Таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ

747

Халқҳои тоҷик ва чинӣ таърихан дар ҳамҷаворӣ қарор дошта, тули қарнҳо зимни мубодилаи молу коло, илму фарҳанг, арзишҳои ахлоқию маънавӣ ва тамаддунӣ зиндагӣ карданд. Вале рушди воқеии ҳамкориҳои мутақобила дар даврони истиқлолият ба амал омада, дар таҳаввули ин равобит нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассир мебошад. Аввалин сафари хориҷии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии мардумии Чин сурат гирифта, аҳдномаҳои имзошуда заминаи ҳуқуқии тақвияти ҳамкориҳо ва рушди тадриҷии он гардид, ки дар марҳилаи ҳозира дар сатҳи шарикии стратегӣ рушд менамояд. Рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай фишанги дигари мқ ва таҳаввули равобити кишварҳо ба шумор меравад. Хартияи СҲШ ва асноди дар чаҳорчӯбаи он ба имзорасида заминаи устувори рушди ҳамкориҳои мутақоибал дар сатҳи минтақавӣ гардиданд.

Аз ҷониби дигар, бо дарназардошти ягонагии ҷуғрофӣ ва умумияти фарҳангию таърихӣ кӯшишҳои рушди муносибат дар қаринаи қолаби Осиёи Марказӣ – Чин ҷараён дорад, ки метавонад омили густариши ҳамкориҳо ва вокуниш ба падидаҳои манфии ҷаҳонишавӣ, хислати дастаҷамъонаи муқовимат бо хатарҳои муосир бошад. Дар ин қарина, санаи 18-19 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Пешвои миллат, дар кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар шаҳри таърихии Сиан баргузор шудани ҳамоиш бисёр рамзӣ мебошад, зеро Роҳи бузурги Абрешим маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, дар замони мо рушду эҳё меёбад ва барои ба ҳам наздик шудани кишварҳову мардумони мо хизмат мерасонад. Пешвои миллат дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомаеи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз дошт, ки маҳз бо дарназардошти ин ҳолат аҳамияти ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” афзоиш меёбад. Дар ин росто Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи таҳкими ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид карданд. Президенти ҷумҳурӣ қайд кард, ки давоми се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфтанд. Дар ин росто мулоқот дар доираи саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои мо гардад.Ҳамзамон Пешвои миллат иброз дошт, ки буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор, таъсири манфӣ мерасонад.Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ барои беҳсозии робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ байни кишварҳои минтақа ва рақамикунонию соддагардонии тартибот дар тиҷорати байналхалқии давлатҳо, инчунин таъсиси марказҳои логистикӣ манфиатдор мебошад. Дар рафти суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷалб сохт. Таъкид гардид, ки таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар, диққати махсус медиҳад. Инчунин мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо зикр шуда, қабули “Эъломияи Сиан” мавриди ҷонибдорӣ қарор мегирад.

Мусаллам аст, ки дар шароити рушди устувори ҳқуқи байналхалқӣ заминаи ҳуқуқӣ ва асноди байнидавлатӣ яке аз омилҳои муассири рушди равобити мутақобила ба шумор мераванд. Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истиснонабуда, дар доираи он асноди муҳимми ҳамкорӣ – Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва асноди нав имзо шуд, ки фарогири самтҳои гуногун, аз қабили иқтисод, сиёсат, илм-фарҳанг, гуманитарӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ ва ғайра мебошад. Умуман, дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмуъ 25 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.Имзои асноди байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидорӣ оид ба густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин заминаи таҳқими пойдевори аҳдномавӣ-ҳуқуқӣ, ташаккули уфуқҳои нави ҳамкорӣ ва дурнамои созандаи равобити мутақобила мегардад, ки ҷавогӯйи манфиатҳои миллии кишварҳо ба шумор меравад.

Шарипов А.Н. – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ