ДИПЛОМАТИЯИ ПОЙТАХТ

16

(Дар мисоли пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе)

Дипломатияи пойтахт – ба маҷмуае аз фаъолиятҳо, гуфтугуҳо ва ҳамкориҳои сиёсӣ гуфта мешавад, ки дар сатҳи олӣ ва ба шакли мутамарказ дар пойтахти ҳар як кишвар ба унвони конуни асосии тасмимгириҳо дониста мешавад, сурат мегирад то сиёсати хориҷии он кишвар пеш бурда шавад.

Вижагиҳои асосии дипломатияи пойтахтро чунин арзёби менамоем:

Тамаркуз бар гуфтугӯ – ин стратегия бар иродаи мудирияти сиёсати хориҷӣ ва танзими муносибатҳои байналмилалӣ аз тариқи гуфтугуҳои мусолиҳатомез мебошад.

Афзоиши машваратҳо – афзоиши зиёд ва трафики дипломатӣ (Diplomatic traffic – дар муносибатҳои байналмилаӣ ва сиёсати хориҷӣ ба маънои рафту омади сафирон, намояндагиҳои дипломатӣ ва мубодилаи паёмҳои расмии миёни мақомоти кишварҳои мухталиф гуфта мешавад) ба монанди ҳузури ҳайатҳои баландпояи хориҷӣ дар пойтахт барои анҷоми музокирот.

Дар мавриди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ бар афзоиши мақомотҳои хориҷӣ ва нишастҳои минтақавӣ, шаҳри Душанбе ағлаб ба унвони пойтахти дипломатияи дар минтақа тавсиф мешавад.

Душанбе, пойтахти кишвари азизамон бо мизбонии нишастҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ ба монанди СҲШ, ИДМ ва мизбониии сафоратхонаҳо, маркази аслии диппломатияи фаъоли АвроОсиё ва муносибатҳои сиёсии кишварамон аст. Ин шаҳр нақши калидие дар пешбурди дипломатияи хориҷӣ, аз ҷумла пешниҳодоти ҳамлу нақл ва рушди равобит бо ҳамсояҳо иҷро мекунад.

Вижагиҳои дипломатияи пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанберо чунин арзёби менамоем:

Маркази баргузории нишастҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ – шаҳри Душанбе мизбони иҷлосияҳои сарони кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ, СААД мебошад, ки ин шаҳҳро ба конуни дипломатияи фаъоли АвроОсиё табдил додааст.

Шаҳри Душанбе қаблан соли 2021 «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (ИДМ) ва аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) «шаҳри сайёҳӣ» эълон шуда буд, ба рӯйхати шаҳрҳои амнтарини ИДМ дохил шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тавсеаи сайёҳӣ дар пойтахт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардидаанд, ки дар рушди соҳа заминаи созгор фароҳам овардааст.

Ёдовар мешавем, ки 15 марти соли 1925 Душанбе расман пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон эълон гардида, аз соли 1929 то 1961 шаҳр Сталинобод номида шуд ва дар ин давра ба маркази муҳими маъмурӣ, саноатӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёфт.

Пас аз соли 1961 номи шаҳр ба Душанбе баргардонида шуд ва то 9 сентябри 1991 он ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон мақоми баланд дошт. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Душанбе ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Дар ин давра шаҳр аз лиҳози иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва инфрасохторӣ низ пешрафт кард. Бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ бунёд ёфтанд, ки Душанберо ба маркази муосири минтақа табдил доданд.

Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.

Дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тавсеаи сайёҳӣ дар пойтахт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардидаанд, ки дар рушди соҳа заминаи созгор фароҳам овардааст.

Бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои муассири шаҳри Душанбе аз 27 феврали соли 2018 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, аз 6 феврали соли 2019 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз 17 майи соли 2019, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳия гардида, бо қарорҳои Раиси шаҳр тасдиқ карда шуданд.

Давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ як қатор тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Дар ин давра дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии “Алишер Навоӣ”, “Куруши Кабир”, “Ҷавонон”, “Аҳмади Дониш” ва “Восеъ” сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии “С.Айнӣ”, “Кӯли Ҷавонон”, “Абулқосим Фирдавсӣ”, “Хайём”, “Кӯдакон” ва “А.Мироненко” пурра азнавсозӣ гардидааст.

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳрҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ (Санъо (Ҷумҳурии Яман); Лусака (Ҷумҳурии Замбия); Монастир (Ҷумҳурии Тунис); Лаҳор (Ҷумҳурии Исломии Покистон); Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия); Боулдер (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико); Ройтлинген (Ҷумҳурии Федеративии Олмон); Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон); Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон); Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон); Санкт — Петербург (Федератсияи Россия); Минск (Ҷумҳурии Беларус); Урумчи (Ҷумҳурии Халқии Хитой); Анқара (Ҷумҳурии Туркия); Сямэн (Ҷумҳурии Халқии Хитой), Ашқобод (Туркманистон); Хайнан (Ҷумҳурии Халқии Хитой) ва Чиндао (Ҷумҳурии Халқии Хитой) муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамзамон, бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.

Албатта бо ибтикору дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, роҳнамоиҳои Раиси шаҳр ва бо заҳмату саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди пойтахт имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.

Имрӯз Душанбе узви шабакаҳои байналмилалии шаҳрҳо, аз қабили Созмони шаҳрҳои пойтахтҳои ҷаҳон мебошад. Ин узвият ба табодули таҷриба бо дигар пойтахтҳо, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва рушди инфрасохтори шаҳр мусоидат мекунад.

Дипломатияи пойтахт, дишондиҳандаи истифодаи фаъол аз маркази сиёсӣ барои аъмоли нуфуз, мудирияти танишҳо ва пешбурди манфиатҳои миллӣ дар саҳнаи байналмилалӣ аст.

Дар ниҳоят шаҳри Душанбе, ба унвони маркази сиёсӣ, макони аслии гуфтугуҳои стратегӣ барои рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Абдуллоев Ҷамшед Темурович, дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ