АФЗАЛИЯТҲО ВА САМТҲОИ РУШДИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

14

(Дар ҳошияи боздиди давлатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин)

Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари қудратманди сиёсӣ ва иқтисодӣ, дорои аҳамияти калони  иқтисодиву сиёсӣ мебошад. Дар ин замина ҳарду кишвар ҳамкориҳои худро ҳамчун шарикони боэътимод дар ҳама соҳаҳо ба роҳ мондаанд.

Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 250 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳанд. Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 санадҳои асосие мебошанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар заминаи онҳо таҳия шуда, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддат пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштаанд. 31 августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба ба имзо расонида шуд, ки заминаи мустаҳками рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам овард.

Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2023 ва 2025) ба Ҷумҳурии Мардумии Чин намудаанд.

Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2023) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Гузашта аз ин рушди робита бо Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро:

  • Аз нигоҳи амниятӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади муштараки тӯлони бо Афғонистон ва ҳамчунин бо Чин дорад, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддир барои ҳарду ҷониб муфиданд.
  • Аз нигоҳи сиёсӣ, Чин кишвари калиди минтақа буда дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Миллали Муттаҳид яке аз акторони асосӣ ба ҳисоб меравад.
  •  Аз нигоҳи ҷуғрофӣ бошад, Чин ва Тоҷикистон дорои марзи муштарак мебошанд, ки назорату ҳамкории ҷиддии ду кишвари ҳамсояро тақозо мекунад.
  • Аз нигоҳи иқтисодӣ, Чин шарики ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон буда дар бозори дохилии Тоҷикистон мавқеи  пешсафиро дорост.
  • Аз нигоҳи фарҳангиву гуманитарӣ  Чин яке аз қабулкунандагони асосии донишомӯзон аз Тоҷикистон буда, забони чинӣ дар солҳои охир  таваҷҷӯҳи ҷавонони зиёди  тоҷикро ба худ ҷалб менамояд.

       Ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани робитаҳои дуҷониба ва чандҷониба дар мазмун, миқёс ва самтҳои ҳамкориҳои ду кишвар тағйироти куллӣ ворид намуд. Пеш аз ҳама ҳамкориҳои ду кишвар фарогир буда ҳамаи соҳаҳоро, шуруъ аз сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, сармоягузориҳо, маориф ва илм, технология, фарҳанг, кишоварзӣ то амнияти минтақавиро дар бар мегиранд.  Тоҷикистон ва Чин ҳамдигарро ҳамчун шарикони боэътимод дар робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба шинохтаанд ва дар масоили минтақавӣ ва глобалӣ  мавқеъҳои ба ҳам наздикро ишғол намудаанд ва дар доираи иттиҳодияҳо ва созмонҳои байналхалқӣ аз ташаббусҳои ҳамдигар ҷонибдорӣ мекунанд. Дар рафти ҳамоиши сарони давлатҳо дар чаҳорчубаи ҳамкории иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёву уқёнуси Ором (АТЭС)  раиси ҶМЧ Си Ҷинпин  ҳадафҳои стратегии Тоҷикистонро ҳадафҳои стратегии шарикии Тоҷикистону Чин эълон карда буд. Имрӯз Чин дастгирии ҳамаҷонибаи иқтисодиву молиявии худро дар роҳи татбиқи ин ҳадафҳои стратегӣ бештар кардааст.  Тағйироти дигари куллӣ дар мазмуну миқёси шарикии стратегӣ афзудани ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар буда, дар доираи ташаббуси чинии “Як роҳ – як камарбанд”  афзоиши бесобиқа пайдо кардааст. Сеюм иштироки бевоситаи Чин дар таҳкими зерсохтори иқтисодиву саноатии мамлакати мо бештар гардидааст. Далели ин гуфтаҳо сохтмони як қатор иншоотҳо бо ҳамкории Чин аз қабили комплекси бофандагии Чунтай, роҳи оҳани “Ваҳдат – Ёвон”, заводи сементи Хуаксин Ғаюр  семент,  нақбҳои Шаҳристон, Хатлон, Дӯстӣ, Озодӣ қитъаи роҳи мошингарди “Дарвоз – Ванҷ – Рушон”, ва дигар объектҳои муҳим ба шумор мераванд.  Бо кумаки молиявии Чин дар кишвари мо  як силсила объектҳои энергетикӣ сохта шудаанд, аз ҷумла Маркази гармидиҳии Душанбе, хатти барқи “Хуҷанд – Айнӣ” ва ғайра.  Ҳамзамон бо ин Тоҷикистон ва Чин дар татбиқи лоиҳаҳои аҳкамияти минтақавӣ дошта  – «Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Ирон»,  роҳи мошингарди «Чин – Тоҷикистон -Узбекистон», роҳи мошингарди  «Чин – Тоҷикистон  Афғонистон» иштирок мекунанд.  Он чиро низ бояд қайд кард, ки имрӯзҳо беш аз 70 корхонаи муштараки тоҷикиву чинӣ дар татбиқи 300 лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои истеҳсоли семент, нақлиёт, коркарди кӯҳӣ, хоҷагии қишлоқ, энергетикӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар Тоҷикистон бештар аз 580 ширкат бо маблағгузориҳои чинӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат фаъолият карда дар татбиқи – ҳадафи стратегии чорум – саноатикунонии кишвар саҳми худро гузошта истодаанд.    

         Гуфтанист, ки дар қаринаи ба ҳам пайвастани ташаббуси чинии «Камарбанд – роҳ»  ва Ҳадафҳои миллии рушди Тоҷикистон бар солҳои то 2030  ҳар ду кишвар дар садди тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт ва тиҷорат, молия, сайёҳӣ, нақлиёт, алоқа, экология, илмҳои гуманитарӣ, зеҳни сунъӣ ва соҳаҳои дигар баромадаанд. Ҳамзамон ҷонибҳо ният доранд, ки баҳри тавсеаи минбаъдаи ҳаҷм ва диверсификатсияи тиҷорат чораҳои амалӣ андешида, зарфияти онро тақвият бахшанд ва ҳамкориҳоро дар чаҳорчубаи «Роҳи абрешими тиҷорати электронӣ» амиқтар гардонанд.

         Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки таҳти роҳбарии стратегии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  муҳтарам Си Ҷинпин  шарикии стратегии фарогир  дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек  барои эҷоди ҷомеаи муштараки Тоҷикистону Чин бо ҳадафи амният ва рушд талош менамоянд, ки намунаи беҳтарини устувор кардани робитаҳо байни кишварҳо бо эҳтироми ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва судманд ба шумор меравад.

11 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд. Дар рафти сафар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), хонум Зоу Ҷиайи мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои судбахш баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ин бонкро дар пешбурди лоиҳаҳои муҳимми зерсохтории Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он барои дастгирии пайваста аз раванди рушди устувори кишвари мо арзи сипос намуданд. Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои зерсохторӣ, ба мисли энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, обрасонӣ, технологияҳои рақамию “сабз” ва ҳамчунин кишоварзӣ, зоҳир гардид. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муҳимми зерсохторӣ татбиқ мешаванд, ки ҳаҷми умумии маблағгузории онҳо аз ҷониби бонк 400 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар фарҷоми мулоқот Нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба имзо расид, ки барои татбиқи он ҷудо намудани беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ аз ин бонк пешбинӣ шудааст.

Дар доираи сафари давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтор, логистика, бахши бонкӣ, саноат ва соҳаи кӯҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба роҳандозии ҳамкории судбахш алоқамандии худро таъкид доштанд.

Ҳамчунин дар доираи сафари худ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб намуданд. Таъкид шуд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард доллар расидааст, ки аз он қариб 3,5 миллиардашро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот ва гуфтушунидҳои миёни ширкатҳои Тоҷикистону Чин беш аз 50 санади ҳамкорӣ, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба Тоҷикистон дар назар доранд, ба имзо расид.

Дар идомаи сафар санаи 12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи парлумониро «яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ» номида, таъкид доштанд: «Мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду кишвар ҳастем». Рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, «заминаи устувори шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин дар давраи нав» арзёбӣ гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсис ва оғози фаъолияти Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ки нахустин ҷаласаи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Пекин баргузор гардид, истиқбол намуданд. Дар идома масъалаҳои табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти парлумонӣ, аз ҷумла дар самти такмили қонунгузорӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи муосир, дастгирии навовариҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамию зеҳни сунъӣ, гузариш ба энергетика ва саноати «сабз», рушди робитаҳо дар соҳаи фарҳангию башарӣ ва дигар самтҳои мавриди назари муштарак муҳокима гардиданд.

Мо мутмаин ҳастем, ки ҳар ду кишвар дар оянда таваҷҷӯҳи хешро ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои зерин равона мекунанд;                                                                      1)- ҷонибдории устувор аз манфиатҳои аслии якдигар; 2)-истифодаи зарфият ва имкониятҳо барои ҳамкориҳои баҳамдигар судманд; 3)-тавсеаи ҳамкориҳои гуманитарӣ дар ҳамаи самтҳо.  4)-ҳамоҳанг сохтани мавқеъ ва кӯшишҳо баҳри таъмини амният ва суботи минтақа, амиқгардонии ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, экстремизм, сепаратизм, тақвияти назорати марзҳо, тавсеаи табодул ва машваратҳо дар самти пешгирӣ ҳар гуна дахолат ба корҳои дохилии якдигар, ва пешгирии ҳар гуна «инқилобҳои ранга», Дар ин ҷода Ҷумҳурии мардумии Чин пешниҳодро  доир ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддир дар Душанбе дастгирӣ мекунад;

5)  Ҷонибҳо ҳамкориҳои зичи бисёрҷониба, такмил ва таҳкими механизми ҳамкориҳои Чину Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкориҳоро дар чаҳорчубаи СММ, СҲШ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба зарур медонанд.

Таҳлилҳо нишон  медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин омили рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки чунин  ҳамкориҳо дар оянда низ рушду тавсеа  ёбанд. Рушди  ҳамкориҳо  ба таҳкими суботу амнияти минтақа алоқаманд аст. Аз ин рӯ суботу  амнияти Осиёи Марказӣ ҳам  барои кишварҳои минтақа ва ҳам барои  Чин хеле  муҳим аст. Боиси қаноатмандист ки аз рӯи ин масъалаҳо Тоҷикистон ва Чин мавқеи ягона доранд, ки ба манфиати халқҳои ҳарду кишвар ва минтақа аст.

Мирзоев Ҳабибҷон – устоди факултети

муносибатҳои байналмилалии ДМТ