ВАТАН ҚАҲРАМОНИИ ФАРЗАНДОНАШРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАД!

28

Сарзамини тоҷикон, минтақаи бархост ва зуҳури қаҳрамонҳое мебошад, ки бо корномаи хеш таърихи миллат ва башариятро боз ҳам ғанӣ гардонидаанд. Модари тоҷик дар лаҳзаҳои сарнавиштсозу тақдирсоз ба ин миллат чеҳраҳои мондагореро эҳдо намудааст, ки назираш кам аст. Камназирии чеҳраҳои мондагори миллати тоҷик дар фидокорӣ ва ҷонфидоии онҳо мебошад, ки баҳри истиқлол, озодӣ ва рушди бомароми Ватан анҷом додаанд ва додаистодаанд. Намунаи барҷастаи корномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар меҳвари он арҷгузорӣ ба фидокорӣ ва ҷонисории фарзандони фарзонаи миллат, ки баҳри озодӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Ватан кардаанд, қарор дорад.

Пешвои миллат ҳамчун сарвари сиёсии муваффақ тавассути ба роҳ мондани муносибатҳои судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан бо кишварҳои пасошуравӣ, ки бо мо умумиятҳои фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, тавонистанд баъзе аз арзишҳои миллатро ба таври шоиста соҳибӣ намуда, ба Ватан баргардонанд. Ташаббуси навбатии Сарвари давлат дар робита ба овардани хоки мазори се фарзанди фарзонаи миллат – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад, ки баҳри ташаккули давлати Тоҷикистон саҳми шоиста гузоштаанд, идомаи арҷгузориҳо ба таърихи миллат аст. Маҳз муносибати неку самимии Сарвари давлат бо шарики асосии стратегии Тоҷикистон – Федератсияи Русия ва роҳбари он Владимир Путин имкон дод, ки дар радифи дигар манфиатҳо, ҳамчунин хоки мазори чеҳраҳои мондагори миллат ба Ватан баргардонида шаванд. Маҳз шинохту эътирофи Сарвари давлат дар арсаи байналмилалӣ сабаб шудааст, ки миллати тоҷик дар раванди амалӣ намудани ормонҳо ва ҳадафҳои хеш муваффақ бошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббуси инсондӯстона ва қадршиносонаи хеш бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит кард, ки миллати тоҷик захираҳои зеҳнӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангии хешро ба таври шоиста соҳибӣ ва муаррифӣ менамояд. Имрӯз Пешвои миллат ҳамчун соҳиби асили миллати куҳани тоҷик дар ҳама самт аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ карда, моро ҳамчун миллати ташаббускор муаррифӣ намудаистодаанд. Баргардонидани хоки мазори ин шахсиятҳои мондагор аз ҷониби Пешвои миллат ба Ватан маънои онро дорад, ки давлат ва Ватан ҳеҷ вақт амалӣ нек ва фидокорию ҷасорати фарзандонашро фаромӯш намекунад. Ин ташаббус ба руҳияи наслҳои наврас ва ҷавони кишвар, ки ояндаи босуботи миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, таъсири амиқ гузошта, дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллии тамоми қишрҳои ҷомеа мусоидат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хидматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар назди қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи онҳо бо самимияти амиқ арзи арҷу эҳтиром намуданд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновари таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.

Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хидматҳои таърихии фарзандони фарзонаи Ватан мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиста қарор гирифта, ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад.

Бояд гуфт, ки ташаббуси инсондӯстона ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва қадршиносонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Қаҳрамонони миллӣ, фарзандони сарсупурдаи миллати бостонии тоҷик дар Ватани бобоии худ, Тоҷикистони азиз – кишваре, ки барояш ҷони ширини хеш нисор кардаанд, соҳиби оромгоҳи худ шуданд. Ташаббуси мазкур бешак, боиси оромиши рӯҳу равони ин шаҳидони роҳи озодӣ гардида, барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз собит менамояд, ки Ватан хидматҳои арзишманди фарзандони фидокору сарсупардаи худро ҳаргиз фаромӯш намекунад, дер ҳам бошад, арҷ гузошта мешавад. Дар айни замон мо қишрҳои зиёии ҷомеар зарур аст, ки таҷрибаи фидокориҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллатро барои насли наврас шарҳу тавзеҳ дода, дар ташаккул ва рушди руҳияи миллии онҳо саҳмгузор бошем. Ба ин васила дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нақши хешро мегузорем.

Ҷаъфарзода С.Х. – н.и.т., дотсент, декани

факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ