РАМЗИ ИФТИХОРОМЕЗ

91

Дар ҳошияи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбқнёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан ҳам дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидани рамзи хоси “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ифтихоромез аст. Хоса рост омадани таҷлили 30-солагии қабули санади тақдирсоз, бахтномаи миллат- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ибтикори рамзӣ ва ҳуввиятсоз маҳсуб меёбад.

Ҷашн болои ҷашн омадани ҳар ибтикори тоза дар Тоҷикистон нишонаи фарзонагӣ ва соҳибхирадии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо мардуми Тоҷикистон аз ҳастии чунин марди раҳи ватандорию ватансозӣ шукру сипоси беандоза бар лаб дорем.

Дар ин баробар, таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябр аст, ба шукуҳи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” шаҳомати дигаре зам месозад, зеро “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” як боби асосӣ ва хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Дар ин матлаби мухтасар талош менамоем, ки аз хусусиятҳои ифтихорангези рамзи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” назаре чанд иброз намоем. Рамзе, ки дар он армонҳои расидан ба маърифати баланди ҳуқуқии мардуми Тоҷикистон таҷассум ёфтааст. Мардуме, ки аз насли Курӯши бузург сарчашма мегиранд. Курӯше, ки пурмуҳтавотарин ва нахустин Эъломияи ҳуқуқи башарро иншо кард ва дар ҷаҳон ҳарф аз сулҳу амнияти башарият зад ва таъкид намуд, ки танҳо адолат дар таъмини зиндагии шоистаи мардуми олам нақши калидӣ дорад.

Иқдоми эълон гаштани соли 2024 ба унвони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” идомаи мантиқии кори шоистаи Курӯши Кабир дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои мардуми Тоҷикистон аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамчун пайрави асили ниёгони воқиф аз маърифати баланди ҳуқуқӣ пешниҳод намуданд.

Пеш аз тафсири рамзи мазкур месазад, ки перомуни аҳаммияти таҷлил аз “Соли маърифати ҳуқуқӣ” сатре чанд иншо созем.

Ба андешаи мо эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии сарчашма мегирад, ки дар бахше аз он чунин зикр шудааст: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.Аз ин бармеояд, ки Тоҷикистон барои дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати қонунмеҳвар беш аз пеш эътироф шудан бояд шаҳвандонро дар рӯҳияи доштани маърифати баланди ҳуқуқӣ раҳнамоӣ созад.Яъне, барои расидан ба қонунмеҳварӣ шарти нахустин ин аст, ки мардум риояи оқилонаи қонунро асоси расидан ба зиндагии шоиста бишносанд. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯй биёваранд ва бидонанд, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд” ва ба ин васила “Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии..” хешро ба унвони инсон дахлнопазир бишносанд.Моддаҳои дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар поён чандеро ба унвони мисол меорем, андешаҳои иброзшударо комил месозанд:

“Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд” (моддаи 14).

“Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд” (моддаи 17).

Барои зикри бештари аҳаммияти “Соли маърифати ҳуқуқӣ” месазад ба суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ овард, ки мефармоянд: “Мақсад аз қабули қарор дар бораи соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад”.

Пешвои миллат тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» унвон кардаанд, ки дуруст ва мақсаднок аст.

“Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад”-омадааст дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар рамзи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” низ ҳама армонҳои мардуми огаҳ аз ҳуқуқу озодиҳои хеш ва давлати қонунмеҳвари Тоҷикистон ба шеваи ҷолиб мунъакис гаштааст..

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади иҷрои банди 3 нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2024, №АП-533 тасдиқ шудааст, бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024, №50 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда гардидааст.

Дар тафсири рамзи мазкур омадааст, ки он намуди доирашакл дошта, гирдогирди рамзро хати доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

Дар идома зикр шудааст: “Дар гирди қисми болои рамз бо забони тоҷикӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки ифодагари моҳияти рамз мебошад, навишта шуда, дар қисми поёни он рамзи шараф – шохи баргдори дарахти лавр бо тасмаи серахаи печида, ки ифодакунандаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷой гирифтааст”.

Китоби кушода, офтоби оламоро ва тоҷдасти шоҳӣ, ки дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамзанд, маъно ва муҳтавои дониш, таълиму тарбия, нур, гармӣ, шифо, саховатмандӣ, ваҳдати миллӣ, иқтидори давлат ва роҳнамою равшанидиҳандаро медиҳанд.

Бо дарки ин муҳтаво метавон рамзи “Соли маърифати ҳуқуқӣ”-ро рамзи адолат ва қонунмеҳварии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон кард.

Фотима Ғайратова,н.и.т, омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ