Аз назария ба амалия

976

Санаи 11-уми декабри соли 2021 (11.12.2021) дар доираи нақша-чорабиниҳои маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ “Клуби дипломатҳои ҷавон” аввалин маротиба “Модели СҲШ” дар шакли нишасти “Сарони давлатҳои аъзои СҲШ” дар мавзуи “Буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон ва роҳҳои ҳалли он” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Академияи идораи давлатии назди Президенти ҶТ ба сифати вакилони кишварҳои узви Созмон ширкат намуданд.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш, декани факултети муносибатҳои байналхалқии дотсент Самиев Х.Д., проффесори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ Латифов Ҷ.Л ва роҳбари Клуб, ассистенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ Анвари Сафари суханронӣ намуданд. Сипас дар толори Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳ чорабинӣ ба тариқи зайл баргузор гардид:

9:40 – 9:50     Маросими кушодашавӣ
9:50 – 10:55   Маърӯзаҳои вакилон
10:55 – 11:25 Пиёлаи чой
11:25 – 12:40 Муҳокимаи мазмуни эъломияи муштарак
                       Қабули эъломия
12:40 – 13:10 Натиҷагирӣ аз ҷорабинӣ
13:10 – 13:20 Маросими пӯшидавӣ

                        Супоридани шаҳодатномаҳо ва туҳфаҳо

Дар ҷараёни “Модели байналмиллалии СҲШ” тарафҳо фикру андешаҳо ва пешниҳодҳои худро оид ба сабук намудан ва рафъи буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон” ва нақши ҷомеаи байналмиллал ва кишварҳои узви СҲШ баён намуданд. Дар охири чорабинӣ аз тарафи декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Самиев Х.Д. ба ҳамаи иштироккунандагон шаҳодатнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳо як омили муҳим барои боз ҳам таҳким бахшидани дӯстӣ ва рушди равобити байни донишҷӯён ва ҳамкорӣ дар  ҳама самтҳо байни макотиби олии кишвар мегардад.