(Дар ҳошияи баргардонидани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад)
Тоҷикистон дар замони истиқлоли миллӣ бо сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пешрафтҳои назаррасеро соҳиб гардад. Ин пеш аз ҳама дар руҳи худшиносиву ватанпарастӣ тарбия ёфтани насли наврас мебошад. Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки соҳиби хотираи таърихӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад. Таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар ин марҳила боз ҳам дар он зарур аст, ки мо танҳо бо ҳамин дарку шинохт метавонем ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин нигаҳ дорем. Маълум аст, ки рӯз аз рӯз ҳуҷумҳои идеологияҳои мухталиф ҷомеаи ҷаҳониро ноором сохта, таъсири манфии худро ба қишрҳои гуногуни башарият мерасонанд. Ин гуна ҷараён моро водор месозад, ки ба дарку маънии аслии мафҳумҳои худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ватанпарстӣ, дӯст доштани марзу буми худ, эҳтиром ва бузургдошти арзишҳои маънавию миллӣ бирасем ва чунин арзишҳоро ба хубӣ бишносем. Бояд дар назар дошт, ки шинохти худшиносии миллӣ ва дарки арзишҳои маънавӣ кори саҳлу осон нест. Вақте дар бораи худшиносии миллии тоҷикон, бунёди маънавии халқҳои ориёнажод ва сайри таърихии ин қавм дар паҳнои таърих андеша менамоем, беихтиёр навиштаҳои Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон оид ба решаҳои таърихии ин халқи куҳанбунёд пеши назар меояд. Ин шахсияти таърихии замони имрӯз дар асари пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаммои пайдоиши халқҳои Аҷамбунёдро дар чунин матлаб ифода кардаанд, ки рӯҳи иҷтимоии худшиносона дошта, андеша ва равони хонандаи имрӯзро ба таърихи азалии он наздик мебарад: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахуст аҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёнижодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?» Ин суолоти арзишманду мондагори Пешвои муаззами миллат ба ҳар як тоҷики ватандӯсту худшинос равона шудааст, ки бояд ҳаррӯз аз худ бипурсад ва ба посух додани ин пурсишҳо бикӯшад. Зеро маҳз худшиносӣ роҳи асосии расидан ба маърифати инсон ва ҷомеа мебошад. Шинохти аслу насаб аз шартҳои нахустин ва асосии худшиносӣ аст, ки барои амиқрафтани дарки моҳияти маънавии инсон ва мақоми ӯ дар ҷомеаи мутамаддин заминаи мусоид ва муассир фароҳам меоварад. Арҷ гузоштан ба маънавият ва фарҳанги дурахшони гузаштаву имрӯзаи миллат, эҳтироми хос ба таърихи пурғановати тоҷикон ва садоқати ҳамешагӣ ба ормонҳои ватангароӣ муҳимтарин унсурҳои хештаншиносӣ ба шумор мераванд.
Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни бою ғаниаш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун медонанду мешиносанд. Яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад. Тоҷикистон дар тули таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони муосир бо дарёфти мақому манзалат ифтихорангез ноил гардидаанд. Ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро ки надонистани таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар барои қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тӯли таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон, пешвоён ва сарлашкарон, назири Шерак, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони шарафманди дигар тавъам буд.
Идомаи сиёсати инсонмеҳварона ва фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки хоки рамзӣ ва хотираи абадии Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад ба Ватан баргардонида шуд. Иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросими таърихиву маънавӣ бозгӯи арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад. Дар ин маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд. Пайванди маънавии қаҳрамонон бо Меҳан дар сиёсати Пешвои миллат оид ба ҳифзи хотираи миллӣ ифода ёфта, овардани хоки рамзӣ ҳамчун нишонаи эҳтиром ба таърих, ворисияти наслҳо ва давлатдории миллӣ арзёбӣ мегардад.
Худшиносӣ мақому манзалати инсонии хyдpо бо pешаҳои таъpихӣ, бо саpнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башаp даpк каpдан аст. Тоҷикон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамаддин ба дарёфти мақоми муаззам ва ифтихорангез ноил гардиданд.
ҲАБИБҶОН МИРЗОЕВ, номзади илмҳои таърих, муовини декан оид ба таълими факултети муносибатҳои байналмилалӣ







