ГИРОМИДОШТИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ – АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

28

Арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати халқи тоҷик, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва поси хотири номи неки фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат бозкушоӣ гардида, дастовардҳои фарҳангии ниёгони тоҷикон эҳё шуданд ва гиромидошти ном ва хизматҳои шоистаи аҷдодони халқи тоҷик ба роҳ монда шуд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ – «Чеҳраҳои мондагор» (2016) ҷонфидоии Нусратулло Махсум ва қаҳрамонии Шириншо Шотемурро инъикос намуда, нақши таърихии ин фарзандони фарзонаи халқи тоҷикро дар роҳи бунёди давлати тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои халқи тоҷик, ҷонисории онҳо барои соҳибистиқлолӣ ва озодӣ бо далелҳои раднопазир исбот намудааст.

Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷонфидоии Нусратулло Махсум дар асари худ қайд менамояд, ки: «Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Кӯшишу талошҳои ӯ, пеш аз ҳама, дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст».

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари хеш нақши таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемурро чунин арзёбӣ намудааст: «Шириншо Шотемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд».

Андешаҳои Сарвари давлат доир ба гиромидошти хизматҳои неки фарзандони фарзонаи халқи тоҷик буда, саҳми онҳоро дар ташаккули низоми давлатдории миллӣ инъикос менамояд.Дар баробари ин, дар асоси сиёсати фарҳангдӯстона ва таърихсозонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 18 майи соли 2026 бори дигар хотираи неки фарзандони ҷонфидои миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи таърихи халқи тоҷик Нисор Муҳаммад гиромӣ дошта шуд.

Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Русия мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди миллати тоҷик Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд.

Ин иқдоми наҷиб ва таърихӣ ба хотири эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба хизматҳои шоистаи ин шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва тақвияти хотираи таърихии халқи тоҷик роҳандозӣ гардид.

Бояд гуфт, ки маросими расмии супоридани мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди миллати тоҷик Нисор Муҳаммад рӯзи 18 майи соли 2026 дар оромгоҳи Дон шаҳри Москва дар ҳузури намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Мушти хоки ин фарзандони арҷуманди миллат дар капсулаҳои махсус ба Тоҷикистон оварда шуда, дар оромгоҳи Ватан дафн карда шуданд.

Ин иқдом, пеш аз ҳама, ғамхории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тақдири фарзандони ҷонфидои халқи тоҷик, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди миллати тоҷик Нисор Муҳаммад буда, дар роҳи ҳифзи мероси таърихии халқи тоҷик нақши калидӣ дорад.

Бозгардонидани капсулаи мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди миллати тоҷик Нисор Муҳаммад қадами муҳим дар роҳи ҳифзи мероси таърихӣ ба ҳисоб рафта, заминаи созандаро барои тақвияти ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо ҷиҳати бозгардонидани капсулаи мушти хоки чеҳраҳои барҷастаи таърих ва фарҳанги Тоҷикистон фароҳам меорад.

Боварии комил дорем, ки рӯҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди миллати тоҷик Нисор Муҳаммад шод хоҳад буд ва миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ хизматҳои таърихии ин фарзандони фарзонаи халқро фаромӯш нахоҳад кард.

АНВАРИ САФАРӢ – н.и.т., дотсент, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ