ДАРСИ КУШОД

102

30 ноябри соли 2023 дар асоси нақша чорабиниҳои кафедраи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ баргузории дарси кушоди дотсенти кафедра Тупалов Ғ.Ш. пешбинӣ шуда буд.

Дар ин замина, н.и.ф., дотсент Тупалов Ғ.Ш. дар курси 2-юми ихтисоси 23.010101 – Сиёсати беруна ва дипломатия дарси кушоди хешро дар мавзуи “Ибораҳо дар матнҳои дипломатӣ” доир намуд. Зимни баргузории дарси кушод ҳамаи донишҷӯёни гурӯҳ, садорати факултет ва устодони кафедра иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дарси дотсент Тупалов Ғ.Ш. дар асоси усулҳои интерактивӣ ва бо истифодаи рунамо баргузор гардида, донишҷӯён дар масъалагузориҳои дарс ба таври фаъол иштирок намуданд ва аз худ малакаи баланди тарҷумаи ибораҳои дипломатиро нишон доданд.