ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ШӮҲРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

182

Аз ибтидои таърих то имрӯз ҳамагӣ халқу миллатҳо талош баҳри даст ёфтан ба истиқлолу соҳибихтиёрӣ доранд. Имрӯз низ дар сатҳи ҷаҳон халқҳои зиёде ҳаст, ки барои дастёбӣ ба ин неъмати гаронарзиш кӯшиш менамоянд. Ин талош аз ибтидо буд, ҳаст ва хоҳанд монд.

Барои миллати тоҷик низ дастёбӣ ба ин падидаи нодир ба осонӣ муяссар нагардидааст. Ҳарчанд миллати тоҷик дар тули таърих аз Истиқлоли давлатӣ бенасиб набуд ва яке аз нахустин асосгузорони давлат ба ҳисоб меравад, вале муддати муайяне дар сарзамини тоҷикон аҷнабиён зимоми давлатдориро ба даст доштанд.

Баъди ҳазор соли ормони истиқлол дар заминаи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ташкил ёфт. Ин яке аз воқеаи бузургтарин дар таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо аз нав фароҳам гардид. Рушди маънавиёти миллат ва пойдориву шукуфоии давлат пас аз имзо шудани санади «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» хеле вусъат ёфт ва дар зеҳну шуури мардум арзишҳои миллӣ ҷои хосаро ишғол карданд.

Дар заминаи истиқлол қабули як қатор сандаҳои тақдирсози миллӣ эътимод ва эътирофи кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон зиёд гардид. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои мутақобилан судманди дипломатӣ ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, дар тайи 33 –соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 57 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманро роҳандозӣ намудааст.

Маҳз андешаҳои некбинонаву дурбинонаи Пешвои миллат буд, ки соли 1993 дувоздаҳ созмонҳои байналмилалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдидва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмонва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода, барои ҳамкориҳои мутаrобила фаъолияташонро оғоз намуданд.

Савари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28-уми декабри соли 1993 зимни зарурати таҳияи Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар таъкид намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад. Сиёсати “дарҳои кушод” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад ва дар заминаи татбиқи муваффақонаи ин сиёсат ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрӯз зиёда аз 180 давлати ҷаҳон ҳамчун субъекти озоду соҳибихтиёр ба расмият шинохтааст. Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои созандаи хориҷӣ бо кишварҳои гуногуни олам дар ин давра зиёда аз 1300 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дучонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайраҳоро фаро мегиранд. Ҷумхурии Тоҷикистон теъдоди зиёди санадҳои байналмилалиро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ ва ниҳодҳои махсуси он, САҲА, СҲШ, СҲИ, ИДМ, СААД ва дигарон ба имзо расонид, ки масъалаҳои ҳамкориро доир ба амният, мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг, роҷеъ ба мушкилоти му{оҷират, гурезагон, расонидани кӯмаки башардӯстона ва ғайра пешбини мекунанд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар мамлакатҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Дар Паёми видеоии Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 75 – солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид таъкид шуд, ки “Дар тули ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ тавонист ба як платформаи муҳиму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷахонӣ табдил ёбад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд.Муносибатҳои неку дӯстона, ҳусни тафоҳуми ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории судманди гуногунҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) таъкид дошта буданд, ки “Мо ба таҳкими робитатҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳем. Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анънанад ар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда,ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст. Тоҷикистон бо ҳамсояҳои наздикаш дар Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ дорад, мавқеи ҷуғрофӣ, заҳираҳои табиӣ ва дигар омилҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи муносибатҳо дар минтақа ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи кишварҳо бошад.

Дар байни масъалаҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат алоқаҳо бо давлатҳои Осиёи Миёна дар ҳамаи соҳаҳо мавқеи муҳим доранд. Зеро дар ҳамкорӣ бо ин кишварҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг ба дастовардҳои калон ноил шуд.

Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатӣ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад. Дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (шаҳри Ашхобод, 5-уми августи соли 2021) бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳои ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”- ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.

Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, ба оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардид. Маҳз баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, махсусан СММ кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун субъекти мустақил ва ташаббускор муаррифӣ ва маъмул гардонид. Вазифаи ҳар як узви ҷомеаи соҳибистиқлол пеш ҳама арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии Ватан махсуб меёбад.

Махсусан, имрӯз қишри зиёии ҷомеаро мебояд, ки насли наврас ва ҷавони кишварро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ватандӯсторӣ ва садоқат ба миллату давлат тарбия намоянд, то номи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон боз ҳазорсолаҳои оянда сабт шавад.

Ҷаъфарзода С. Х. – н.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ