ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ МАҲФИЛИ “КЛУБИ ДИПЛОМАТҲОИ ҶАВОН”

91

29 ноябри соли 2023 ҷаласаи навбатии маҳфили “Клуби дипломатҳои ҷавон”-и назди кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар мавзуи “Дастовардҳои дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. Дар ин маҳфил мудири кафедра дотсент Салимов Ф.Н., роҳбари маҳфил Анвари С., устодони кафедра Фарзонаи Ш., Ғафорзода Ф.Ҷ., мушовири академии факултет Назаров Б.Б., ҳайати маҳфил, маърӯзачиён ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Дар баробари баррасии мавзуи асосӣ, аз тарафи донишҷӯён боз маърӯзаҳои алоҳида доир ба ҷойгоҳи дипломатияи обӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Махсусан донишҷӯёни зерин маърӯзаҳои хешро тавассути рунамо (презентатсия) ба ҳозирин пешниҳод намуданд.

1. Усмонова Гулноза Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об – Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 23010100, гурӯҳи англисӣ.

2. Абдуллоев Алиҷон Муқоисаи дипломатияи обии Тоҷикистон бо дипломатияи сабзи ИА ва дипломатияи муҳити зисти ИМА – Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 23010101, гурӯҳи тоҷикӣ.

3. Сатторов Абубакр Глобальные проблемы человечества и их пути решения для международных отношений – Донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 23010101, гурӯҳи тоҷикӣ

4. Дадахоҷаев Азизҷон Проблемаи норасоии оби тоза дар давлатҳои Африқо – Донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 23010100, гурӯҳи тоҷикӣ.

Бояд гуфт, ки мавзуъҳои ироашуда мубрам ва ба мушкилиҳои глобалӣ иртибот дошта, нақши масъалаҳои обро дар меҳвари муносибатҳои байналмилалӣ қарор медиҳад. Дар ин маврид, Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолтарин давлат дар самти иқдомҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба ҳисоб рафта, дипломатияи оби Тоҷикистон тули чанд даҳсола аст, ки манфиатҳои миллии кишварро муаррифӣ менамояд.

Дар охир миёни иштирокчиён баҳсу табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои таъсири мушкилиҳои глобалӣ ба ҳаёти инсоният, роҳҳои ҳифзи пиряхҳо, усулҳои дипломатияи обӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист ба риштаи таҳлил кашида шуданд.