НАҚШИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБӢ ВА ЭКОЛОГӢ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6

(Дар ҳошияи Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид)

Дипломатияи об як унсури муҳими сиёсати хориҷии кишварҳо мебошад, ки бо мақсади ҳифзи манофеи миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои обӣ амал мекунад. Ин раванд метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла гуфтушунидҳо, созишномаҳо ва ташаббусҳои байналмилалӣ, ба амал ояд.

Дипломатияи об дорои хусусиятҳои хосе мебошад, ки онро аз дигар соҳаҳои дипломатия ба кулли фарқ мекунад:

Масъалаи амниятӣ: Захираҳои об ҳамчун манбаи амнияти миллӣ ва минтақаӣ арзёбӣ мешаванд.

Ҳамкории минтақавӣ: Кишварҳо, махсусан дар минтақаҳои дорои захираҳои обии муштарак, бояд ҳамкории зич дошта бошанд.

Таъсири экологӣ: Истифодаи нодурусти захираҳои обӣ метавонад ба муҳити зист ва экосистемаҳои маҳаллӣ зарар расонад.

Ҳуқуқи инсон: Дастрасӣ ба об як ҳуқуқи асосии инсон мебошад, ки бояд дар сиёсати хориҷии кишварҳо инъикос ёбад.

Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ ва норасоии захираҳои табии ба яке аз таҳдидҳои асосии амнияти глобалӣ табдил ёфтаанд. Афзоиши ҳарорати миёнаи сайёра, коҳиши пиряхҳо, тағйирёбии низоми гидрологӣ ва зиёдшавии офатҳои табиӣ на танҳо ба муҳити зист, балки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Дар чунин шароит, нақши дипломатияи экологӣ ва махсусан дипломатияи обӣ меафзояд. Об ҳамчун манбаи ҳаёт ва рушди устувор, дар айни замон метавонад ба манбаи танишҳои минтақавӣ табдил ёбад, агар идора ва истифодаи он ҳамоҳанг ва одилона ба роҳ монда нашавад. Аз ин рӯ, масъалаи идоракунии фаромарзии захираҳои об ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлатҳо, бахусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ, табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ дипломатияи обиро ҳамчун самти муҳими пешбурди манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ истифода мебарад. Ин равиш дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар шаҳри Остона ба таври возеҳ инъикос ёфтааст.

22 апрели соли равон Пешвои миллат дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ таҳти унвони «Диди муштарак барои ояндаи устувор» иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронӣ таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақа ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил меёбанд. Ин вазъият, ба таъкиди Пешвои миллат, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд.

Худи баргузории чунин ҳамоиш шаҳодати он аст, ки масъалаҳои экологӣ ва обӣ дигар масъалаҳои дохили давлати набуда, хусусияти фаромарзӣ ва байналмилалро низ касб намудааст. Ҳамоиш ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ ва илмӣ имконият фароҳам овард, ки давлатҳо мавқеъҳои худро иброз намуда, роҳҳои ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ ва обиро баррасӣ менамоянд.

Яке аз нуқтаҳои калидӣ дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба он буд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ сарчашма меёбанд. Ин далел на танҳо аҳамияти ҷуғрофии Тоҷикистонро нишон медиҳад, балки масъулияти экологии онро дар назди минтақа таъкид менамояд.

Низоми экологии кӯҳии Тоҷикистон дар ташаккули ҷараёни оби дарёҳои бузурги минтақа нақши ҳалкунанда дорад. Аз ин рӯ, ҳар гуна тағйирот дар муҳити табиии кишвар, аз ҷумла коҳиши пиряхҳо ё тағйирёбии иқлим, метавонад ба амнияти обии тамоми минтақа таъсир расонад. Дар ин замина, сиёсати обӣ – экалогии Тоҷикистон бар пояи истифодаи оқилона, ҳамоҳанг ва масъулонаи захираҳои обӣ ташаккул ёфтааст.

Дар суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус зикр гардид, ки раванди босуръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон тамоюли афзоиш дорад. Ин раванд ба вайроншавии тавозуни об, ба вуҷуд омадани таҳдидҳо ба муҳити зист ва зиёд гардидани хавфи офатҳои табиии вобаста ба об оварда мерасонад.

Барои Тоҷикистон, ки қисми зиёди захираҳои обии он аз пиряхҳо вобаста аст, ин масъала аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Обшавии пиряхҳо метавонад дар кӯтоҳмуддат ҳаҷми обро зиёд намояд, аммо дар дарозмуддат ба камшавии захираҳои об ва ноустувории низоми гидрологӣ сабаб гардад. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати экологӣ ва дипломатияи обии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба тамоюли нигаронкунандаи афзоиши басомад ва давомнокии тӯфонҳои чанголуд дар кишварҳои минтақа ишора намуданд. Ин падидаҳо на танҳо ба муҳити зист, балки ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Ин мушкилот нишон медиҳанд, ки масъалаҳои экологӣ дорои хусусияти комплексӣ буда, ҳалли онҳо танҳо бо роҳи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ имконпазир аст. Дар ин замина, дипломатияи экологӣ ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии сиёсати кишварҳо аҳамияти хоса касб мекунад.

Дар суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои пайваста дар доираи Раванди оби Душанбе барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим ёдовар шуд. Қайд гардид, ки Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор дорад.

Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дипломатияи обӣ-экологиро на танҳо дар сатҳи минтақавӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ пеш мебарад. Гузаронидани Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ҳамчун минбари муассири ҳамоҳангсозии талошҳои ҷонибҳои манфиатдор арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон, аҳамияти қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани Даҳсолаи амал оид ба дастгирии илмҳои криосферӣ (2025–2034) ва таъсиси Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе таъкид гардид.

Яке аз бахшҳои муҳими суханрони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гузариши иқлимӣ бахшида шуд. Пешвои миллат ба зарурати густариши манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ташаккули иқтисодиёти камкарбон таъкид намуданд.

Барои Тоҷикистон рушди гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои тозаи энергия афзалияти стратегӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, сафарбарсозии сармоягузориҳои экологӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои бозории рушди «сабз» ва барориши вомбаргҳои «сабз» ҳамчун қадамҳои муҳим арзёбӣ гардиданд. Баррасии имконияти ташаккули бозори минтақавии карбон низ ҳамчун воситаи коҳиши партовҳо ва ҷалби сармоягузориҳои нав зикр шуд.

Дар суханронӣ таъкид гардид, ки ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ қадами муҳим дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист мебошад. Қабули Барномаи давлатии сабзкорӣ барои давраи то соли 2040 ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба ҳифзи намудҳои нодири ҳайвоноти кӯҳӣ нишонаи сиёсати пайгиронаи давлат дар ин самт мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкории минтақавии экологӣ рушди василаҳои сохтории он, таҳияи мавқеъҳои ҳамоҳангшудаи минтақавӣ ва аҳамияти Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе таъкид гардид.

Таҳлили муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ нишон медиҳад, ки дипломатияи обӣ ва экологӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон масъалаҳои об, иқлим ва муҳити зистро ҳамчун чолишҳои муштараки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ намуда, барои ҳамоҳангсозии талошҳо ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад.

Ин равиш имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд, балки дар ташаккули рӯзномаи глобалии рушди устувор ва амнияти экологӣ нақши фаъол дошта бошад.

Баҳриддинзода Бахтиёр, муовини декан оид ба таълими факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ