ТАШАККУЛИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН: АЗ ДӮСТИИ ТАЪРИХӢ ТО ШАРИКИ СТРАТЕГӢ

6

(дар ҳошия Сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон аз 21-22 апрели соли 2026)

Пас аз ба даст овардани Истиқлолии давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ вориди низоми ҷаҳонӣ гардида, дар шароити таҳаввулоти амиқи геосиёсӣ барои касби ҷойгоҳи шоиста талош намуд. Дар ин замина, рушди муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ҷумҳурии Қазоқистон, яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷӣ арзёбӣ гардид, ки онро ҳам омилҳои геоиқтисодӣ, аз ҷумла бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳам умумияти таърихию фарҳангӣ ва мероси муштараки давраи шуравӣ тақвият мебахшиданд. Ҳамзамон, наздикии мавқеъҳои сиёсӣ, зарурати таъмини амнияти минтақавӣ, вобастагии мутақобилаи иқтисодӣ ва мавҷудияти имконоти васеи ҳамкории судманд ба таҳкими робитаҳои дуҷониба замина фароҳам оварданд. Дар натиҷа, ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар даврони истиқлол марҳилаҳои пайдарпайи ташаккул ва таҳаввулро тай намуда, дорои аҳамияти муҳими илмӣ ва амалӣ гардидаанд.

Марҳилаи аввалини рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба давраи истиқрори ҳамкориҳои мутақобила (солҳои аввали истиқлол) рост омада, дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ва геосиёсии пасошуравӣ ташаккул ёфт. Дар ибтидо Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муайян намудани ҷойгоҳи худ дар низоми байналмилалӣ машғул буд, аммо ҷанги шаҳрвандӣ ин равандро муваққатан боздошт. Танҳо баъд аз ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муайян гардидани принсипҳои калидии сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Қазоқистон, заминаи нави муносибатҳои дуҷониба фароҳам гардид. Истиқрори расмии муносибатҳои дипломатӣ 7 январи соли 1993 ва имзои санадҳои бунёдӣ, ба мисли Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳо аз 13 январи соли 1993, пояҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ устувор намуданд. Дар ин давра, бо дарназардошти таҳдидҳои умумӣ, аз қабили бесуботии минтақавӣ, буҳрони Афғонистон, терроризм ва заъфи низомҳои амниятӣ, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва амниятӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо карданд, ки он дар ташкили неруҳои дастаҷамъонаи ҳофизи сулҳ ва имзои созишномаҳои соҳавӣ таҷассум ёфт. Ҳамзамон, Қазоқистон дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва таъмини суботи сиёсӣ нақши муҳим бозида, ҳамчун миёнарав ва кафили сулҳ баромад намуд. Дар баробари ин, умумияти манфиатҳои иқтисодӣ ва вобастагии мутақобилаи хоҷагиҳои миллӣ ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат карда, имзои як қатор созишномаҳо дар самти савдо, молия ва қарзҳо барои рафъи мушкилоти давраи гузариш замина гузошт. Инчунин, ташаккули платформаҳои нави бисёрҷониба, аз ҷумла равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ ва пайдоиши форматҳои минтақавӣ, ба монанди “панҷгонаи Шанхай”, ҳамоҳангии мавқеъҳои кишварҳоро дар масъалаҳои амният ва сиёсати хориҷӣ тақвият доданд. Бо вуҷуди мавҷудияти монеаҳо, аз ҷумла вазъи ноороми дохилии Тоҷикистон, норасоии заминаи ҳуқуқӣ ва мушкилоти иқтисодӣ, муносибатҳои дуҷониба тадриҷан рушд ёфта, бо сафарҳои сатҳи олӣ, таъсиси намояндагиҳои дипломатӣ ва густариши пояи шартномавӣ таҳким пайдо карданд. Дар маҷмуъ, марҳилаи аввал ҳамчун давраи ташаккули ибтидоии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон арзёбӣ гардида, бо вуҷуди номуназзамии равандҳо, заминаи боэътимоди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалиро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои стратегӣ фароҳам овард.

Марҳилаи дуюми рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки моҳиятан давраи рушди устувор ва сифатан нав ба шумор меравад, дар заминаи тағйироти амиқи геосиёсӣ пас аз рӯйдодҳои 11 сентябри соли 2001 ва таҳкими равандҳои ҷаҳонишавӣ ташаккул ёфт. Дар ин давра равобити дуҷониба бо хусусиятҳои субот, муколамаи мунтазам ва ҳадафманд, сатҳи баланди эътимод ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба фарқ намуда, аз марҳилаи қаблӣ ба сатҳи нави институтсионалӣ ва амалӣ гузашт. Омилҳои калидии ин равандро барқароршавии суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, афзоиши иқтидори иқтисодӣ, инчунин зарурати ҳамоҳангии амалҳо дар муқобили таҳдидҳои муосир ташкил медиҳанд. Қабули Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002) ва эълони сиёсати «дарҳои кушод» ба ташаккули равиши бисёрсамтаи сиёсати хориҷӣ мусоидат намуда, ҳамзамон бо сиёсати бисёрсамтаи Қазоқистон ҳамоҳанг гардид. Дар ин марҳила, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиёт, инчунин афзоиши гардиши савдо ва рушди ҳамкории мустақими минтақавӣ миёни воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ аҳамияти махсус пайдо кард. Ҳамзамон, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, таъсиси ҷамъиятҳои дӯстӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак ба наздикшавии бештари халқҳо мусоидат намуданд. Сафарҳои мутақобилаи сатҳи олӣ ва имзои санадҳои сершумори байнидавлатӣ заминаи ҳуқуқии муносибатҳоро боз ҳам тақвият бахшида, ҳамоҳангии мавқеъҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳким доданд. Дар маҷмуъ, ин марҳила бо табдили муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба ҳамкории бунёдӣ ва васеи муосир тавсиф гардида, заминаи гузариш ба сатҳи шарикии стратегиро фароҳам овард.

Марҳилаи сеюми рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ҳамчун давраи таҳаввул ва сифатан нави ҳамкориҳо арзёбӣ мегардад, аз 14 сентябри соли 2015 бо имзои Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ оғоз шуда, натиҷаи мантиқии рушди тадриҷӣ ва ҳадафманди равобити дуҷониба дар давраи истиқлол ба ҳисоб меравад. Ин марҳила дар заминаи тағйироти амиқи низоми байналмилалӣ, афзоиши таҳдидҳои ғайрианъанавӣ ва зарурати ҳамоҳангсозии вокунишҳо ба онҳо ташаккул ёфта, бо қабули консепсияҳои муосири сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар, ки ба принсипҳои бисёрсамтӣ, воқеъбинӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ такя менамоянд, ҳамоҳанг гардид. Гузариш ба сатҳи шарикии стратегӣ ба дарки муштараки манфиатҳои дарозмуддат, наздикии мавқеъҳо дар масъалаҳои калидии минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин мавҷудияти эътимоди мутақобила ва заминаи устувори ҳуқуқӣ такя намуда, имконияти густариши ҳамкориҳоро дар ҳамаи соҳаҳо фароҳам овард. Дар ин давра муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба сатҳи баландтар баромада, ҳамкориҳои иқтисодӣ бо афзоиши назарраси гардиши савдо, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва рушди робитаҳои мустақими институтсионалӣ тавсеа ёфтанд. Ҳамзамон, густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ, фаъолшавии диаспораҳо ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва фарҳангӣ ба таҳкими робитаҳои байниҷамъиятӣ мусоидат намуданд. Дар шароити ташаннуҷи равобити байналмилалӣ ва афзоиши рақобатҳои геополитикӣ, кишварҳо ҳамкории худро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тақвият дода, барои таъмини суботи минтақавӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир мавқеи ҳамоҳангро ишғол менамоянд.

Таҳлили вазъи муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар поёни асри ХХ ва оғози асри XXI нишон медиҳад, ки онҳо ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардида, ба манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар мутобиқ мебошанд. Дар шароити муосир равобити дуҷониба бо суръат ва дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттиҳод рушд меёбанд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2023 ду мулоқоти сатҳи олӣ 4 май ва 25-26 август баргузор гардида, дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳи майи ҳамон сол якҷо бо Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев Эъломия дар бораи ҳамкории муттаҳидӣ ба имзо расид. Дар маҷмуъ, дар доираи ин сафар зиёда аз 20 санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳо қабул гардид, ки заминаи густариши минбаъдаи муносибатҳоро фароҳам меорад. Ин сатҳи нави равобит ҳамчун омили муҳимми рушди пайдарпайи ҳамкориҳо дар тамоми самтҳо баромад намуда, дар доираи ҷашни муносибатҳои дипломатии ду кишвар аҳаммияти хосса касб мекунад. Дар санаи 21-22 августи соли 2024 дар ҷаҳорчӯбаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар тули се даҳсола заминаи устувори ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст, ки имконияти рушди ҳамкориҳоро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба, бахусус дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъмин менамояд.

Сафари навбатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва иштирок дар Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” инъикоси самти минтақавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳалли дастаҷамъонаи масоили минтақа ва рушди ҳамкориҳои мутақобила бо ин кишвар ба шумор меравад.

Тавре аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон дар ин ҳамоиш бармеояд: “Саммити мазкур дар шароити шиддатёбии мушкилоти глобалии экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои табиӣ, норасоии захираҳои об ва афзоиши офатҳои табиӣ баргузор гардида, зарурати таҳкими ҳамкории ҳамоҳанг ва фаромиллиро ба миён мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди он ташаккул меёбанд, дар таъмини амнияти обӣ ва рушди устувори минтақа нақши калидӣ мебозад. Дар маҷмуъ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, таҳияи мавқеъҳои ҳамоҳанг ва татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла дар доираи барномаи амал то соли 2030, ҳамчун омили муҳимми муқовимат ба чолишҳои экологӣ ва таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад”.

Умуман, расидани муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ аз гузариши онҳо ба марҳилаи нави сифатӣ шаҳодат дода, натиҷаи таҳаввули низомҳои сиёсиву иқтисодӣ ва таъсири тамоюлҳои нави минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Шарипов Амриддин, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ