ҶИЛОИ ТОҶИ ПАРЧАМ ИФТИХОР АСТ

150

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистони соҳибихтиёр дар арафаи истиқболи ҷашни Парчами давлатии худ қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳоло дар саросари кишвар ин муқаддасот, яъне Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Зеро рӯзи парчам дар қатори ҷашнҳои дигари миллӣ, рӯзи фаромӯшнашавандаи таърихӣ ва ифтихору сарфарозӣ мебошад.

Бояд ёдоваршуд, ки парчам яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки дорои маъно ва тарзу тартиби истифодабарӣ хос ҳаст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни иҷлосияи таърихии XVI- и Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст. Қарори Маҷлиси Олӣ дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999, таҳти №892 қабул гардидааст. Парчами Тоҷикистон ҳамқадам ва рамзи истиқлолияти давлатӣ буда, санаи қабули он ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори нахуст 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ таҷлил гардид, ки ин ифтихори азим аст.

Парчами миллӣ дар шакли се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора ба худ хос моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсиро дороанд.

Ранги сурх дар Парчам – ҳамчун рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик баҳри озодӣ ва истиқлолият маънидод мегардад. Инчунин, дар тасаввуроти аҷдоди мо ранги сурх ҳамчун рамзи шӯълаи офтоб, ки оламро мунаввар месозад, рамзи равшанию рӯсурхӣ таҷаллӣ меёфт. Ранги сурх Парчами моро ба дирафши Ковёнӣ мепайвандад, ки он ҳам ранги сурх доштааст.

Ранги сафед дар Парчам – ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ ифода ёфтааст, зеро дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, рамзи ҳаёт ва абадият ва заволи зулматро далолат мекард.

Ранги сабз дар Парчам-ҳамчун нишонаи саъйу кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан ифода ёфтааст, ки дар гузашта маънои рамзи зиндагӣ ва сарсабзиро дошт.

Вобаста ба акси тоҷ ва ҳафт ситораи Парчами миллӣ ҳаминро бояд қайд намуд, ки он низ дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи тӯлонии таърихиро дорост. Акси тоҷ дар парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузургӣ давлатдории кӯҳанро ифода мекунад. Зеро тоҷикон аз қабили он миллатҳои тамаддунофаре мебошанд, ки давлатҳои шукӯҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки имрӯз худро як халқи ифтихорманду тоҷдор бидонанд. Аз ин лиҳоз, акси тоҷ дар Парчами миллӣ аломати ҳамин ифтихори миллӣ буда, азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист.

Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчами миллӣ бошад, бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда, маънии он моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончӣ: ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати осмон, ҳафт син, ҳафт шин, ҳафтрӯзи ҳафта ва ғайра. Аз ин рӯ зинатбахшии парчами миллӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси хӯшӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талош пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои дастовардҳои нав дар сари мо ҷилвагар бошад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ин Парчами муқаддас ливои озодию истиқлолият, ливои сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамо мебошад.

Бинобар ин ҳар шахси соҳибифтихорро зарур мебошад, ки бо як ҳисси баланди шаҳрвандию худшиносии миллӣ ва дарки масъулият нисбат ба рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, нисбат ба суннату арзишҳои олии давлату давлатдорӣ арҷгузорӣ намояд. Бояд ин амал ба қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мо мубаддал гардад.

Бахтиёр Назаров,мушовири академии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ