Таърихи таъсиси факултет
Факултети муносибатҳои байналхалқӣ соли 2011 дар заминаи ихтисосҳои «муносибатҳои байналхалқӣ» ва «Кишваршиносӣ»-и факултети таърих таъсис ёфтааст. Солҳои 2011-2022 декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ номзади илмҳои таърих, дотсент Самиев Х.Д. буд. Ҳоло декани факултет номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷаъфаров С.Х. мебошад. Айни замон теъдоди донишҷӯёне, ки дар факултет таҳсил менамоянд беш аз 700 нафарро ташкил менамоянд. Факултет дар самти бакалавр, магистр ва докторант (PhD)-ро дар чор ихтисос – муносибатҳои байналхалқӣ (мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, котиб-референт, референт-тарҷумон, дипломат – корманди мақомоти корҳои хориҷӣ), минтақашиносии хориҷӣ (ихтисоси роҳбалад-тарҷумон, минтақашинос), сиёсати беруна ва дипломатия, ва фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ омода менамояд. Таҳсил дар ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати беруна ва дипломатия ва фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ дар асоси шартномавӣ ва ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ бошад, дар асоси буҷавӣ ва шартномавӣ сурат мегирад. Дар баробари фанҳои тахассусӣ донишҷӯёни факултет забонҳои хориҷии англисӣ (асосӣ), арабӣ, франсавӣ, олмонӣ ва чиниро меомӯзанд. Донишҷӯён ҳамзамон дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил намуда, бо анҷоми он соҳиби рутбаи ҳарбии лейтенанти хурд мегарданд.
Сохтори факултет
Дар сохтори факултет панҷ кафедра мавҷуд аст:
1. Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ(мудир, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент П.Р. Нуриддин);
2. Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мудир, номзади илмҳои таърих, дотсент Ф.Н. Салимов.);
3. Кафедраи минтақашиносии хориҷӣ(мудир, номзади илмҳои таърих, дотсент Ф.М. Розиқов);
4. Кафедраи мутолиоти Шарқ (мудир, номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.А. Раҳмонов)
5. Кафедраи мутолиоти аврупоӣ (мудир, номзади илмҳои филологӣ, дотсент А.Ф. Наҷмиддинов) амал менамоянд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ
Нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати устодону омӯзгорони факултет барои солҳои 2021-2025 тасдиқ шудааст, ки аз як самт – “Муносибатҳои байналхалқӣ ва масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир”, ду масъала – “1. Масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналхалқӣ, минтақавӣ ва сиёсати хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ; 2. Масоили мубрами равобити байниминтақавӣ ва сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ” ва панҷ мавзӯъҳои зерин иборат мебошад:
1.Асосҳои назариявӣ ва амалии муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати ҷаҳонӣ ва равандҳои геополитикии муосир;
2. Самтҳо ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаринаи равобити минтақавӣ;
3. Ҷанбаҳои минтақавии таҳаввули низоми муносибатҳои байналхалқии муосир;
4. Ҳолат ва дурнамои муносибатҳои илмӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо;
5. Рушди муносибатхои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Шарқ дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг.
Ҳар як мавзӯъ аз фаслҳо ва марҳилаҳо иборат мебошад, ки самти фаъолияти илмӣ-таҳқиотии ҳайати устодону омӯзгорони факултетро нишон медиҳанд. Дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 41 нафар устодону омӯзгорони факултет, аз ҷумла 5 нафар профессорон (4 нафар д.и.т. ва 1 нафар д.и.с.); 12 нафар дотсентон (5 нафар н.и.т., 2 нафар н.и.с., 1 нафар н.и.фалсафа; 4 нафар н.и.филология); 8 нафар номзадони илм-муаллими калон (5 нафар н.и.т., 1 нафар н.и.с., 2 нафар н.и.филология); 6 нафар муаллими калон (беунвон); 10 нафар ассистент аз рӯи ихтисос иштирок мекунанд.
Фаъолияти таълимии факултет
Дар факултет тамоми шароит барои омода намудани мутахассисони баландихтисос муҳайё мебошад. Аз ҷумла, синфхона барои омӯзиши забонҳои англисӣ, арабӣ, ва чинӣ, 1-синфхонаи компютерӣ (маркази мониторингии сифати таълим), 1-синфхонаи интернетӣ, мастер-класс (барои гузаронидани мизҳои мудаввар ва семинарҳо), 7- синфхона видеопроектор бо таблои электронӣ баҳри сайқал додани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Бояд қайд намуд, ки солҳои охир аз рӯйи ихтисосҳои амалкунандаи факултет таҳсил дар шӯъбаи магистратура ва доктор (PhD) ташкил карда шуда, имрӯзҳо на танҳо хатмкунандагони факултет, балки хатмкунандагони зинаи бакалаври дигар донишкадаву донишгоҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Давлати Қатар таҳсил менамоянд. Дар баробари ин донишҷӯён ва магистрантҳои факултет дар доираи барномаҳои байналмилалӣ ҳамасола барои таҳсил ба кишварҳои ИДМ, Олмон, Эстония, Чехия ва дигар кишварҳо фиристода мешаванд.
Ихтисос 23010100- муносибатҳои байналмилалӣ
Касб: дипломат
Шакли таҳсил: рӯзона
Шартномаи таҳсил: 10700 сомонӣ
Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ: 13800 сомонӣ
Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ҳамчун мутахсиссони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ омода карда мешаванд. Метавонанд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон, сафоратхонаҳо, консулгариҳо, намояндагиҳо дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шуъба ва раёсатхои робитаҳои байналмилалии вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намоянд.
Ихтисос 23010106- минтақашиносии хориҷӣ
Касб: минтақашинос
Шакли таҳсил: рӯзона
Шартномаи таҳсил: 7070 сомонӣ
Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ: 9200 сомонӣ
Фаъолияти мутахассиси соҳаи минтақашиноси хориҷӣ гуногун буда, баҳри татбиқи самти сиёсати хориҷии кишвар дар амал, таъмини иҷроиши он дар мақомотҳои сиёсати хориҷӣ ва шуъбаҳои байналхалқӣ ва кишварии мақомотҳои давлатӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин мутахассиони соҳа метавонанд ҳамчун тарҷумон-референт, роҳбалад дар самти сиёсати хориҷӣ фаъолият намоянд.
Ихтисос 23010101- сиёсати буруна ва дипломатия
Касб: дипломат
Шакли таҳсил: рӯзона
Шартномаи таҳсил: 8800 сомонӣ
Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ: 10800 сомонӣ
Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ҳамчун мутахсиссони соҳаи дипломатия омода карда мешаванд. Метавонанд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон, сафоратхонаҳо, консулгариҳо, намояндагиҳо дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шуъба ва раёсатхои робитаҳои байналмилалии вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намоянд.
Ихтисос 23010102- фаъолияти иттилоотӣ – таҳлилӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ
Касб: таҳлилгар, шореҳи байналмилалӣ
Шакли таҳсил: рӯзона
Шартномаи таҳсил: 7700 сомонӣ
Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ: 10700
Хатмкунандагон ин ихтисос метавонанд дар вазифаҳои корманди ихтисосии Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисоти тобеи он, таҳлилгар, эксперт, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ дар идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, макотиби таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои фарҳангию маърифатии Ҷумҳурии Точикистон фаъолият намоянд.
Дараҷаи таҳсилот дар зинаи таҳсилоти магистр аз рӯйи ихтисос, муҳлати таҳсил – 2 сол
Ихтисос: 23010100- Муносибатҳои байналхалқӣ
Дараҷаи таҳсилот: Магистр
Касб: Дипломат
Шакли таҳсил: рӯзона
Шатномаи таҳсил:8850 сомонӣ
Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:11800 сомонӣ
Ихтисос: 23010101- Дипломатия ва сиёсати хориҷӣ
Дараҷаи таҳсилот: Магистр
Касб: Дипломат
Шакли таҳсил: рӯзона
Шатномаи таҳсил:8850 сомонӣ
Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:11800 сомонӣ
Ихтисос: 23010106- Минтақашиносии хориҷӣ
Дараҷаи таҳсилот: Магистр
Касб: Минтақашинос
Шакли таҳсил: рӯзона
Шатномаи таҳсил:7000 сомонӣ
Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:10800 сомонӣ.
Дараҷаи таҳсилот дар зинаи таҳсилоти доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисос, муҳлати таҳсил 3 – сол
Ихтисос: 6D 020200 – муносибатҳои байналхалқӣ
Дараҷа: доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос
Шакли таҳсил: рӯзона
Шартномаи таҳсил:8000 сомонӣ
Шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ:16000 сомонӣ
Ихтисос: 6D 050500 – минтақашиноси хориҷӣ
Дараҷа: доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос
Шакли таҳсил: рӯзона
Шартномаи таҳсил: 8000 сомонӣ
Шартномаи таҳсил барои
шаҳрвандони хориҷӣ:16000 сомонӣ