Кафедраи мутолиоти шарқ

Таърихи кафедра

Кафедраи мутолиоти Шарқ дар заминаи кафедраи забонҳои хориљии факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз 06.05.2014. с/м №162  -09 ташкил шудааст.

Дар кафедраи мутолиоти Шарқ устодони ботаљриба аз фанҳои забони арабӣ, хитоӣ, таърих ва фарҳанги минтақаи шарқ, назария ва амалияи тарљумаи дипломатӣ дарс мегӯянд. Дар кафедраи мутолиоти шарқ устодон – н.и.ф., дотсент Тупалов Ғ.Ш. кори илми тадқиқотиро дар  мавзӯи (“Хусусиятҳои ғоявии достони Варқа ва Гулшоҳи Айюқӣ” 10.01.03. соли 2013), н.и.ф., дотсент Раҳмонов М.А. мудири кафедра кори илмиро дар мавзӯи (“Ал-фиҳристи Ибн ан-Надим ҳамчун сарчашмаи адабиёти форсу тоҷик” 10.01.03 соли 2019) н.и.ф. дотсент Саидова Ф.Ҳ., дар мавзӯи  (“Китоб-ус Сайдана фит тиб”-и А. Берунӣ ҳамчун сарчашмаи истилоҳоти тиббии тоҷикӣ” 10. 02.22. соли 2013) ҳимоя намудаанд. Муаллими калон Қамаров А.З, дар мавзӯи “Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар давраи истиқлолият (1991-2016)” ва Маҳмудзода М.Қ., дар мавзӯи “Хусусиятҳои истилоҳоти ахлоқии осори Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва муқоисаи он бо истилоҳоти “Андар ахлоқ” – и Ибни Сино” тадқиқот бурда истодаанд.

Инчунин устодони кафедра вобаста ба самти кори илмии кафедра, ки алоқаманд ба ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (Рушди муносибатхои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Шарқ дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг) мебошад, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машѓуланд. Ҳамзамон дар кафедра фаъолияти маҳфили «Пайёми шарқ» ба роҳ монда шудааст, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як моҳ ду маротиба барпо мегардад. Дар ин маҳфил мавзуҳои мухталиф баррасӣ мегарданд, ки барои рушду нумӯъи амалияи забондонии донишљӯён мусоидат менамояд.  Роҳбарии маҳфилро н.и.ф., дотсент Тупалов ­Ғ.Ш., ба уҳда дорад.

Дар самти илм кафедраи мутолиоти шарқ дар баробари дигар кафедраҳои факултет ҳамасола конфронсҳои љумҳуриявию байналмиллалиро баргузор менамояд.

Корҳои илмӣ таҳқиқотии кафедра:

Самтҳои асосии корҳои тадқиқотӣ:

Рушди муносибатхои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Шарқ дар соҳаи илм ,маориф ва фарҳанг.

– Устуворшавӣ ва тавсеаи робитаҳои сиёсиву гуманитарӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб.

– Самтҳо ва авлавиятҳои ҳамкориҳои  гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар замон ҳозира.

– Баркароршавӣ ва рушди муносибатҳои илмву фарҳанги Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ.

– Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб. Масоил ва авлавиятҳои ҳамкорҳои илмӣ- фарҳангӣ.

– Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар даврони истиқлолият.

Фаъолияти таълимӣ

Устодони кафедра асосан ба таълими забони арабӣ,  забони хитоӣ ва назария ва амалияи тарҷумаи дипломатӣ машғуланд. Забони арабӣ ва хитоӣ ҳамчун забони хориҷии ёрирасон дар ихтисосҳои амалкунандаи факултет аз курси якум то сеюм омӯзонида мешаванд. Фанни «Забони арабӣ ва хитоӣ» ба донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқӣ омӯзонда шуда, таълими  ин забонҳо аз алифбо оғоз мегардад. Фанни «Забони арабӣ ва хитоӣ» дар семестри якум ва дуюм доир ба грамматика ва фонети­каю лексикаи он ба донишҷӯён маъ­лумоти кофӣ пешкаш менамояд. Донишҷӯён дар раванди таълим роҳҳои калимасозӣ ва сохтани ибораю ҷумлаҳои содда ва мураккабро азбар намуда, дар дарсҳои амалӣ барои пурқувват кардани грамматика, лексика, фонетика, тараққӣ додани малакаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ машқ­ҳои гуногунро иҷро карда, дуруст ва бехато хонда ва тарҷума кар­дани матнҳоро меомӯзанд. Дар солҳои баъди бошад донишҷуён аз матнҳои дипломатӣ ва ҳиворҳо дарс омӯхта дар ин раванд пурра гуфтугу бо ин забонҳоро аз худ  менамоянд.

Фаъолияти тарбиявӣ

Ҳамаи устодони кафедра дар самти тарбияи донишҷуён фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамзамон сарпарастии гурӯҳҳои академиро ба уҳда дошта, дар дарсҳои тарбиявӣ самтҳои мухталифи тарбияро баррасӣ менамояд. Инчунин сарпарстии тарбиявии баъзе факултетҳоро ба уҳда доранд, ки мунтазам дар мавзуҳои мухталиф маърузаҳо мехонанд. Дар навбатдории кафедра, факултет ва хобгоҳ фаъолона ширкат мекунанд. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва тарбиявии факултет ва донишгоҳ саҳм мегузоранд.

Таълифоти асосии устодони кафедра

То имрӯз аз ҷониби устодони кафедра китобҳои дарсӣ ва монографияҳои зерин ба чоп расонида шудааст:

  1. Тупалов Ғ.Ш., Раҳмонов М.А., Додаров О., Қамаров А.З., “Омӯзиши забони арабӣ, китоби дарси барои донишҷӯёни курси якум” Душанбе- 2015.- 202 с.
  2. Раҳмонов М. А. Ибн ан-Надим ва ал-Феҳристи ӯ. Монография, Душанбе -2022, 160 саҳ.
  3. Тупалов Ғ.Ш., “ Айюқӣ ва Достони ӯ Варқа ва Гулшоҳ”  Монография. Душанбе – 2017.-112 с.
  4. Тупалов Ғ.Ш., “Дастурамали забони арабӣ барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён”.   – Душанбе – 2019. – 114с.
  5. Қамаров А.З., “Арабский язык для начинающих” Душанбе-2018 «Ашуриён», 206 с.
  6. Қамаров А.З., «Забони арабӣ барои навомӯзон». –Душанбе, – 2019 . – 206 с.
  7. Қамаров А.З., «Забони арабӣ барои равияи дипломатия». – Душанбе, «Ашуриён». – 2017 . – 208 с.
  8. Маҳмудзода М.Қ., «Робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои араб» ( матнҳо барои хониш бо забони арабӣ) Душанбе –2018.- 192 с.
  9. Саидова Ф.Ҳ., “Китоб-ус Сайдана фит тиб”-и А. Берунӣ сарчашмаи истилоҳоти тиббии тоҷикӣ” Душанбе-2017 240 с.
  10. Саидова Ф.Ҳ., “Муҳовараи арабӣ-тоҷикӣ” Душанбе -2019,- 216 с.

Аз ҷониби устодони кафедраи мутолиоти Шарқ навиштани якқатор монография ва китобҳои дарсии дигар ба нақша гирифта шудааст.

Маълумотномаи кафедраи мутолиоти шарқ

Кафедраи мутолиоти шарқ дар заминаи кафедраи забонњои хориљии факултети муносибатњои байналхалќї аз 06.05.2014. с/м №162  -09 ташкил шудааст.

Дар кафедраи мутолиоти шарқ устодони ботаљриба аз фанњои забони арабӣ, хитоӣ, таърих ва фарњанги минтаќаи шарқ, назария ва амалияи тарљумаи дипломатї дарс мегўянд. Дар кафедраи мутолиоти шарқ устодон – н.и.ф., дотсент Тупалов Ғ.Ш. кори илми тадқиқотиро дар  мавзӯи (“Хусусиятҳои ғоявии достони Варқа ва Гулшоҳи Айюқӣ” 10.01.03. соли 2013), н.и.ф., дотсент Раҳмонов М.А. мудири кафедра кори илмиро дар мавзӯи (“Ал-фиҳристи Ибн ан-Надим ҳамчун сарчашмаи адабиёти форсу тоҷик” 10.01.03 соли 2019) н.и.ф. дотсент Саидова Ф.Ҳ., дар мавзӯи  (“Китоб-ус Сайдана фит тиб”-и А. Берунӣ ҳамчун сарчашмаи истилоҳоти тиббии тоҷикӣ” 10. 02.22. соли 2013) н.и.ф. муаллими калон Қамаров А.З, дар мавзӯи “Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар давраи истиқлолият (1991-2016)” ҳимоя намудаанд. Маҳмудзода М.Қ., дар мавзӯи “Хусусиятҳои истилоҳоти ахлоқии осори Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва муқоисаи он бо истилоҳоти “Андар ахлоқ” – и Ибни Сино” тадқиқот бурда истодааст.

Дар заминаи кафедра мутахассисони соњаи муносибатњои байналхалќї ва роњбалад – тарљумонњо омода мегарданд. Инчунин, дар назди кафедра  магистронваунвонљўён низ фаъолиятменамоянд.

Устодони кафедра вобаста ба самти кори илмии кафедра, киалоќаманд ба ихтисосимуносибатњоибайналхалќї (Рушди муносибатхои ҶумҳурииТоҷикистонбодавлатҳоиШарқдарсоҳаиилм, маорифвафарҳанг) мебошад, ба корњоиилмї-тадќиќотїмашѓуланд. Ҳамзамон дар кафедра фаъолиятимањфили «Пайёми шарқ» ба роњмондашудааст, кимувофиќинаќшаипешбинишуда дар як моњдумаротибабарпомегардад. Дар ин мањфилмавзуњоимухталифбаррасїмегарданд, кибароирушдунумўъиамалияизабондониидонишљўёнмусоидатменамояд.  Роњбариимањфилрон.и.ф., дотсентТупалов ­Ғ.Ш., ба уњдадорад.

Дар самтиилмкафедраимутолиотишарқдар баробари дигар кафедраҳои факултет њамасолаконфронсњоиљумњуриявиюбайналмиллалиробаргузорменамояд.

Корҳои илмӣ таҳқиқотии кафедра:

Самтҳои асосии корҳои тадқиқотӣ:

Рушди муносибатхои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Шарқ дар соҳаи илм ,маориф ва фарҳанг.

-Устуворшавӣ ва тавсеаи робитаҳои сиёсиву гуманитарӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб.

-Самтҳо ва авлавиятҳои ҳамкориҳои  гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар замон ҳозира.

-Баркароршавӣ ва рушди муносибатҳои илмву фарҳанги Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ.

-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб. Масоил ва авлавиятҳои ҳамкорҳои илмӣ- фарҳангӣ.

-Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар даврони истиқлолият.

Фаъолияти таълимӣ:

Устодони кафедра асосан ба таълими забони арабӣ, забони хитоӣ ва назария ва амалияи тарҷумаи дипломатӣ машғуланд. Забони арабӣ ва хитоӣ ҳамчун забони хориҷии ёрирасон дар ихтисосҳои амалкунандаи факултет аз курси якум то сеюм омӯзонида мешаванд. Фанни «Забони арабӣ ва хитоӣ»ба донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқӣ омӯзондашуда, таълими  ин забонҳо аз алиф бо оғоз мегардад. Фанни«Забониарабӣ ва хитоӣ»дарсеместриякумвадуюмдоирбаграм­ма­тикава фонети­каю лексикаи он ба донишҷӯёнмаъ­лумотикофӣпешкашменамояд. Донишҷӯёндарравандитаълимроҳҳоикалимасозӣвасохтаниибораюҷумлаҳоисоддавамураккаброазбарнамуда, дардарсҳоиамалӣбароипурқувваткарданиграмматика, лексика, фонетика, баланд бардоштанималакаҳоихаттӣвашифоҳӣмашқ­ҳоигуногунроиҷрокарда, дуруствабехатохондаватарҷумакар­даниматнҳоромеомӯзанд. Дар солҳои баъди бошад донишҷуён аз матнҳои дипломатӣ ва ҳиворҳо дарс омӯхта дар ин раванд пурра гуфтугу бо ин забонҳоро аз худ  менамоянд.

Фаъолияти тарбиявӣ:

Ҳамаи устодони кафедра дар самти тарбияи донишҷуён фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамзамон сарпарастии гурӯҳҳои академиро ба уҳда дошта, дар дарсҳои тарбиявӣ самтҳои мухталифи тарбияро баррасӣ менамояд. Инчунин сарпарстии тарбиявии баъзе факултетҳоро ба уҳда доранд, ки мунтазам дар мавзуҳои мухталиф маърузаҳо мехонанд. Дар навбатдории кафедра, факултет ва хобгоҳ фаъолона ширкат мекунанд. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва тарбиявии факултет ва донишгоҳ саҳм мегузоранд.

Аз ҷониби устодони кафедраи мутолиоти шарқ навиштани якқатор китобҳои дарсӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз аз ҷониби устодони кафедра китобњои дарсї ва монографияњои зерин ба чоп расонида шудааст:

  1. Тупалов Ғ.Ш., Раҳмонов М.А., Додаров О., Қамаров А.З., “Омӯзиши забони арабӣ, китоби дарси барои донишҷӯёни курси якум” Душанбе- 2015.- 202 с.
  2. Раҳмонов М. А. Ибн ан-Надим ва ал-Феҳристи ӯ. Монография, Душанбе -2022, 160 саҳ.
  3. Тупалов Ғ.Ш., “ Айюқӣ ва Достони ӯ Варқа ва Гулшоҳ” Монография. Душанбе – 2017.-112 с.
  4. Тупалов Ғ.Ш., “Дастурамали забони арабӣ барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён”.   – Душанбе – 2019. – 114с.
  5. Қамаров А.З., “Арабский язык для начинающих” Душанбе-2018 «Ашуриён», 206 с.
  6. Қамаров А.З., «Забони арабӣ барои навомӯзон». –Душанбе, – 2019 . – 206 с.
  7. Қамаров А.З., «Забони арабӣ барои равияи дипломатия». – Душанбе, «Ашуриён». – 2017 . – 208 с.
  8. Маҳмудзода М.Қ., «Робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои араб» ( матнҳо барои хониш бо забони арабӣ) Душанбе –2018.- 192 с.
  9. Саидова Ф.Ҳ., “Китоб-ус Сайдана фит тиб”-и А. Берунӣ сарчашмаи истилоҳоти тиббии тоҷикӣ” Душанбе-2017 240 с.
  10. Саидова Ф.Ҳ., “Муҳовараи арабӣ-тоҷикӣ” Душанбе -2019,- 216 с.

Дар оянда кафедра нақшадорад, кикорро дар самтҳои гуногун бо донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар бароҳ монад.

ҲАЙАТИ КАФЕДРА

Тел.: +992 9891536 83

E-mail:rahmonov_mehrovar@mail.ru

Суроға: н. Сино, куч. Н. Махсум 8а ҳуҷраи 22

SPIN-код: 2339-3392

Раҳмонов Меҳровар Амонидинович

н.и.ф., дотсент

16апрели соли 1983 дар ш.Исфара таваллуд шудааст. Соли 1989 ба синфи якуми мактаби миёнаи №53 ш. Исфара рафта, мактаби мазкурро соли 2000 хатм намуд. Соли 2006 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисосишарқшинос, филологияи арабхатм намуд. Тайи солҳои 2011-2015 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология буда, дар мавзӯи “Ал-феҳристи Ибни Надим ҳамчун сарчашмаи адабиёти форсу тоҷик” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ бурдааст.

Рисолаи номзадиро соли 2019 дар мавзӯи болозикр аз рӯи ихтисоси 10.01.03 –Таърихи мамлакатҳои хориҷӣ(илмҳои филологӣ) ҳимоя намудааст. Муаллифи беш аз 20 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 5 барномаи таълимӣ,  1 монография ва 1 китоби дарсӣ мебошад.

Аз 1–уми сентябри соли 2009 ба сифати ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалќии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор қабул гаштааст. Дар тўли фаъолияти хеш вазифаҳои гуногун, аз ҷумла котиби Шўрои илми методии факултети муносибатҳои байналхалқӣ (солҳои 2009-2012), раиси Шӯрои сарапарастони факултет (солҳои 2010-2011), муовинидекан оид ба тарбияи факултети муносибатњои байналхалќї (солњои 2011-2014), иљрокунандаи вазифаи мудири кафедраи мутолиоти шарқ (аз 08.07.2019 то 28.02.2020), мудирикафедраимутолиотишарқ (аз 13.05.2020 № 223-6)фаъолиятнамуда  истодааст.

Тел.: +992 988 57 77 37

E-mail: umar.MO@mail.ru

Суроға: н. Фирдавсӣ, куч. Фирдавсӣ 65, ҳуҷраи 2

SPIN-код: 7274-9111

Маҳмудзода Мунираи Қаноатшоҳ

ассистент

26 маи соли 1992 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1998 ба синфи якуми мактаби миёнаи №77 ш. Душанбе рафта, мактаби мазкурро соли 2009 хатм намуд. Соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳоишарқшинос, филологияи арабхатм намуд. Аз соли 2018-то ҳолунвонҷӯи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология буда, дар мавзӯи “Истилоҳоти ахлоқии осори Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва муқоисаи он бо рисолаи “Андар ахлоқ”-и Ибни Сино” корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.

Автор 11 научно-публицистических статей и 1 учебная книга.

Аз 1–уми сентябри соли 2016 ба сифати ассистенти кафедраи мутолиоти шарқифакултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллииТоҷикистон ба кор қабул гаштааст.

Тел.: +992 918648810

E-mail:adubakr@mail.ru

Суроға: н. Рудакӣ. Деҳаи Лойоб хонаи № 20

SPIN-код: 3800-6430

Тупалов Ғозибег Шаҳобидинович

н.и.ф., дотсент

22 июни соли 1980 дар н. Рудакӣ таваллуд шудааст. Соли 1987 ба синфи якуми мактаби миёнаи №154 н. Рудакӣ рафта, мактаби мазкурро соли 1997 хатм намуд. Соли 2006 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳоишарқшинос, филологияи арабхатм намуд. Тайи солҳои 2007-2011 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология буда, дар мавзӯи “Хусусиятҳои ғоявии достони “Варқа ва Гулшоҳи Айюқӣ” ” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ мебарад.

Рисолаи номзадиро соли 2013дар мавзӯи болозикр аз рӯи ихтисоси 10.01.03 –Таърихи мамлакатҳои хориҷӣ(илмҳои филологӣ) ҳимоя намудааст. Муаллифи 25 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 5 барномаи таълимӣ ва 1 монография ва 2 китоби дарсӣ мебошад.

Аз 1–уми сентябри соли 2007 ба сифати ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор қабул гаштааст. Дар тўли фаъолияти хеш вазифаҳои гуногун, аз ҷумламуовини декан оид ба таълим (солњои 2009-2012), мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ (солҳои 2012-2016), мудири кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ (солҳои 2016-2020), аз соли 2020 то инҷониб ҳамчун дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ фаъолиятнамуда  истодааст.

Тел.: +992 9186188 22

E-mail:muhammad_tj@inbox.ru

Суроға: н. Фирдавсӣ, куч. А. Деҳотӣ 21\3 ҳуҷраи 33

SPIN-код: 6893-2368

Саидова Фарзона Ҳомидовна

н.и.ф., дотсент

1январи соли 1985 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1985 ба синфи якуми мактаби миёнаи №95 ш. Душанбе рафта, мактаби мазкурро соли 2001 хатм намуд. Соли 2006 Донишгоҳидавлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси шарқшинос, филологияиараб хатм намуд. Тайи солҳои 2007-2010 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи таърихи забон ва типологияи  факултети филология буда, дар мавзӯи“ Китоб-ус-сайдана фит-тиб ҳамчунсарчашмаиистилоҳотитиббиитоҷикӣ” корҳои илмӣ-таҳиқотӣбурдааст.

Рисолаи номзадиро соли 2013 дар мавзӯи болозикр аз рӯи ихтисоси 10.02.22Забонҳои халқҳои кишварҳоихориҷӣ Европа, Осиё, Африка, бумиёни Амрикова Австралия (забони тоҷикӣ) ҳимоя намудааст. Муаллифи 20 мақолаҳоиилмӣ-оммавӣ, 1 монография ва 1 китоби дарсӣмебошад.

Аз 1–уми сентябри соли 2006 ба сифати ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалќии факултети таърихи Донишгоҳимиллии Тоҷикистонбакорќабулгаштааст.

Аз соли 2018 ҳамчун муаллими калон дар кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва аз соли 2021 то инҷониб ҳамчун дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ фаъолиятнамуда  истодааст.

Тел.: +992 915150255

E-mail: asluddin89@mail.ru

Суроға: н. Исмоили Сомонӣ, кӯчаиШафақ, хонаи 10/2а.

SPIN-код: 4194-0333

Қамаров Аслиддин Зайнитдинович

н.и.т. муаллими калон

13 сентябри соли 1989 дар ш. Душанбе таввалуд шудааст. Соли 1996 ба синфи якуми мактаби миёнаи №62 ш. Душанбе рафта, мактаби мазкурро соли 2007 хатм намуд. Қамаров А.З. соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси шарқшинос-филолог (рӯзона) хатм кардааст. Соли 2013 дар шуъбаи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ ба ҳайси лаборанти кафедра фаъолият намудааст.

Аз 1-уми сентябри соли 2014 ба сифати ассистенти кафедраи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тољикистон ба кор қабул гаштааст. Аз соли 2023 ба ҳайси муаллими калони кафедраи мазкур фаолият менамояд. Дар давраи фаъолияти хеш вазифаи роҳбари маҳфили “Паёми Шарқ”-ро дар назди кафедра (солҳои 2017-2018) ба уҳда дошт. Тайи солҳои 2016-2019 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи минтақашиносии хориҷӣ буда, дар мавзӯи “Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар даврони истиқлолият” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ мебарад.

Рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар даврони истиқлолият (солҳои 1991-2016)” аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати берунӣ (илмҳои таърих) ба ҳимоянамудааст. Муаллифи 4 китоби дарсӣ, барномаи таълимӣ, воситаҳои методӣ ва зиёда аз15 мақолаҳои илмӣ-публитсистӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.