ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР 29-УМИН КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

75

Рӯзи 11 ноябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конференсияи 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуд. Бояд гуфт, ки дар кори ин конференсия сарони 80 давлатҳои ҷаҳон, роҳбарону намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, гурӯҳи ниҳодҳои молиявӣ ва бонкҳои ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.

Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асагава вохӯрӣ намуда, доир ба масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим табодули афкор намуданд.

Иштироки сарвари давлат дар ин конференсияи сатҳи баланд аз пайгирии сиёсати дурандешонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Чун ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари иқдомгузор дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мушкилоти норасоии об, обшавии пиряхҳо эътироф гардида, танҳо дар ин самт панҷ иқдомҳои байналмилалии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Нуқтаи муҳим дар ин чорабнӣ барои Тоҷикистон даъвати сарони давлатҳои ҷаҳон ва роҳбарони созмону ниҳодҳои ҷаҳонӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли 2025 ба ҳисоб меравад.

Инчунин, дар ин конференсияи байналмилалӣ диққати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба * стратегияҳои пешгирии раванди тағйирёбии глобалии иқлим ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувори СММ, * ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ, * бароварда кардани эҳтиёҷоти аҳолии сайёра ба оби ошомиданӣ ва коҳиши раванди харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра, * ҷалби таваҷҷуҳи иштирокдорон ба мушкилоти баҳри Арал ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти идораи дарёҳои фаромарзӣ дода хоҳанд шуд.

Анвари Сафарӣ – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети муносибатҳои байналхалқӣ