ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

606

Дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки 27 – уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва паёми ҷонбахше буд аз фарорасии сулҳи деринтизор.

Имрӯз бахшида ба ин санаи таърихӣ дар факултети муносибатҳои байналалқӣ чорабинии илмӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – заминаи рушди усутавори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки Баротзода Файзулло Бобо – вакили Маҷлиси намояндагонва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаъфаров Сайҳомид Хайриддинович – н.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Чорабинии мазкурро декани факултет Ҷаъфаров С.Х. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 26-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон табрик намуд. Сипас дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ ва ризояти миллӣ” маърӯза кард.

Баъдан дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ омили асосии рушди сиёсати хориҷӣ” Баротзода Ф.Б. вакилми МНМО Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Чорабинӣ бо суолу ҷавоб хотима ёфт.