Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мукилот ва дурнамо

723

Мизи гирди умумидонишгоҳии илмию амалӣ дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мукилот ва дурнамо»

Макони баргузорӣ: Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, толори Маркази коршиносиву таҳлилии ДМТ (кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон); Оғози кор: соати 1000.

Дар кори мизи гирд олимон ва муҳаққиқони ҷавони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. Мақсади ҷорабанӣ: таҳлил ва баррасии дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир. Дар рафти чорабинӣ масоили вобаста ба таъсири COVID-19 ба вазъи сиёсатӣ ва иқтисодии кишварҳо, таҳлили дастовардҳои сиёсати хориҷии ҶТ дар солҳои 2013-2020; имконоти истифодаи “неруи хушманд” дар шароити Тоҷикистон;  рушди сайёҳӣ ҳамчун омили дипломатияи фарҳангӣ дар сиёсати хориҷӣ; рушди таҳлилгарӣ ҳамчун имкони тавсеаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон; ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии ҶТ бо  ЮНЕСКО дар даврони Шӯравӣ ва дигар мавзуҳои мубрам ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шунида шуданд.

Дар рафти чорабинӣ бо дарназардошти масоили баррасишуда ва мубрамияти онҳо аз ҷониби ҳозирин як қатор тавсияҳо пешниҳод шуданд:

– ҷоннок намудани таҳқиқоти масоили муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ дар кафедра ва Маркази коршиносиву таҳлилии ДМТ (таҳлили сиёсати хориҷӣ, дипломатия, татбиқи манфиатҳои миллӣ, омӯзиш ва пешгирии таҳдиду чолишҳои муосир, таҳлили пайвастаи вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ дар минтақа ва ғ.);

– тарҳрезӣ ва татбиқи фаъолият оид ба омода намудани таҳлилгарон дар заминаи кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ;

– нашр намудани маҷмӯаи мақолаҳои мизи гирд;