Парчам омили муаррифкунандаи миллату давлат

167

Бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Парчам омили муаррифкунандаи миллату давлат дар арсаи байналмилал” дар факултет доир гардид

Имрӯз дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ бо ибтикори кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Парчам омили муаррифкунандаи миллату давлат дар арсаи байналмилал” доир гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Дар кори семинар маърӯзаҳои пурмуътавои устодон аз қабилӣ: Шарипов А.Н. Аҳамият ва муҳимияти эҳтироми Парчам дар рванди ҷаҳонишавӣ; Маликов К. – История вознокновения и значение флаг; Басиров Б.С. – Парчам ифодагари қудрат ва шукуҳу шаҳомати кишвар; Пайвандов Х.Б. – Парчам-рамзи озодиву соҳибистиқлолии давлат; Файзуллоев К.С. – Парчам омили муаррифкунандаи миллату давлат мавриди мубоҳиса ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар охири семинар, вобаста ба маърӯзаҳои ироашуда баҳсу мунозира ва саволу ҷавоб аз ҷониби донишҷӯён ва устодон баргузор гардид.