НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ

313

Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан аз оғози офраниш ҳамқадами мард буда, дар таърихи инсоният нақши муассир дорад. Тавре мегӯянд, зан аз қабурғаи тарафи чап офарида шуда, ба дил наздик мебошад. Дар тӯли инсоният зан ҳамеша дар қалби мардон ҷой дошта, ҳамин усули муомила бо ҷинси латифи инсон аз насл ба насл мегузарад. Аммо ҳар қадар кушиш накунед, бо ақли худ занро дарк карда наметавонед. Агар ин ҳикмат аз як ҷониб ишваю нози занро ифода намояд, пас аз ҷониби дигар инъикоси бузургии зан мебошад, зеро танҳо шахсони нотакрорро дарк кардан номумкин мебошад.

Ҳамин тавр, ҷинси қавӣ кӯшиш мекунад, ки барои ба даст оврадани қалби зан Моҳро ба даст орад, аждаҳоро бикушад ва барои он ба душманон биҷангад. Аз ҷониби дигар маҳз занҳои зебо омилимарги давлат ва қаҳрамонони таърих гаштаанд. Ҳамин тариқ, Еленаи зебо боиси марги Троя гардид. Зебоии зан шоирони ҳама давру замонҳо, ҳайкалтарошҳо, рассомон, нависандагонро ба ваҷд оврадааст. Зебоии Аноҳита, Андромеда ва Нефертити ҳамеша ҳамчун намунаи мафтункунанда хизмат менамуданд.

Мақбараи Тоҷ Маҳал ва Боғҳои муаллақи Бобул ёдгориҳои муҳаббати зебо ва олии ҳокимон ба дӯстдоштаҳои худ мебошанд.

Дар қурбонгоҳи ишқ чи қадар мардон, мисли Антонио (Клеопатра), Ромео (Ҷулетта), Отелло(Дездемона), Маҷнун (Лайла), Хусрав(Ширин), Комде(Мадан) ва ғайра қурбонӣ шуданд.

Дар баробари ин таърихи башарият шоҳиди нақши зан дар оғози дипломатияи хонаводагӣ ва таҳқими иттиҳоди кишварҳо мебошад.

Мусаллам аст, ки аз ақди аввалин аҳдномаи дипломатӣ соли 1278 пеш аз милод байни фиръавни Миср Рамзеси II бо шоҳи Хетҳо Хаттушили III ҷиҳати таҳкими иттиҳоди байнидавлатӣ духтари шоҳи Хетҳо ба фиръавни Миср дода шуд. Ин амр омили зуҳур навъи хоси дипломатия дар аҳди Бостон гардид, ки то оғози асри ХХ идома ёфт.

Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем симои зани тоҷик ҳамчун фарҳангпарвару сиёсатмадор ва илмдӯсту хирадманду кордон тасвир ёфтааст. Агар мо ба умқи таърих назар андозем, аввалин низоми давлатдорӣ модаршоҳӣ буда, занҳои пешво, аз қабили Томирис, Гурдофарид, Фарангис шаҳомати идорӣ ва ҷасоратро дар симои худ ифода менамуданд. Дар давраҳои минбаъдаи таърих то ҳуҷуми арабҳо агарчӣ ҷомеаи модаршоҳӣ ҳам аз байн рафта бошад, лекин ин фаҳмиш ба ҳукми анъана даромада, нуфузу эҳтироми Зан – Модар поён нарафт.

Баррасии ҷойгоҳи зан дар густураи жарфи таърих аз ду зовия сурат мегирад: аз назари ҷинсият(gender) – шакли иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равоншинохтӣ ва нишон додани тафовут миёни мардон ва занон; аз лиҳози қудрат (authority) – қудрат/иқтидор бартарии иҷтимоӣ, табиӣ дар ҷомеа аст.

Зан дар аҳди бостон корҳои хона ва хонаводаро идора мекард ва аз неруи шигифтангезе бархурдор буд, зеро дар ҷомеаи модарсолор ба неруи қудрат, ҷавҳари ҳаёт ва устурагуна будани ӯ қоил шуда, ӯро ба мақоми эзадӣ расонида буданд, ки мавҷудияти олиҳа Аноҳито гувоҳи ин гуфтаҳост. Аноҳиторо эзадбонуи обҳои ҷаҳон, олиҳаи ҳосилхезӣ ва борварӣ мешумурданд ва дар Яшти панҷуми Авесто – Ардвисур Аноҳито яшт (обон яшт) парастиш шудааст.

Дар таърихи инсоният марҳилаи коҳиши нақши зан ба асрҳои миёна рост меояд. Дар ин айём масеҳият занонро ба ҷодугарӣ муттаҳам карда, дар оташи инквизитсия мисли ҳезум месузонданд. Дар Шарқи пеш аз ислом занҳоро метавонистанд туҳфа намоянд, ҳамчун мол эҳдо созанд, ё иваз кунанд.Арабҳо қабл аз зуҳури дини ислом духтарони худро барои “пӯшидани шарми худ” зинда ба зинда гӯр мекарданд. Вале дар фарҳанги халқи тоҷик зан ҳамеша дорои эҳтироми хосса буд.

Зиёда аз он, мардони пешво мафтуни занҳои зебо ва дар фикри ташкили ҳарамсарои бузург аксари империяҳои муқтадир аз байн рафтанд.

Дар солҳои 80-уми асри гузашта теъдоди занони коргару хизматчӣ дар миқёси шуравӣ51% ва дар Тоҷикистон 39% -ро ташкил додааст. Дар натиҷаи фаро гирифтани занон ба таҳсил теъдоди омӯзгорон аз ҳисоби занон ба71% расид, ҳамчунин аз ҳар се муҳандис якеаш зан ва аз шумори 4 табиб се нафарашон зан буд.

Рисолати модарӣ дар замони шуравӣ ҳамчун вазифаи иҷтимоии зан дониста мешуд, аз ин рӯ барои модарони серфарзанд унвони махсуси фахрии «Қаҳрамонмодар» ва ордени «Шарафи модарӣ» ва «Медали модарӣ» муқаррар карда шуд. Дар ҳамин давра зиёда аз 4 миллион нафар занон бо ордени «Шарафи модарӣ» ва зиёда аз 10 миллион нафар модарон бо медали «Нишони модарӣ» мукофотонида шуданд.

Зан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад. Ҳар як паҳлавон, қаҳрамон, шоҳаншоҳ, шоир, нависанда, тоҷир ва шахси омӣ дорои модар мебошад.

Ҳамзамон модар аввалин мураббии фарзанд ва роҳнамои ӯ буда, аз ҳиммат, дониш, ғайрат ва садоқати ӯ фарзанд тарбият мегирад.

Омӯзгори халқи ҷаҳон ӯст аз нахуст,

Дар боғи ӯ зи нобиға садҳо ҳазор руст.

Гарчӣ фаришта нест зи покӣ сиришта аст,

Дар хулқу хуву нафс зи ҷинси фаришта аст.

Мусаллам аст, ки мафҳуми модар бо вожаи меҳан ҳаммаъно буда, дӯст дошани он, ҳифзи но ва арҷгузорӣ ба заҳматҳояшон ҳатмӣ мебошад.

Дар фарҳанги куҳани халқи тоҷик эҳтироми зан – модар ва мақоми он ҷойгоҳи муайянеро соҳиб буд. Ниёгони мо бо назардошти офаранда будани зан, ӯро ҳамрадифу ҳампояи замин медонистанд. Ба андешаи донишманди тоҷик Зафари Мирзоён аз миёни ориётабаорон тоҷикон яке аз қадимтарин мардуме ҳастанд, ки ниёгонашон заминро модар меномиданд.

Ҳатто новобаста аз рӯ ба рӯ шуданбо монеаҳои сершумор, дар таърихи инсоният занҳои барҷаста зиёд буданд. Ин занҳо бешубҳа афроди дорои қобилиятҳои зеҳнӣ ва қувваи эҳсосии баланд барои ноил шудан ба комёбӣ буда, ҳар кадоми онҳо дар замоне, ки дар он зиндагӣ мекарданд, аз дигарон фарқ мекарданд.

Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Истиқлоли давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагонии шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад.

Аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мушкилоти беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Бино ба маълумотҳо, Тоҷикистон аз аввалин кишвари ИДМ ҳаст, ки ба масъалаи ба­ланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати аввалинда­раҷа дода, 27-уми декабри соли1993 Конвенсияи байналмилалӣ “Дар бораи барҳам додани та­моми шаклҳои табъиз нисбат ба занон”-ро қабул кардааст.

Яке аз арзишмандтарин хизматҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон ин ҷудо намудани квотаи Президентӣ барои духтарони кӯҳистон дар макатбҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Иқдоми мазкур барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардонидани занон мусоидат намуд.

Пешвои миллат 7 марти соли 2017 дар вохӯрӣ ба ифтихори Рӯзи Модар қайд намудаанд: «Баланд бардоштани сатҳи маълумоту маърифат дар миёни занону духтарон шарти муҳимтарини беҳтар гардидани дараҷаи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли масъалаи шуғл ва рафъи бекорӣ мебошад».

Дар баробари ин санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқие қабул гардиданд, ки нақши занонро дар баробари мардон инъикос намуда, барои фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳои фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва иҷтимоб замина муҳайё намудааст.

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);

– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;

– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);

–Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5.

Масалан дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Имрӯзҳо дар ҷомеа соҳаеро пайдо кардан душвор аст, ки дар он зан-модари тоҷик кору фаъолият накунад.

Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан инчунин роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар қӯшунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти Ватану осудагии миллат расонида истодааст.

Дар ҳамин замина соли 2019 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз бонувони сиёсатмадори тоҷик Озода Раҳмон сафири созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» (Women Political Leaders) дар Тоҷикистон таъйин гардид.

Имрӯз дар ҷаҳони муосир ниҳоди ҳамсари сафир ва сафир-зан нақши хосса доранд, зеро тамоми чорабиниҳо фарҳангӣ, муаррфии таъриху анъана ва иқдомҳои башардӯстона дар кишвари мизбон маҳз аз ҷониби онҳо сурат мегирад. Хушбахтона дар низоми хизмати дипломатии тоҷик низ аввалин сафири зан таъин гардид. Рухшона Эмомалӣ аз 15-уми декабри соли 2021 бо фармони Президенти ҶТ сафири кишвар дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шуд

Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 хеш таъкид карданд, ки “Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”.

Дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд (Аз Паём, 2023).

Баланд гардидани мақоми зан дар чомеа барои пешрафти сиёсат нақши муҳим гузошт. Заминаи бофарҳангу ватанпарвар будани зани тоҷик буд, ки имрӯз зан-модари тоҷик олиму омӯзгор, ҳунарманду соҳибкор, варзишгару рӯзноманигор буда қариб, ки дар ҳамаи соҳаҳои калидӣ иштироки хуби занон дида мешавад.

Иқдоми дигар дар ҷодаи арҷгузори ба мақому манзалати Зан-Модар таҷлили Рӯзи модар аст, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва идомаи анъанаҳои ниёгон бо асолат ва муҳтавои азалиаш ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин замина, Ҷашни бонувонро бар ҳама модарону хоҳарон ва дӯстони арҷманд самимона шодбошу хуҷастабод гуфта, барояшон аз Худованд тандурустиву хубиву хушиву хонаободониро орзумандам. Зеро занҳо дар барбари иҷрои рисолати ҳаётӣ дар паҳлуи мардон истода ҷиҳати рушди ҷомеаи саҳм егузоранд.

Сано бодо ба ба занхое, ки “марданд”,

Баёзи зиндагиро байти фарданд.

Ба номардон бидода дарси марди,

Даме хусни заниро кам накарданд…

Умедворам, ки ҳамеша дӯстдошта бошанду дӯст доранд ва бахташон ҳамвора сабзу шукуфон бошад! Ҳамеша барои ободии ҷомеа, тарбияи насли ватандӯсту шуҷоъ ва ояндаи дурахшони тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Шарипов Амриддин, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ