ДОНШҶӮИ ФАКУЛТЕТ – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ КОРҲОИ БЕҲТАРИНИ ИННОВАТСИОНӢ

340

Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти ДМТ ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ байни устодону кормандон, донишҷӯёну унвонҷӯён, аспирантону докторантон ва хонандагони литсейи донишгоҳ барои дарёфти корҳои беҳтарини инноватсионӣ озмун эълон карда мешавад. Имсол (2020) чунин озмун дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён 22 лоиҳа пешниҳод гардид. Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи озмунӣ ташкил карда шуда, лоиҳаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лоиҳаҳои инноватсионӣ рӯзҳои 28-29 декабри соли 2020 аз ҷониби комиссия баҳогузорӣ ва ғолибон бо диплому ҷоизапулӣ сарфароз гардиданд.

 Маҳноза Кабирова – донишҷӯи курси 1-уми факултети муносибатҳои байналмилалӣ, ки лоиҳааш “Намоиши объектҳо ва намоишномаҳои гуногун дар 3Д аҳром (пирамида)” ном дошт, дар озмун сазовори ҷойи аввал, дипломи дараҷаи I ва дар ҳаҷми 2000 сомонӣ соҳиби ҷоизапулӣ гардид.