НАҚШИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ИСЛОМӢ ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ХАТАРҲОИ ҶАҲОНӢ

125

Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ яке аз ниҳодҳои муҳимми мусулмонии дунё маҳсуб ёфта, дар мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳонӣ, ба вижа терроризму экстремизм нақши бағоят бузург дорад. Падидаи терроризм, шакл ва усулҳои мубориза қиболи он, дар қарорҳо, эъломияҳо ва  дигар санадҳои мухталифи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, дарҷ гардидаанд. Ба қатори ин санадҳо Қатъномаи Шурои Вазирони Корҳои Хориҷии СҲИ (Карочӣ соли 1992), Қарори Сарони кишварҳои СҲИ оиди мубориза бо терроризм (соли 1994), Эъломияи СҲИ дар бораи мубориза бо терроризм (Буркина-Фасо соли 1999), Эъломияи Куала-Лумпур оиди терроризми байналхалқӣ (соли 2002), Қатъномаи Боку (соли 2006) ва Қарори Ҷаласаи 6-уми Комиссияи СҲИ оид ба ҳуқуқи инсон, дар бораи “Муқовимати бесозиш бо экстремизм” (4-уми ноябри соли 2014 Ҷидда) дохил мешаванд.

Миёни ин ҳама санадҳо, Эъломияи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризми байналхалқии соли 1999 қабул гардида,  ки то имрӯз яке аз санадҳои комил ва муфид маҳсуб меёбад, нақши махсус дорад. Баъди имзо намудани ин Эъломия аз ҷониби қисми зиёди кишварҳои аъзо, соли 2002, ҳуҷҷати мазкур ба ҳукми қонунӣ даромад.

Мувофиқи тафаккури таҳаммулпазирии шариати исломӣ, ки ҳамаи шакли таҷовузу террор, бахусус ба иғвоангезӣ асосёфтаро, маҳкум мекунад, санад аз кишварҳои аъзо даъват ба амал меорад, ки 12 Эъломияи аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардидаро, дар бораи мубориза бар зидди терроризм, эътироф намоянд.

Дар қисмати аввали Эъломия сухан дар бораи тавсифи мавқеи умумии терроризм, таъриф ва моҳияти он меравад. Зикр гардидааст, ки ҳар як амали зуровариву таҳдиду таҷовуз сарфи назар аз далелу аҳдоф, ки аз тарафи як шахс ё гуруҳи ашхос, бо мақсади ваҳму даҳшат андохтан байни мардум, расонидани зарар ба саломативу зиндагӣ, номус, шаъну шараф, озодӣ, амният ва ҳуқуқи онҳо равона шудааст, маҳкум карда мешавад. Инчунин амалҳое ба монанди дар хатар гузоштан, ғасб ё ишғоли муассисаҳо, моликияти шахсиву ҷамъиятӣ, захираҳои давлатӣ, муассисаҳои байналхалқӣ ва таҳдид ба субот, тамомияти арзӣ, ваҳдати сиёсӣ ё соҳибихтиёрии кишварҳои соҳибистиқлол, зери интиқоди сахт қарор гирифтаанд.   

Мафҳуми “ҷинояти террористӣ” ин содирнамоии ҷиноят ё иштирок дар ҷиноятҳо баҳри амалисозии аҳдофи террористӣ, дар ҳамаи кишварҳори узви созмон, бар зидди шаҳрвандони ин мамолик, манфиатҳои ин кишварҳо, муассисаву шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар он давлат кору фаъолият мекунанд, фаҳмида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ин таърифи ҷинояти террористӣ аслан хоси кишварҳои мусулмонӣ маҳсуб меёбад, ки дар Эъломия дарҷ шудааст. Эъломия муборизаи мардум, ҳатто муқовимати мусаллаҳ бар зидди ишғолгарони хориҷӣ, зиддият ба таҷовузи онҳо, мубориза ба мустамликадорӣ ва гегемония, инчунин мубориза баҳри озодӣ ва худмуайянкунии миллатҳоро, ки мувофиқи ҳуқуқи байналхалқист, ҷинояти террористӣ намеҳисобад. Ҳарфҳои дар боло зикршуда бештар ба масоили ҳалношудаи Фаластину Исроил дахл дорад. Ҷанги фаластиниҳо муқобили Исроил чун амали озодихоҳӣ ва зиддиишғолгароӣ унвон шудааст, дар ҳоле ки давлати яҳудӣ ва бархе кишварҳои ғарбӣ, ин аъмолро ба терроризм нисбат медиҳанд.

Қисмати дуюми Эъломия (моддаҳои 3-21) ба масъалаҳои амниятиву додгоҳӣ бахшида шудааст ва сеюм бошад (моддаҳои 21-28) ба тавсифи принсипҳои умдаи ҳамкории давлатҳои мусулмонӣ дар мубориза бо терроризм – тартиби истирдоди ҷинояткорон, тартиби супурдани ҳуқуқи таъқиботи додгоҳӣ ва меъёрҳо оид ба ҳимояи шоҳидону коршиносон, бахшида шудааст. Қисми охирини Эъломия (моддаҳои 39-42) равандҳои баимзорасонӣ ва шомилшавии кишварҳо ба Эъломия ва инчунин тартиби баромадани давлатҳо аз онро, муайян менамояд.

Чӣ гунае, ки маълум гашт, Эъломияи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризми байналхалқии соли 1999, санади комили аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда, маҳсуб меёбад, ки масоили терроризмро возеҳу равшан баён менамояд. Дар баробари 12 эъломияи СММ, он низ метавонад асоси меъёриву ниҳодии байналхалқии муқовимат бо терроризми муосир бошад.

Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ҳамеша қотеона амалҳои террористиро бар зидди аҳолии осоишта, маҳкум менамояд. Собиқ котиби генералии созмон, Ияд бин Амин Маданӣ, ба ҳамаи амалҳои террористӣ ҳамеша вокуниш нишон медод. Масалан ӯ ҳамалоти интиҳории Порисро соли 2016 шадидан маҳкум карда, инчунин ба ҳамин монанд ҳодисаҳоро дар Нигерия моҳи январи соли 2015, Ҷибутӣ моҳи июни соли 2014 ва Тунис моҳи июли соли 2014, ба доираи интиқод кашида аст. Юсеф Бен Аҳмад ал Усаймин котиби генералии собиқи дигари СҲИ низ амалҳои даҳшатоварро дар Истамбул, Бағдод, Берлин ва дигар шаҳрҳои дунё, ки масъулияти содир кардани ин амалҳоро ҷангиёни давлати ба ном Исломӣ бар души худ гирифта буданд, маҳкум карда буд.

Кишварҳои аъзои СҲИ имруз мушкилоти таҳдиди терроризмро эҳсос мекунанд ва дар ҳудуди баъзе кишварҳои аъзо фаъолии бесобиқаи гуруҳҳои террористӣ мушоҳида мегардад, ки на танҳо ба амният, балки ба мавҷудияти давлатдории онҳо таҳдид мекунад. Барои ҳамин бисёр кишварҳои аъзо бозингарони фаъол дар мубориза бар зидди терроризм, унвон мегарданд. Бо дарназардошти фаъолии фавқулодаи гуруҳҳои террористӣ, фазои киберӣ ва таблиғи идеологияи онҳо, дар чаҳорчубаи СҲИ, Марказ оид ба муколлама, сулҳ ва эътимоди тарафайн, бунёд гардидааст.

Аммо ба дарки таҳдиди терроризм ва муҳимияти мубориза бо он нигоҳ накарда, мушкилоти муттаҳидии нуқтаи назар ва мавқеъ дар СҲИ, масъалаи доғ боқӣ мемонад. Бинобар сабаби таъсироти геополитикӣ ва ҳатто вижагиҳои диниву мазҳабии кишварҳои аъзо, созмон наметавонад маркази дастаҷамъии самараноки муассир ва қабули қарорҳои муҳими байналхалқӣ бошад.

Аз ҷониби террористон истифода шудани тафсирҳои дуруғини исломӣ баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ, ки имруз тавсеа ёфтаанд, бо шариати исломӣ ягон рабте надоранд. Мувофиқи китоби муқаддаси мусулмонони руи дунё Қуръон – ҳимояи ҳамаи инсонҳо аз зуроварӣ ва таҷовуз, ҳатмӣ аст. Тамоми амалҳо бар зидди зиндагӣ ва шаъну шарафи инсоният, гуноҳи азим маҳсуб ёфта, барои содири онҳо бояд дар ду ҷаҳон ҷавоб гуфт.

Бояд зикр кард, ки санаи 11 ноябри соли 2023 ҷаласаи ғайринавбатии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як қатор роҳбарони кишварҳои созмон ширкат варзиданд. Масъалаи меҳварии ҷаласа баррасии низои Исроил дар қаламрави Фаластин, ба вижа дар минтақаи Навори Ғазза маҳсуб меёфт. Кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ қотеона амалкарди Исроилро дар хоки Фаластин маҳкум карда, хостори он гардиданд, ки ҷиноятҳои ҷангии Исроил ҳарчӣ зудтар хотима дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронии худ нигаронии худро оид ба куштори кудакону занон дар Фаластин баён намуда, аз таъсиси давлати соҳибистиқлоли Фаластин бо пойтахташ дар Қудси Шарқӣ ҳимоят намуд.

Ба ҳамаи ин мушкилоту камбудиҳо нигоҳ накарда, СҲИ нақши боризи худро дар мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳонӣ, алалхусус терроризму экстремизм, давом медиҳад ва талош бар он мекунад, ки номи мубораки Ислом аз ин падидаҳои номатлуб пок гардад.

Дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи

факултети муносибатҳои байналхалқӣ                          Тупалов Ғ.Ш

Ассистенти кафедраи

муносибатҳои байналхалқӣ                                                    Файзуллоев К.С