аврупоӣ устодони ботаҷриба аз фанҳои забони англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, таърих ва фарҳанги минтақаи Аврупо, мукотиботи кории дипломатӣ ба забони англисӣ ва назария ва амалияи тарҷумаи дипломатӣ, сиёсати халқии ИА дарс мегӯянд. Дар кафедраи мутолиоти аврупоӣ устодон – н.и.ф., дотсент Наҷмиддинов А.Ф. (мудири кафедра), н.и.ф., дотсент Шозимова Т.Д., муаллимони калон Абдулҳаева М.Х., Муродов Ф.М., Ашурмамедова У., ассистентон Назарова М., Нурзода М., Саидов Д. ва инчунин лаборанти кафедра Розиқова Р. фаъолияти меҳнатӣ менамоянд.
Дар заминаи ин кафедра мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ва роҳбалад – тарҷумонҳо омода мегарданд. Инчунин, дар назди кафедра магистрон ва унвонҷӯён низ фаъолият менамоянд.
Устодони кафедра вобаста ба самти кори илмии кафедра, ки алоқаманд ба ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (Нақши забонҳои хориҷӣ дар ташаккул ва таҳаввули муносибатҳои дипломатӣ) мебошад, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Дар заминаи кафедра як маркази «European Center» таъсис дода шудааст, ки дар он дарсҳо ба донишҷӯён ба тариқи аудиоӣ ва видеоӣ гузаронида мешаванд. Инчунин, дар кафедра фаъолияти маҳфили «Friendship» («Дӯстӣ») ба роҳ монда шудааст, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як моҳ ду маротиба барпо мегардад. Дар ин маҳфил мавзуҳои мухталиф баррасӣ мегарданд, ки барои рушду нумӯъи амалияи забондонии донишҷӯён мусоидат менамояд. Роҳбарии маҳфилҳоро н.и.ф., дотсент Наҷмиддинов А.Ф. ва ассистент Нурзода М. ба уҳда доранд.
Дар самти илм кафедраи мутолиоти аврупоӣ фаъол буда, ҳамасола конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмиллалиро баргузор менамояд. Бо ташаббуси садорати факултеи муносибатҳои байналхалқӣ ва кафедраи мутолиоти аврупоӣ дар назди факултет магистратураи аврупоӣ ташкил шудааст, ки ин аз ҳамкории хуби факултет бо донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо дарак медиҳад.
Устодони кафедраи мутолиоти аврупоӣ пайваста дар самти кор дар лоиҳаҳои гарнтӣ фаъол мебошанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки айни замон дар факултеи муносибатҳои байналхалқӣ ду лоиҳа “COMPASS” ва “TACES” бо дастгирии молиявии ИА амалӣ шуда истодааст, ки устодони кафедраи мутолиоти аврупоӣ дар доираи ин лоиҳаҳо ба Ҷумҳуриҳои Чехия, Эстония ва Олмон сафар намуда, дар симпозиум, семинарҳо ва конфронсҳои илмӣ иштирок намуданд. Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаҳо устодони кафедра бо олимону коршиносони донишгоҳҳоии ИА пайваста дар алоқа буда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами илми муосир табодули афкор менамоянд.
Нақшаҳои ояндаи кафедра хеле зиёд мебошад, ки ҳали онҳо ба манфияти соҳаи дипломатияи тоҷик мебошад. Кафедраи мутолиоти аврупоӣ навиштани якқатор китобҳои дарсиро роҷеъ ба омӯзиши забон, таърих, фарҳанг, урфу одат, мавқеи геополитикии Аврупо, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо забонҳои мухталиф ба нақша гирифтааст.
Айни замон устодони кафедраи мутолиоти аврупоӣ як қатор китобҳои дарсӣ ва монографияҳоро чоп намудаанд, ки донишҷӯён аз онҳо ба таври мунтазам истифода мебаранд:
Дар оянда кафедра нақша дорад, ки корро дар самтҳои гуногун бо донишгоҳҳои бузурги аврупоӣ бароҳ монда, табодули устодону шогирдонро оид ба таҷрибаомӯзии забонӣ дар хориҷи кишвар вусъат диҳад.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии устодони кафедра
Мавзӯи илмии кафедраи мутолиоти аврупоӣ «Ҳолат ва дурнамои муносибатҳои илмӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо» барои солҳои 2021-2025 муайян шудааст, ки устодон мувофиқи он дар панҷ фасли зерин корҳои илмӣ-таҳқиқотиро пеш бурда истодаанд:
- Мафҳумҳои нави байналхалқӣ дар забонҳои тоҷикию англисӣ ва корбурди он дар робитаҳои байнидавлатӣ;
- Нақши расму оини Бадахшон дар таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои англисзабон;
- Мафҳумҳои байналмилалии ифодакунандаи санадҳои соҳаҳои илм ва маориф дар муносибатҳои байнидавлатӣ;
- Мафҳумҳои идиоматикӣ ва фразеологӣ дар матнҳои дипломатию байналхалқӣ (тоҷикӣ ва англисӣ);
- Хусусиятҳои таълими забони англисӣ дар раванди омода намудани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ва дипломатия.
Фаъолияти таълимӣ
Устодони кафедраи мутолиоти аврупоӣ ба таълими забони англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ дар ҳамаи ихтисосҳои амалкунандаи факултет машғуланд. Барои балан бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар кафедра пайваста чораҳо андешида мешавад. Аз ин лиҳоз ҳамасола устодони кафедра бо як тарбиби муайян ба курси таклими ихтисос равон карда мешаван.
Таълифоти устодони кафедра
- Абдулҳаева М.Х. “The valuable book” – Душанбе -2016. 60с.
- Наҷмиддинов А., Бобокалонова Т., Гадоев К., “Phonetic of English language” – Душанбе: «Фарҳод», – 2016. – 130 с.
- Назаров Т., Талабов Т., “Забони олмонӣ” Душанбе – 2016
- Шозимова Т.Д. “Фарҳанги дипломатии англисӣ-тоҷикӣ”. – Душанбе – 2017. – 200с.
- Назаров Т. “Liebe bis in den tod” Душанбе-2017, Эр-граф.
- Наҷмиддинов А.Ф. «English for diplomats». –Душанбе, «Ашуриён». – 2017 . – 368 с.
- Наҷмиддинов А.Ф. «Основные вопросы исследования и прагматическая специфика функционирования неологизмов в английских и таджикских публицистических текстах», Монография. – Душанбе, «Ашуриён». – 2017 . – 159с.
- Шозимова Т.Д., «Выражение длины и мер в разноструктурных языках» Душанбе – 160
ҲАЙАТИ КАФЕДРА

Мудири кафедра
E-mail: akbar.n@mail.ru
Тел.: (+992) 918 50 63 82
Суроға: Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, ошёнаи 1.
НАҶМИДДИНОВ Акбаршоҳ Файзуллоевич
н.и.филол., дотсент
25-уми марти соли 1988 дар н. Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи гимназияи хуссусии «Файзобод» (1994-2005) мебошад.
Соли 2005 то 2010 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, дар факултети забонҳои романӣ-германӣ таҳсил намуда, ихтисоси муаллими забони англисӣ+забон ва адабиёти русро касб намудааст.
Фаъолияти кории худро солҳои 2009-2011 ҳамчун ассистенти кафедраи филологияи англиси ДДЗТ ба номи С.Улуғзода оғоз намуда, солҳои 2011-2013 муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети забонҳои Шарқи ДДЗТ ба номи С.Улуғзода, солҳои 2013-2014 муаллими калони кафедраи филологияи англиси ДДЗТ ба номи С. Улуғзода ва аз соли 2014-то ҳол и.в. мудири кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, мудири кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ фаъолият намуд истодааст.
Муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ, ду китоби дарсӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ ва як монография мебошад. Донандаи хуби забонҳои англисӣ ва русӣ буда, дар донишгоҳҳои Дрездени Олмон ва Тартуи Эстония дар доираи лоиҳаи TACES сафар намуда, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштааст.

Муаллими калони кафедра
Тел.: (+992) 93 527 84 04
Суроға: Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, ошёнаи 1.
АШУРМАМАДОВА Умриҷаҳон Мародмамадовна
муаллими калон
Соли 1958, 5-уми август дар деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Бадахшони куҳӣ ба дунё омадааст. Соли 1965 ба мактаби миёнаи № 7 ноҳияи Шуғнон деҳаи Сохчарв дохил шуда, пас аз хатми мактаб соли 1976 ба Донишкадаи педагогӣ ба номи Шевченко ба факултети забонҳои хориҷӣ дохил шуда, соли 1980 онро бо муваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми Донишгоҳ бо роҳхати Вазорати Маорифи Тоҷикистон ӯ ба зодгоҳаш н.Шуғнон ба кор фиристоданд.
Аз соли 1980 то 1982 Ашурмамадова У. ба ҳайси муаллими забони англисӣ дар мактаби миёнаи №7 кор ва фаъолият намуда, баъдан аз соли 1982 то соли 1988 дар мактаби №68 н. Октябри (И.Сомонӣ) Ш.Душанбе, аз соли 1988 то 2002 дар литсей ва Донишгоҳи гуманитарӣ ба номи «Сомонӣ» ҳамчун устоди забони англисӣ кор кардааст. Аз соли 2002 то инҷониб дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултаи муносибатҳои байналхалқӣ дар кафедраи мутолиоти аврупоӣ фаъолияти худро ҳамчун муаллими калони кафедра пеш бурда истодааст. Ашурмамадова солҳои зиёд ҳамчун раиси бонувон дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ кор ва фаъолият кардааст.
Зиёда аз 10 мақолаҳои илмиро ба нашр расондааст. Ҳамчунин як дастурамали таълимӣ аз фанни фонетикаи амалии забони англисӣ (2021) ба нашр расондааст. Ашурмамадова У. донандаи хуби забонҳои англисӣ ва русӣ ба шумор меравад.

Муаллими калони кафедра
E-mail: Abdulkhaeva56@mail.ru
Тел.: (+992) 93 592 47 25
Суроға: Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, ошёнаи 1.
АБДУЛҲАЕВА Маърифат Хоҷаевна
муаллими калон
15 –уми октябри соли 1956 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Аз соли 1963 то соли 1973 дар мактаби №1 ба номи С. Айнӣ таҳсил кардааст. Аз соли 1974 то соли 1978 дар Донишкадаи педагогии давлатии Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко дар факултети забонҳои хориҷӣ таҳсил карда, бо дипломи аъло онро хатм намудааст. Солҳои 1978 то 2007 дар Гимназияи ба номи Низоми Г. ш. Душанбе кор ва фаъолият намудааст.
Аз соли 2007 то 2010 дар Институти Техгологияи Инноватсионӣ ва Коммуникатсионии Тоҷикистон ҳамчун муаллими забони англисӣ кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2011 то инҷониб дар вазифаи муаллими калони кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор мекунад.
Абдулҳаева Маърифат Хоҷаевна дар давоми фаъолияти худ якчанд мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ ва тезисҳои илмиро ба чоп расонидааст.

Муаллими калони кафедра
E-mail: faiz_eng@mail.ru
Тел.: (+992) 988-00-91-95
Суроға: Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, ошёнаи 1.
МУРОДОВ Файзалӣ Мирзоалиевич
муаллими калон
10 – уми декабри соли 1982 дар ҷамоати деҳоти Саричашма, ноҳияи Москави вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1990 таҳсилро дар мактаб оғоз намудааст ва соли 2001 мактаб-интернати №13 – и ноҳияи Шуроободро (ҳозира Ш. Шоҳин) хатм намудааст. Соли 2001 ба факултети забони англисӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил шудааст ва соли 2006 таҳсилро бо дипломи аъло ба анҷом расонидааст.
Аз соли 2006 то соли 2007 ба ҳайси ассистенти кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забони англисии ДДОТ ба номи С. Айнӣ адои вазифа намудааст. Аз соли 2008 то соли 2009 ба вазифаи муаллими забонӣ дар мактаб-интернати №13 – и ноҳияи Ш. Шоҳин фаъолият намудааст. Аз соли 2011 ба ҳайси ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ ба кор омода ва аз 2019 тибқи озмун ба вазифаи муаллими калони кафедраи мутолиоти аврупоӣ интихоб шуда, то ҳол фаъолият намуда истодааст.
Соли 2021 шӯъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудасст. Муаллифи 5 мақолаи илмӣ буда, бо ҳаммуалифӣ «Барномаи намунавии таълимӣ аз фанни забони англисӣ барои донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқӣ» –ро ба табъ расонидааст.

Ассистенти кафедра
E-mail: nurmehr90@mail.ru
Тел.: (+992) 11 444 55 00
Суроға: Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, ошёнаи 1.
НУРЗОДА Меҳрафрӯзи Абдулбоқӣ
ассистент
11.06.1990 дар шаҳри Кулоб таваллуд шудааст. Соли 1997 ба синфи 1-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76-и ноҳияи Фирдавсӣ ш. Душанбе рафта, баъд аз хатми синфи 9-ум ба гимназияи ҷумҳуриявии тамоили иқтисодидоштаи ДДТТ дохил шуда соли 2008 онро хатм намудааст.
Соли 2008 ба ДДОТ бо номи С. Айнӣ ба факултети забони англисӣ дохил шуда, соли 2012 донишгоҳро хатм намуда, ҳамзамон ба шуъбаи рӯзонаи магистратураи донишгоҳи мазкур роҳхат ёфтааст. Нурзода Меҳрафрӯз магистратураро соли 2014 бо дипломи аъло хатм карда, дараҷаи магистри илмҳои филологи забони англисиро ба даст овардааст. Аз соли 2014 то ҳол ба сифати ассистенти кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқӣ кор ва фаъолият дорад.

Ассистенти кафедра
E-mail: fazliddin92.tj@mail.ru
Тел.: (+992) 902050040
Суроға: Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, ошёнаи 1.
ГИЁЕВ Фазлиддин Қурбонович
ассистент
14 июни соли 1992 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Соли 1999 ба мактаби миёна рафта соли 2010 мактаби миёнаи №10 ш. Душанберо хатм намудаст. Аз соли 2010 то 2014 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода таҳсил намуда, ихтисоси муаллими забони англисиро касб намудааст. Пас аз хатми Донишкада худи ҳамон сол яъне соли 2014 то 2016 ҳамчун магистр дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Пскови Федератсияи Руссия дохил шуда, дар онҷо дараҷаи магистрро ба даст овардааст.
Аз соли 2016 то феврали 2018 дар Мактаби Байналмилалии Президентӣ ҳамчун ассистенти синфҳои ибтидои кор намудааст. Аз октябри соли 2017 то августи 2020 докторанти Ph.D кафедраи типологияи муқоисавии факултети Осиё ва Аврупои Донишгоҳи милли Тоҷикистон буда, онро ҳам хатм намудаст. Аз соли 2019 то 2022 ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор карда ва аз соли 2022 то инҷониб дар кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро пеш бурда истодааст.