ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАВЛАТИ ҚАТАР

793

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи форуми иқтисодии кишварҳои араб бо Осиёи Миёна ва Озарбойҷон чунин қайд карданд: “Мо кишварҳои арабро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои нек ба онҳо таваҷҷуҳи доими зоҳир менамоем”. Қатар дар шароити имрӯза яке аз давлатҳои рушдёфтаи арабӣ ба шумор меравад.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуда, ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 Вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Олимов ба Қатар сафар карда, дар мулоқот бо намояндагони ҷониби қатарӣ, Протоколеро оид ба мавқеи Тоҷикистону Қатар вобаста ба як қатор масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ба имзо расонданд. Инчунин, шартномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва созишнома доир ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ байни давлатҳо баста шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо рӯзномаи “аш-Шарқ”-и Давлати Қатар “робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳама сатҳ баланд арзёбӣ карда, аз мазмуну муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар тайи солҳои охир бомаром рушд карда истодаанд. Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Қатар бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд”. Метавон гуфт, ки маҳз бо ба роҳ мондани равобити илмиву фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дӯстиву рафоқати хешро бо ҳам пайвастанд.

Созмони исломии ҳамкори дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг яке аз сохторҳои СҲИ мебошад, ки бо он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Қатар дар доираи ин сохтори СҲИ ба ҳам ҳамкориҳои илмиву фарҳангиро ба роҳ монданд. Тоҷикистону Қатар дар самти илм ва фарҳанг корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд, ки мисолҳои зер нишондиҳандаи гуфтаҳои болост.

Моҳи феврали соли 2017 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар қарордоди байнидавлатӣ доир ба самтҳои иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маориф баста шуд. Он имкон медиҳад, ки мо доир ба маориф ва илм бо ин давлат ҳамкориҳо дошта бошем. Натиҷаи ин қарордод буд, ки вохурии Сафири навтаъйини Давлати Қатар дар Тоҷикистон Муҳаммад ибни Иброҳим ал-Абдулло бо Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид баргузор гашт. Ҷонибҳо иброз доштанд, ки барои тақвият ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то дар оянда ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар боз ҳам густариш ёбанд.

21 марти соли 2019 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо ташаббуси сафоратҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон дар ин кишвар ва бо иштироки намояндагони дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҳамоиши идона ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода зимни ироаи табрикот ба муносибати Наврузи хуҷастапай оид ба фалсафаи инсонпарварию зебоипарастӣ ва рисолати сулҳофарию созандагии ин ҷанши бостонӣ суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ инчунин суфраҳои ҳафтсину ҳафтшин бо таомҳои миллии мардумони ҳавзаи Наврӯз ороста шуд.

Дар ҳамин замина 17 сентябри соли 2019 дар Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири маориф ва омӯзиши олии ин кишвар доктор Муҳаммад ал-Ҳамодӣ баргузор шуд

Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои густариши робитаҳои гуманитарии Тоҷикистон ва Қатар ва роҳҳои татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ҷонибҳо аҳаммияти тавсеаи ҳамкории байни муассисаҳои омӯзиши олӣ, фаъолсозии табодули донишҷӯён ва давраҳои таҷрибаомӯзӣ ва инчунин танзими сафарҳои мутақобилаи доираҳои академикии ду кишварро таъкид намуданд.

Вазорати маориф ва омӯзиши олии Давлати Қатар барои ҷудо намудани бурсияҳо барои омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии ин кишвар изҳори омодагӣ кард.

Ҳамасола дар давлати Қатар бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ва ҷашнгирии идҳои милли тоҷикон ба роҳ монда мешавад, ки ин чорабиниҳо барои густариш ва рушди ҳамкориҳо муҳим арзёбӣ мегарданд.

Сафари давлатии Амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи яке аз маҷмааҳои фарҳангӣ, масҷиди калонтарин дар шаҳри Душанбе, ки яке аз масҷидҳои бузургтарин дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад, саҳифаи наве барои тавсеа ва рушди босуботи ҳамкориҳо байни ду кашвари ба ҳам дӯст мегардад.

Тупалов Ғ. Ш., н.и.ф. дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ