“Беҳтарин олими ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2021”

387

Ассистенти кафедраи муносибатои байналхалхалқӣ Сулаймонова Азмина Муминҷоновна аз рӯи натиҷаи лоиҳаи III-юми нашри байналмилалии китоби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ғолиби озмуни “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2021” дар бахши сиёсатшиносӣ гардида,  бо медали тиллои “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ – 2021” бо шаҳодатнома, диплом  ва маҷалла бо мақолаҳои чопшудаи олимони ҷавон, ба роњбари илмиаш д.и.с., профессор Нурриддинов Р.Ш. бо сипоснома  сарфароз  гардонида шуданд.

Ҳадафи лоиҳаи “Беҳтарин олими ҷавони -2021” муайян кардани лоиҳаҳои назаррас ва инноватсионии олимони ҷавон, таблиғи манфиатҳои илмӣ, фароҳам овардани платформаи муштарак ва муттаҳидкунандаи рушди илм мебошад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон (Қазоқистон, Нур-Султон, 2021) бо дастгирии Ассотсиатсияи Ҳаракати ҷамъиятии “Бобек” ташкил карда шудааст. Дар лоиҳа ҷавонони  боистеъдод аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд .

Азмина Сулаймоноваро бо мукофоти олӣ табрик мегӯем ва пирӯзиҳову дастовардҳои навро орзумандем!