Бо дастгирӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди илму маориф ва густариши муколамаи минтақавӣ заминаи устувор фароҳам овардааст, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии илмӣ-таълимии «Мактаб дар Осиёи Марказӣ – 2026» оғоз гардид. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди дастгирии дипломатияи ҷамъиятии ба номи А. М. Горчаков ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Имрӯз (28.04.2026) меҳмононро роҳбарияти Донишгоҳ, аз ҷумла масъулони самти робитаҳои байналмилалӣ ва садорати факултети муносибатҳои байналмилалӣ, истиқбол гирифта, қабл аз оғози форум онҳо аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи форум муовини ректори Донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. иброз дошт, ки бо дастгирии ректори Донишгоҳ, муҳтарам Насриддинзода Э.С. барои баргузории чунин ҳамоишҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба таъкиди ӯ, чунин чорабиниҳо дар таҳкими робитаҳои илмӣ, табодули таҷриба, омодасозии мутахассисони ҷавон ва густариши ҳамкориҳои кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозанд.
Қайд гардид, ки дар кори форум зиёда аз 20 нафар коршиносону мутахассисони байналмилалӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия иштирок намуда, масъалаҳои муҳимми рушди минтақа, аз ҷумла амният, иқтисод, энергетика ва ҳамгироии минтақавиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳамзамон, беш аз 50 нафар шунавандагон ва ҷавонони муҳаққиқ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ба барномаи мазкур ҷалб гардида, имкони такмили дониш, табодули таҷриба ва рушди малакаҳои таҳқиқотии худро пайдо намуданд.
Чорабинии мазкур ҳамчун майдони муҳими муколамаи илмӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардида, тибқи барнома то санаи 30-юми апрел идома хоҳад кард.









