Эълон

863

Рӯзи сешанбе, 20 сентябри соли 2022

дар Моррис Холл, толори 328

Пайвастшави он-лайн: https://mcgill.zoom.us/j/84101158121

Семинари илмии

профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунира Шаҳидӣ дар мавзӯи:

ТАДҚИҚОТ АЗ  АДАБИЁТИ ФОРСӢ ДАР ТОҶИКИСТОНИ ЗАМОНИ ШӮРАВӢ ВА ПАСОШӮРАВӢ

Гуфтугуҳо дар атрофи пажуҳиши форсишиносӣ

Созмондиҳандагон:

Прашат Кишвармурфӣ ва Беҳзод Бурхон

Шарҳи мухтасар

Тоҷикистон солҳои 1924/29 руи харитаи ҷаҳон пайдо гардид. Гуруҳе аз андешамандони  дузабонаи форсӣ (тоҷикӣ) – туркӣ (узбекӣ) аз Самарқанд ва Бухоро барои эҷоди ҷомеаи ҷадиди илмиву маданӣ ихтиёран роҳи давлати навташкилро пеш гирифтанд.

Ин суханронӣ – қисмест аз пружаи китоб оиди  бозандешии шеъри классикии форсӣ дар партави ҷунбиши ислоҳотхоҳон, яъне ҳаракати ҷадидон дар авохири қарни нуздаҳум дар Аморати Бухоро ва  мероси муҳаққиқони замони шӯравӣ дар ин мавзуст. Ҳамзамон яке аз қадамҳоӣ аввал дар ҳамгироии бозёфтҳои илмӣ-фарҳангии таҳҷоӣ дар паҳноӣ ҷаҳони имрӯз.

Маълумот оид ба муаллиф

Мунира Шахидӣ раҳбари пажуҳишгарони АМИ дар соҳаи тадқиқи тадбиқии поэтикаи шаҳрвандӣ то соли 1992 буданд. Ҳоло бошад рохбари Бунёди Байналмилалии Зиёдулло Шахидӣ мебошанд. Ва аз соли 2017 хонум Шахиди профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои банйалхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.