Зан – модар аввалин мураббии башарият

1500

Иди занон, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад, воқеан ҳам иди меҳру вафо ва покиву садоқат ба Зан-Модар,  Офарандаи ҳаёти башар мебошад. Мехостам танњо дар бораи ду падидаи алоќаманд ба зан  гуям. Аввалан, зан њамчун падидаи зиндагї, эњдои Офаридгор ба табиат ва мард аст. Сониян, Зан њамчун падидаи иљтимоист – гоње ки зан вориди њаёт ва кори љомеа мешавад, чи дигаргуние ба батни љомеа ворид месозад ва чи наќше дар пешрафт ва амну суботи љомеа бозї мекунад.

Модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯст. Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку љонбахши модарон, дилсӯзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон бирасанд.   Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву қаҳрамонӣ ва кӯшишу талошҳои занон барои ҳифзи номи неки хонавода, сарзамин ва миллат, инчунин муборизаи онҳо барои озодиву адолат дар тӯли асрҳо дар эҷодиёти тамоми адибони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти классикиву муосири тоҷику форс тасвиру тавсиф шудаанд.
Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».
        Аз ин рӯ, зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари хуршедии  мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.
Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиї наќл намояд. Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад.
     Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун шахсони масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.  Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.
Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ў ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».                                               

             Мо аз саҳифаҳои таърихи хеш хуб медонем, ки дар давраҳои гуногун занону модарон дар қатори мардон ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд.   Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд бо поктинативу инсондӯстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматписандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиямон саҳми шоиста доранд. Имрӯз, яъне дар ибтидои асри XXI низ занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳуввияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд.Дар навбати худ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ дар тӯли солҳои истиқлолият ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст. Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутси-онии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин проблемаҳои демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Љумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардиданд, ки онҳо барои таҳкими мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоии кишвар, беҳтар шудани вазъи намояндагӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат такони ҷиддӣ бахшиданд.
Дар  яке аз сураҳои калонтарини китоби муқаддаси Қуръони маҷид,  яъне Нисо Худованд шаъну шарафи зан ва баробарҳуқуқии зану мардро ба таври возеҳ зикр намуда, иззату эҳтиром ва дастгириву ғамхорї нисбат ба занонро аз ҷумлаи воҷиботи имонии ҳар як мусулмон фармудааст. Паёмбари дини мубини ислом ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар ҳадиси худ чунин гуфтааст: “Ҳуқуқи зан муқаддас аст, пас ҳуқуқи ононро ба худашон бисупоред”.
Имрӯз занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судї ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятї фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд. Ҳоло беш аз панҷоҳ фоизи кормандони соҳаҳои тандурустї, илму маориф ва хизмат-расонии иттилоотиро занон ташкил медиҳанд. Бояд зикр кард, ки афзудани дастовардҳои мо дар рушди иқтисодиву иҷтимої ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба заҳмати бунёдкоронаи худи мо, муносибати дилсӯзона ва масъулиятшиносии роҳбарону мутахассисони ҳамаи мақомоту сохторҳо, корхонаву муассисаҳо ва тамоми мардум, аз ҷумла занон вобаста аст. Мо медонем, ки  дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан, инчунин ба кору амалҳои неку созанда талқин мекарданд ва имрӯз низ ин рисолатро онҳо ба зимма доранд. Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст.
Бо дарназардошти ин, ҳар як зани тоҷик, ки ободии Ватан ва хонадони худро мехоҳад, бояд пеш аз ҳама барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, хонаву ҳавлии худ ва деҳаву ноҳияи худ кӯшиш ба харҷ диҳад. Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифати занон марбут аст. Модари соҳибмаърифат соҳиби саломатии хуб, соҳиби фарзанду оилаи солим ва соҳиби зиндагии шоиста буда метавонад.Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо ташаккули тарзи зиндагии солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзанди солим ва ташкили оилаи солим мебошад. Ин масъала, пеш аз ҳама, ба мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ва тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, яъне ба масъалаи оилаи устувор дахл дорад.
Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан модарони имрўза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.
Бинобар ин, худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию љисмонї ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми онҳо ба хубӣ эҳсос гардад. Дар ин ҳолат, афроди ҷомеаи таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос, пеш аз ҳама, иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварда, дӯст доштани сарзамини аҷдодї ва арљ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси Ватанро рисолати инсонї ва қарзи фарзандии худ медонанд.
        Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таљассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, њифзкунандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”. Ба ин маънӣ, занону модарон  бояд ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди љисман ва руњан солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебої, рамзи ишқи љовидонї нахустин мураббї ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Аз ин лиҳоз, мо вуљуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромўш намекунем ва ў ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андўҳи зиндагї ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидої, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонї мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ў вобаста аст. Вале агар ҳаёти зан танҳо бо мушкилоти рӯзгор маҳдуд гардад ва бори гарони хонавода бар дӯши ў бошад, пас ба гумон аст, ки чунин тарбия судбахшу ҳадафманд сурат гирад.
Сарвари давлат, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат муњтарам Эмомалии Рањмон  њануз дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар соли 1997-ум иброз дошта буд: “Љомеае, ки ба зан-модар ғамхорї менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорї мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонї бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.                                                         Мехостам табрикоти хешро бо мисрањои  самимонаи зерин ба анљом расонам:   

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,                                                                                 Зан шарбати њар маъракаву косаи љом аст.                                                                                 Бе зан чи бувад зиндагиву зист дар олам,                                                                                  Зан аз тарафи бахт ба мо арзи Паём аст.

Бигзор, дилҳои шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони тоҷик поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд!

Х. Самиев – декани факултети МБ