Нақши шахсиятҳо дар рушди ҳамкориҳо

754

Таърихан абармардон бо намунаи шахсӣ, ҷоннисорию мардонагӣ ва азму ирода на танҳо заминаи ваҳдати ҷомеа, балки умқи ҳамкорӣ ва дӯстӣ бо халқҳои дигар мегаштанд.

Дар ин радиф, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдати миллӣ, эҳёи давлати тоҷикон, роҳандозии сиёсати хориҷии бисёрсамта ва муаррифии он дар саҳнаи ҷаҳонӣ назаррас мебошад. Хизматҳои Пешвои миллат на танҳо дар қаламрави кишвар, балки тамоми ҷаҳон эътироф гардида, бо нишону ҷоизаҳои гуногун қадрдонӣ шудаанд.

Яке аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат мусоидат дар умқ ва рушди ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Чин, коҳиши шиддати муносибатҳо байни кишварҳои минтақа ва Чин, таъсиси Созмони ҳамкори Шанхай ифода меёбад. Яке аз омилҳои ифтихори мардуми тоҷик имрӯз доштани чунин абармарди дунёи сиёсати ба сифати Сарвари давлат ба шумор меравад. Дар Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ”, ки метавонад як ибтикори бузург дар роҳи рушди ҳамгироии минтақавӣ ва шукуфоии умумӣ бошад, дар ҳузури сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон оид ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози андеша намуданд: «Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба Шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад».

Эътирофи роҳбари яке аз кишварҳои муқтадиртарини олам аз мавқеи калиди доштани Тоҷикистон дар фазои АвруОсиё, нақши Пешвои миллат ҳамчун роҳбари ҷаҳонбину арҷгузор ба манфиатҳои умумибашарӣ ва ташаббускор шаҳодат медиҳад.

Пас аз анҷоми кори Саммит Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бо нишони таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ниҳоли “дӯстӣ” шинониданд. Пешвои миллат, дар Боғи “Фуронг”-и шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, маросими оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ-Чин иштирок намуд.

Ҳамин тариқ, дар рушди ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Чин, густариши раванди ҳамгироӣ ва тавсеаи равобити мутақобила дар сатҳи Осиёи Марказӣ – Чин нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассир буда, аз ҷониби кишварҳои минтақа ва лидерони муносибатҳои байналхалқии муосир эътироф мегарданд.

Ҳабибҷон Мирзоев -устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ