Фарҳанги либоспушӣ ё либоси фарҳангиён. Чаро чизе ки рост омад мепушем?

1550

Либос дорои хусусиёти хос буда, дар рушду  такомули ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори худшиносии инсон нақши муҳим мебозад. Либос дар замири инсон ҳисси зебоипарастӣ, озодагӣ ва хулқу рафтори ҳамидаро ҷой карда инсонро водор месозад, ки хушбину хушрафтор ва хушгуфтор бошад. Либос инъикосгари фарҳанг, одоб ва сатҳи камолоти инсон аст. Чандест, ки дар саҳифаҳои матбуот мақолаву андешаҳо оиди сару либоси аъзоёни ҷомеа ба табъ мерасанд. Андешаҳо гуногунанд. Яке мехоҳад ба баҳс ҷомаи фалсафӣ пушонад ва ҳикматҳо мегуяд, дигаре ба он ҷомаи мазҳабӣ мепушонад ва саввумӣ мехоҳад, ки онро аз нигоҳи зебопарастии зоҳирӣ таҳлил намояд.

Фарҳанг ва оини либоспушӣ мавзўест  доманадор ва  бояд дар доираи як мақолаву ду мақола маҳдуд нашуда силсилаи тадқиқотҳои арзишманд баррасӣ шавад. Боиси таассуф аст, ки аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ доир ба таъриху фарҳанги  либоспўшӣ ва мақоми он дар ҳаёти мардуми тоҷик таҳқиқоти ангуштшумор анҷом дода шудаанд. Дар таҳқиқоти ҷойдоштаи муҳаққиқони тоҷик масъалаи либоспўшӣ, ҷанбаҳои ахлоқиву равонӣ ва эстетикии он ба сифати масъалаи меҳварӣ омўхта нашудаанд.

Албатта, ҳадаф аз мақолаи мазкур пешниҳоди ҷавоби қотеъона ва ҳамарофарогир дар боби таърихи пайдоишу таҳаввули либоси миллии тоҷиконро набуда, балки кўшишест дар боби ҷалби таваҷҷўҳи ҳамватанони соҳибмиллатамон ба ин мавзўъ. Мехостем  то дар чаҳорчубаи имконоти ақливу илмиву назарии хеш дар атрофи шинохти либоси миллии худ, худдорӣ аз зиёдаравиҳо дар либоспўшӣ, андозаи ахлоқии истифода аз либос масъалагузорӣ намоем. Чун ба ҳама рушан аст, ки либос на танҳо ниёзҳои сирф биологии инсонро қонеъ мегардонад, балки таъиноти иҷтимоиву маънавӣ ва фалсафӣ ҳам доштааст.

Ба ҳар фарди  соҳибмаълумот рушан аст, ки ҳанўз дар ҷомеаи ибтидоӣ одамон аз ашёи тайёри   табиат (баргу пўсти растаниҳо, пўсту пашми ҳайвонот) барои худ «либос» омода мекарданд. Аз давраҳои қадим то ҳозир либос чанд ниёзи инсонро қонеъ гардонида, вобаста ба он таъиноти худро иҷро менамояд. Яке аз ақидаҳои маъмул ин аст, ки либос давоми ҷисми инсон буда, ҳарорати баданро нигоҳ медорад ва бо ҳамин васила узви инсонро аз таъсирҳои манфии гармию сардӣ, боду борон ва ғ. эмин нигаҳ медорад. Ин аввалин таъиноти таърихӣ ва бунёдии либос буд, ки бе он дар минтақаҳои дур аз ҳудуди тропикӣ зисту зиндагонии одамон дучори мушкилот мегардид. Маҳз ҳамин таъиноти либос аввалӣ мебошад, зеро бе либоси зебою пуршукўҳ аксарият зиста метавонанд, аммо бе он либосе, ки касро аз таъсирҳои манфии муҳит ҳифз мекарда бошад, шояд ҳеҷ кас аз марг раҳоӣ намеёфт.

Ҳамзамон таъиноти иҷтимоии либос ҳамчун қонеъкунандаи ниёзҳои намояндагони табақаҳои гуногун барои ҷомеаи мо аз масъалаҳои мубрам ва дар як вақт нозук ба шумор меравад. Албатта, бояд ба инобат гирифт, ки мо дар кадом замон ва макони ҷуғрофӣ зиндагӣ мекунем, кадом арзишҳоро мепарастем, ба даъвоҳои тамаддуни муосир чӣ ҷавоб дорем (ё ҷавоб доданӣ ҳастем) ва чи гуна фарҳанг ва забони миллиро ҳифз карда тавонем. Аз ин бармеояд, ки пазироии  ин ё он тарзи либоспўшӣ, агарчи барои афроди алоҳида масъалаи начандон «доғи рўз» бошад ҳам, муҳимияти умумимиллӣ дошта метавонад. Вобаста аз ин, ниҳодҳои ҷамъиятӣ то дараҷае дар бозтавлиди муносибатҳои ҷамъиятӣ, анъанаҳо ва меъёрҳои муносибати байни аъзоёни ҷамъият масъул низ ҳастанд. Аз ин лиҳоз, иқдоми мақомоти раҳбари соҳаи маориф, ки доир ба меъёру тарзи либоспўшии муҳассилин пеша шудаанд, мисоли масъулиятшиносӣ шуда метавонанд. Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 таҳти рақами  14/ 72 « Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» тасдиқ шуда буд, ки боиси вокуниши гуногунранг дар ҷомеа гардид. 

Нафароне ҳастанд, ки ин иқдомро писандиданд ва иброз доштанд, ки ворид кардани либоси ягона ва якхела демократияро маҳдуд мекунад , боиси маҳдуд шудани фаъолият ва таҳсили  озодонаи мактаббачагону донишҷўён, бахусус духтарон мегардад ва монанди инҳо.  «Баҳсҳо» ташкил карданд, мурофиаҳо оростанд, донишҷўдухтареро гуиё барои «ҳиҷобпушӣ» ба маҳкама кашиданд, аммо касе напурсид, ки ин донишҷўдухтар ҳақ дошт, ки дар як вақт дар ду донишгоҳ ва он ҳам таҳсил намояд. Ба осиёби ҳиҷобпушон, сатрдорон ва чанд бегонапарсти дунёбехабар об рехтанд, аз онҳо қаҳрамонҳо сохтанд, вале ягон кас нагeфт, ки оё ба мантиқу маънии либосҳои ба бар кардаашон сарфаҳм мераванд ё не.

Албатта ворид кардани либоси ягона барои ниҳоду массисаҳои лаоҳида ҳеҷ бадӣ надорад, балки боиси ворид шудани низом ва маънӣ ба махсусияти ин ниҳод мегардад. 

«Униформа»,  яъне либоси ягона мафҳумест, ки нисбати либоси расмии кормандони соҳаҳои алоҳидаи хидмати давлатӣ ба кор бурда мешавад. Ин гуна либосҳои ягона барои мақомоти қудратӣ вазорати корҳои дохилӣ,  вазорати дифоъ, прокуратура, гумрук, ҳамчунин  дар соҳаи хўроки умум, тандурустӣ, ва ғ. таъин шудаанд. 

Либосҳои ягона дар баъзе ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ҷиҳати дўхту истеҳсол ва барои хизматчӣ қулай буданаш бартарияти худро дорад. Дар баъзе ҳолатҳо, албатта, мақоми хизматчиёни соҳаро чунин либос «хос» мегардонад ва воқеист, ки ҳамзамон хизматчиёни ин соҳаро аз кормандони дигар соҳаҳо фарқ мекунонад. Нишонаҳое, ки ба либос ҳамроҳ карда мешавад (масалан дар низоми милиса), ба мақоми хизматии корманд ишора мекунад.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ниҳоди махсус ва алоҳида буда, дар ин масъала мавқеи муайян дорад. Соҳаи маориф ниҳоди нақлкунандаи донишу арзишҳо, тарбиятгари насли нав, тарғибгари худшиносии миллат аст. Ин масъулияти баланд тақозо мекунад, ки дар танзими тарзи либоспўшии насли имрўза кормандони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳми назаррас дошта бошанд. Вазорати маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин масъаларо дақиқ дарк кардааст ва нисбати ҳалли он чорабиниҳои мушаххас амалӣ менамояд. Ин чорабиниҳо ягон хел оҳанги зиддидемократӣ надоранд, зеро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоби либосро барои муҳассилин иҷозат додааст, вале мутобиқи дастури  намунавии либосҳои дар соҳаи таълиму тарбия тавсияшуда. Дар аксари муассисаҳои олӣ овезаҳои махсус ҳастанд, ки сурати намунаҳои 15-20 сарулибоси писарона ва духтаронаи донишҷўӣ вобаста ба фаслҳои сол нишон дода шудааст. Чунин дастурро чораи маҳдудсозии пурраи ҳуқуқи интихоби либос тафсир кардан хато мебуд.

 Ҳадафи соҳаи маориф тарбияи инсони ҳамаҷониба инкишофёфта мебошад. Ин идеал ҷанбаи соф гуманистӣ дошта, дар чаҳорчўбаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ қадам ба қадам бояд воқеӣ гардонида шавад.

Либосро тавре ки гуфтем, бояд дониста пўшем, зеро ифшогари ҳолати ботинии мо, тарҳи «бесухан»-и нияту хоҳишҳои мо аст.  Функсияи асосии либос – ҳифзи инсон аз таъсироти табиат (хунукӣ, гармӣ, боришоти борон) мебошад.Функсияҳои асосии либоси ҳозира: муҳофизатӣ, иттилоотӣ ва эстетикӣ.  Функсияи иттилоотии либос аҳамияти фарқкунандаи мансубияти иҷтимоӣ ва фаъолияти касбии инсонро дорост.  Функсияи эстетикии либос – ҳамчун ашёи фарҳанги моддии инсон таҷассуми хсилатҳои давраи муайяни таърихӣ, хасисаи миллӣ ва махсусияти эҷодии фард мебошад. Функсияи муҳофизатӣ. Агар пештар либос танҳо барои гарм нигоҳ доштани бадан мебуд, имруз  ҳамчун предмети санъат баромад мекунад. Одамон кушиш мекунанд, ки либосашон зебову шинам бошад.   Либоси дуруст интихобкарда барои эҷоди муҳити зарурии корӣ кумак мерасонад. Аксар вақт либос барои арзёбии рафтору одоби инсон кумак мекунад. Одамон бо интихоби ин ё он намуди либос ба ҳамин амр умед мебанданд. Либоси анъанавии ҷиддӣ, ки бо як нигоҳ бовар мекунӣ ки дар назди шумо одами ҷиддӣ ё соҳиби кору бори муҳими давлатӣ ё ҷамъиятӣ истодааст, ба инсон таъсир мерасонад. Либоси роҳбарони давлат , вазирон, соҳибкорон, устодону профессорони донишгоҳҳо, кормандони идора ба ин имсол шуда метавонад.  Инкишофи босуръати истеҳсолот ва ба он лаоқаманд масъалаи такмили робитаҳои корӣ моро маҷбур мекунад, ки на танҳо ба омилҳои мустақим, балки ба омилҳои иловагие, боиси пешрафти кор мешаванд, таваҷҷўҳи хос зоҳир намоем.

Яке аз меъёрҳои интихоби либос қулай ва шинам будани он мебошад. Аз ин лиҳоз, мо либоси корӣ, истироҳатӣ, «кўчаравӣ», хобравӣ ва тимсоли ҳаминро дорем. Либоси донишҷў низ барои ў бояд қулай бошад. Дар чунин либос шахс худро озодона ҳис мекунад. Либосе, ки мисли «халта» дар китф аст, ё ниҳоят танг, ё вазнину дағал мебошад, ҳисси фаъолмандии касро коҳиш медиҳад, ҳамчун намунаи маҳдудияти ботинӣ ба рўй меояд. Либоси шахс бояд озода, зебо ва шинам бошад.

Пўшидани либоси поёнии домонкўтоҳ (миниюбка), куртаҳои нафису нимурён дар муассисаҳои таълимӣ ва маҷлисгоҳҳо қобили қабул буда наметавонад. Чунин намуди либоспўшӣ муҳити таълимӣ-тарбиявиро, умуман фазои кориро дар синфхонаҳо халалдор месозад.

Баъзан омехташавии тарзи пушидани либосҳои мардонаву занона ҳусн ва муҳити муҳит ё ҷомеаро мекоҳонад. Агар духтарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ курта ё шими анъанавии мардона пўшанд (бе ҷомаи болопўши дароз, масалан бепалтои занона)  ҳамчун нишонаи эътироз ба ҷинси худ ё намоиш додани омодагӣ ба шаҳвоният фаҳмида шуданаш мумкин аст, агарчи ин духтар чунин ният надорад. Агар писар дидаву дониста, либосе ба бар кунад, ки унсурҳои либоси анъанавии духтарона дорад, он гоҳ ба тамоилоти шаҳвонии ў низ аз нигоҳи муайян баҳогузорӣ менамоянд. Ин ду ҳолати қайдшуда низ дар ҷамъияти муҳассилин қобили қабул буда наметавонад. Муассисаи таҳсилотӣ аз мактаб то донишгоҳ ҷойи муқаддас аст, анъанаҳои ахлоқи касбии худро дорад. Бояд ба инобат гирифт, ки либоси поён (шим, юбка, эзор ва ғ.) асосан эҳсосоти шаҳвонии шахсро то дараҷае муаррифӣ мекунанд ё паноҳ медорад. Гуфтан мумкин аст, ки беномусӣ ё шарму ҳаёи ягон фардро аз нигоҳи иҷтимоӣ тавассути «забон»-и либосаш «хондан» мумкин аст. Либоспўшии анъанавӣ на ҳамеша бо мўдпарастӣ созгорӣ дорад. Дар ҷамъияти бисёрқавмӣ ва бисёрфарҳангӣ ҳамзистии  мўд ва анъана ҳолати мўътадили фарҳангист. Вале ин ҳолат танзимро асло истисно намекунад. Таъсири муд дар ҳама ҷо ҳис карда мешавад. Муд чизест ки дар давраи муайян маъмул мешавад ва аксарияти кулли мардум онро эътироф доранд. Либос ҳам ҳамон вақт муд мешавад, ки онро миллионҳо одамон бипазиранд. Инсон ҳамеша майли таҷдидгароӣ, тағйирпазирӣ дорад. Чи тавре ки олами атрофи мо тағйир меёбад, ҳамон тавр ҳам либос тағйир меёбад. Муд бояд по ба пойи замона равад ва ин табиист. Дар замони мо пешрафти босуръати саноат материалу газворҳои нав пешниҳод намуда, ҳаёти басуръат тағйиркунанда либоси шинамро талаб дорад. Бо пайдо шудани муди нав либоси пештара зебоияти худро гум мекунад. 

Либос бо тарзи ҳаёти мо, кори мо робитаи зич дорад, аз ин ру вай бояд мувофиқи матлаб буда ба кори инсон, ба истироҳати ў кумак расонад. Аз ин рў либос ба ҳар шароити мушаххас созгор афтад.  Либоси хидматӣ, ки дар он инсон вақти зиёди рузро мегузаронад, мисли либоси барои театр, консертҳо, ҷашни солинавӣ таваҷҷўҳи хосаро талаб мекунад. Аз ин ҷост ки либоси хидматӣ бояд шинам, қулай буда ба инсон ҳини кор кумак кунад, инсонро ба низмо дарорад, диққати инсонро аз кор дур накунад
Ранги интихоб кардаи либос бояд оромкунанда  буда бо шароити корӣ ҳамранг бошад.

Либоси идона бояд инсонро зеб диҳад, ба инсон зебоӣ бахшад. Ҷавобгўи шароит буда барои нигоҳ доштани муҳити идона мусоидат кунад. Либоси идона ҳам мисли дигар намуди либосҳо мутобиқи вижагиҳои симои зоҳирӣ ва хислати инсон, рафтору муоширати инсон, хоксорона бошад.  

Ҳангоми интихоби либос бояд дар назар дошт, ки вай ба чи кор меояд. Дар ин маврид на танҳо намуди зоҳирӣ, балки синну соли инсон ҳам нақш мебозад. Ҷавонон бештар кушиш мекунанд, ҳамон либосҳоеро пушанд, ки саҳифаҳои маҷаллаҳои мудӣ пешниҳод мекунанд. Интихоби мушаххаси шакл, ҷузъиёт, ранги либос бояд таъқибгари ҳадафи асосӣ – шаклдиҳии образ бошад. Либоспушӣ санъат аст, ки қонуну қоида ва нозукиҳои худро дорад.  Либосро пушида тавонистан ҳунар аст.

Либос гуногунхислат мебошад. Вай метавонад хоксорона ё диққатҷалбкунанда, оромкунанда, ё ҳидояткунанда, варзишӣ ё лирикӣ бошад. Ҳангоми интихоби либос синну сол, хислат ва ҳусну қубҳи инсонро ба назар бояд гирифт. Танҳо дар либоси шинаму зебо инсон худро қулай, дилпур ҳис мекунад.

 Гуфтан мумкин аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ масъалаи интихоби либос ва риояи тарзи либоспўшӣ то дараҷае ҳалли худро ёфтааст. Ҳангоми дар Ҷумҳурии мардумии Чин будан ба он чиз диққат додам, ки либоси мактаббачагон варзишӣ буда, ҳар як мактаб либоси хоси худро, албаттта дар доираи низоми устуворшудаи системаи маориф дорад.

Мутаассифона, ҳоло ҳам дар фарҳанги либоспушии ҷавонон ва на танҳо ҷавонон нуқсонҳои зиёде дида мешаванд. Кас ба тарзу одоби либоспушии аксари ҷавонон нигоҳ карда аз он дар ҳайрат мемонад, ки чаро фарҳанги беш аз чандҳазорсолаи мо  механизми худмуҳофизатии хешро аз фарҳанги бегона, бахусус агар хароибовар бошад гум кардааст. Ба ибораи дигар чизе ки рост омад мардум пушидан мегиранд. Гуиё ин аз қашшоқиву камбуди рузгор бошад, ки албатта нодуруст аст.  

Баъзан нафароне ба чашм вомехуранд, ки либоси расмдорро мепўшанд. Ҷавонмардонеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар либосашон расми занҳои нимурён, манзараи амалҳои маҳрамонаи марду зан, симои  қаҳрамонони филмҳои аҷоибу ғароиб (Шрек, Рембо ва ғ.), террористҳо сабт шудааст. Ба назар чунин менамояд, ки соҳиби либос ба ин «қаҳрамонон» пайравӣ кардан мехоҳад ва онҳоро мепарастад. Дар навбати худ, ин соҳиблибосон дониста ё надониста идеологияи муайянро дар байни мардум ҳамин тарз тарғиб, яъне реклама мекунанд. Бояд зикр кард, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пўшидани чунин либос қобили қабул нест. Ин ба мафкураи дигарон таъсири манфӣ мерасонад ва мумкин аст, ки сабаби фитнаангезиҳо гардад.

Ҳамчунин либосҳое, ки навиштаҷот бо забонҳои хориҷӣ доранд, нишонаи эътироз ба фарҳанги ҷомеа ё парастиши фарҳанги бегона қабул карда мешавад. Баъзе наврасон маънои навиштаҷоти либосашонро хондаю фаҳмида ҳам наметавонанд, лекин барои худ хуш мекунанд. Хуб мебуд, ки либосҳои варзишӣ ва махсус барои маъракаҳои ҷамъиятӣ омодашуда бо навиштаҷоти лозима ва рамзҳои мувофиқ муҷаҳҳаз мегардиданд. Пўшидани либосҳое, ки дар онҳо, масалан «Ачата бугу», «Я свободен», «Учись на моей ж…», «Ай лав ю май френд» ва тимсоли инҳо як намуди эътироз, беэҳтиромӣ нисбати ҳисси шахсӣ ва миллӣ аст. Матни чунин навиштаҷоти либосҳо аз он далолат мекунад, ки ин нафарон: 1) бесавод ё чаласавод ҳастанд; 2) бо муҳити фарҳангии ҷомеа созгор нестанд; 3) мумкин бо аъзоёни ягон гурўҳ (секта, дастаи авбошон рафоқат доранд; 4) ҳоло пурра иҷтимоишуда нестанд (ба тарбия ниёз доранд). 

Ороишоти иловагӣ ба либос, ороишот бо зарру зевар низ диққатҷалбкунанда буда, аз бисёр нияту хоҳишҳои нуҳуфтаи шахс дарак медиҳанд. Аз меъёр зиёд будани чунин ороишот дар дасту гардани шахс нишони назарбаландӣ, худписандӣ, нуфузпарастӣ, молнодида будан аст. Дар баъзе ҳолатҳо барои нишон додани сарватмандии худ аз ин усул истифода мебаранд. Дар чунин намуд фаъолият кардан дар коргоҳу муассисаҳо муносибати одамонро ғайрисамимӣ мегардонад, ҳисси нобовариро дар ҷомеа ба миён меорад. Одамоне, ки ҳадди истифодаи ороишотро намедонанд, дар назари ҳамнишинон, ҳамсабақон, рафиқону ҳамкорон соддалавҳонаю дағал метобанд.  Бояд таъкид намуд, ки дар коргоҳу муассисаҳо малакаю маҳорати шахсӣ шахсро соҳибэҳтиром мегардонад, на ороишоти заррину тарҳи абрўҳои қаламкашшуда. Зебоӣ ҳудуду андоза мепарастад, миқдори зиёда аз андоза ин сифатро тағйир медиҳад, ҳамчунин баҳою арзиши онро. Ороишоти зиёдатӣ, рангубори дағали симо ҳусни инсони зеборо баръакс коста нишон медиҳад.

Дар этикети корӣ ба намуди зоҳири инсон таваҷҷўҳи хос зоҳир карда мешавад. Рукни  асосӣ ҳини интихоби либос – мутобиқати комили  либос ба вақт ва шароит аст. Аз ин хотири усули асосии этикети либоспушӣ ҷиддӣ ва озодагии он аст.

Дар яке аз ҳадисҳо аз суханони ҳазрати Паёмбар оварда шудааст, ки «Воқеан, Шумо ба назди бародарони худ ҳозир хоҳед шуд. Бигузор воситаи ҳаракати шумо хуб бошад, бигузор либосҳои Шумо озод бошад, то шумо намунаи ибрат бошед.»
Яке аз исмҳои Офаридгор «ал-Ҷамил» будааст, яъне и н ки зебогиаш поён надорад. Ва Худованд воқеан ҳам зебоиро дуст медорад.
мутаассифона аксари мардум он чиро ки сабуктару тезтар ба даст ояд, меписанданд, ба ҷои он ки ҷиддан аз болои шахсияти хеш, ҳамчун фарзанди мумину мусулмон, ҳамчун узви комили ҷомеа кор кунанд, бештар дар андешаи ҳар чи бештар шакл додани худ (ба хусус аз лиҳози зоҳирӣ) мебошанд, ботинан ва маънаван худро озодаву зебо нигоҳ дошта наметавонанд. Либос, ки аслан нишондиҳандаи камолот, фурутанӣ, хоксорӣ ва инсонияти мост, аксар чун инъикосгари боигариву, ҳавобаландӣ ва худписандии инсон шуда мондаааст.  Ба ҳар як шахси худогоҳ рушан аст, ки ислом мардумро ҳеҷ вақт даъват накардааст, ки ҳатман либоси сирф арабӣ, индонезӣ ё ягон либоси миллати хосро пушанд. Либос бояд дар чаҳорчуби зарурат ва ниёз, мувофиқи шароит, анъана ва урфу одат, қулай ва шинаму зебо бошад.  Дар ҷомеаи пешине, ки ҷомеаи суннатиаш мегуем ва зебоиву зебоипарастӣ хоси озодагон  буд, суннати либоспуширо қотеъона риоя мекарданд ва либос як рукне аз фарҳанги волои ниёгонамон ба шумор мерафт. Либоси сиёҳро ҷонибдорони мазҳаби шиа – алипарастон мепушиданд, либоси сабзро намояндагони руҳониён мепушиданд, либоси сафедро аҳли зиё мепушид, либоси сурхро барои он намепушиданд, ки либоси фиръавнҳо ҳисоб мерафт, подшоҳон либоси кабуд мепушиданд.   Либоси мо – ҷузъи олами ботинист, ки ифодагари шахсият, мақому манзалати мост. Худованд ба ҳар шахс симои хоси зоҳирӣ додааст ва ин амр бардошти мушаххасро дар шаклдиҳии симои шахс талаб дорад, зеро баъзе хислатҳои ботинӣ дар интихоби шакл ва ранги либос нақши муҳим доранд. Намуд ва ранги либос бояд на танҳо ба ин ё он хислати симои зоҳирӣ ишора кунанд ё онро пинҳон намоянд, балки бояд мақсаднок бошанд, ба намуди зоҳирӣ ва синну соли шахс мувофиқ оянд. Одамон дорои хислатҳои гуногунанд. Ором, ботамкин, флегматик, хоксор, хушрафтор ва гайра ва баъзеҳо баръакс дорои хислатҳои муқобиланд. Дар ин ҳол диққати асосӣ ба ифодаи самти идеологии образси инсон равона бояд бошад. Мардуми ҷомеаи мо аксаран муносибати мақсаднок ба меҳнат, ботамкин ва фарҳанги воло дошта, аз истисмор дур буданд. Ба мардуми ҷомеаи мо ҳар гуна нажодпарастӣ ва нобаробаробарии нажодӣ бегона аст. Ватандустӣ, ҳисси ифтихор аз миллат ва ватан метавонад дар шакли либос ҳам зоҳир гардад. Тарҳи либосдузӣ ва анъанаи либоспушӣ дастоварди зиёде дорад, ки аз ҷониби кишварҳои пешрафтаи соҳибфарҳанг эътироф ва пазируфта шудааст. Суннатҳои бойи мардумӣ ба рассомону тарроҳон кумак мерасонанд, ки дар эҷоди либосҳои тозаву озода ва хоси марду зани тоҷик роҳи дуруст пеша кунанд.

 Бо назардошти он чи гуфта шуд, метавон чунин пешниҳодҳо кард:

  1. Ба барномаи таълим дар мактабҳои миёна ворид кардани омўзиши фанҳои зебоишиносӣ (эстетика), одоб ва фарҳанг ё этика, хушнависӣ. Омузиши ин фанҳо барои дар қалби мактаббачагон тарбия кардани руҳияи зебоипарастӣ, хушсуханӣ, хушгуфторӣ ва риояи низом мусоидат мекунанд.
  2. ташкили силсилаи намоишҳо ва суҳбатҳо бо мутахассисон ва донишмандон дар бораи таърих ва оини либоспушӣ, арзишҳои маънавӣ ва миллии либос аз тариқи садо ва симо.
  3. ташкили марказҳои зебоипарастӣ дар марказҳои ноҳияҳову шаҳрҳо, ки тарғибгари зебогии  маънавӣ ва ботинии инсон бошанд, на тарғибгари танпарастиву шаҳватпарастӣ ба мисли мудхонаҳову ҳар гуна салонҳои бемаънӣ ва ба Ғарб тақлидкунанда.
  4. Ҷудо кардани штатҳои алоҳида барои мутахассисони соҳаи эстетика, равоншиносӣ ва сотсиология дар ҳар як мактаб.

Холаҳмад Самиев –

устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ