Тоҷикистон – Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ (сҳи): таърихи мухтасар: вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо

1116

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИСЛОМӢ – Созмони байналхалқии байниминтақавиест, ки 25 сентябри соли 1969 дар конфронси сарони кишварҳои мусулмоннишин дар Работ ба хотири таъмини ҳамрайъии исломӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, мубориза бар зидди низоми истиеъморӣ ва нажодпарастӣ (расизм), дастгирии Созмони озодибахши Фаластин таъсис дода шудааст. Дабирхонаш (Қароргоҳ)  дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ аст. 

28 июни соли 2011 бо қарори сессияи 38-уми Шурои вазирони корҳои хориҷӣ дар ш. Остона Созмони конфронсои исломӣ ба Созмони Ҳамкории исломӣ табдили ном кард. Феълан 57 кишварро бо теъдоди умумии аҳолиашон – 1,5 млрд нафар муттаҳид мекунад.

Ҳадафҳои асосии созмон хислати иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ доранд:

  • тавсеаи ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ байни кишварҳои пайрави ислом;
    • инкишофи тадқиқоти илмӣ ва тайёрии техникии кадрҳо;
    • дастгирии аққалиятҳои мусулмон дар кишварҳои ѓайри мусулмон;
    • иштироки конструктивӣ дар идораи умури байналмилалӣ, муқовимат ба сиёсати зиддиисломии Исроил.

 Органҳои роҳбарикунандаи СҲИ аз инҳо иборатанд:

Вохурии шоҳон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо (саммит), конфронси вазирони корҳои хориҷӣ, котиботи генералӣ ва органҳои ёридиҳанда (Моддаи 3 Оинномаи СҲИ). Вохурии шоҳон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо сиёсати умумии кишварҳои мусулмониро муайян мекунад ва дар се сол як маротиба даъват карда мешавад. Конфронси вазирони корҳои хориҷӣ ҳар сол гузаронда мешавад.  Дар мавриди зарурӣ конфронси ѓайринавбатӣ даъват карда мешавад.(1) Органи иҷроияи созмон Котиботи генералӣ аст. Дабири кули созмон дар конфронси вазирони корҳои хориҷӣ ба муҳлати 4 сол интихоб карда мешавад. Дабири кулл 4 муовин дорад: доир ба масоили сиёсӣ, доир ба илм ва технология, доир ба масоили иқтисодӣ, доир ба масоили иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ. Ба иловаи онҳо директори кабинет ҳаст, ки кори техники котиботро созмон медиҳад. Дар таркиби Котибот якчанд шуъба амал мекунад:1 иҷтимоӣ-иқтисодӣ, доир ба илм ва техника, доир ба корҳои Осиё, корҳои Африқо, доир ба масоили байналхалқӣ, иттилоот, ҳуқуқи инсон ва аққалиятҳои динӣ, созмонҳои ѓайриҳукуматии мусулмонӣ ва ѓайра. Моҳи Марти соли 2008 дар саммити СҲИ дар Дакар (Сенегал) Оинномаи нави Созмон қабул карда шуд.  Дар назди СҲИ як қатор созмонҳои мустақил фаъолият доранд, ки бо қарори конфронсҳои Созмон таъсис ёфтаанд ва кори онҳоро Котиботи генералӣ ҳамоҳанг месозад: – Бонки исломии Рушд; – Оҷонсии исломии навидҳо; – Созмони радиошунавонӣ ва телвизионии кишварҳои исломӣ; – Комиссияи исломӣ доир ба масоили иқтисодӣ ва фарҳангӣ; – Маркзи исломии таълим ва тадқиқоти  касбӣ-техникӣ; – фонди исломии пешрафти илмӣ-техникӣ, – Маркази пажуҳиши санъат ва фарҳанги исломӣ; – Фонди Иерусалим, Комитет доир ба Иерусалим; – Палати тиҷоратӣ- саноатии исломӣ; – Созмони пойтахтҳои исломӣ; – Маркази таҳқиқоти оморӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ; –  Комитети ҳамрйъии исломӣ бо кишварҳои африқоии мусулмоннишини минтақаи Сохил; – Асосиатсияи исломии киштидорон; – Маркази исломии рушди тиҷорат; – Фонди исломии Рушд; – Суди исломии адолат; – Созмони исломии масоили маориф, илм ва фарҳанг.(2)

Кишварҳои аъзои СҲИ: Озарбойҷон, Албания, Алҷазоир, Афгонистан, Бангладеш, Баҳрайн,  Бенин, Бруней Буркина-Фасо Габон Гайана Гамбия Гвинея Гвинея-Бисау Ҷибути Миср Индонезия Урдун Ироқ Ирон Яман Қазоқистон Камерун Қатар Қирѓизистон Комор Кот д’Ивуар Қувайт Лубнон Либия Мавритания Малайзия Мали Малдив Марокаш Мозамбик Нигер Нигерия АМА Уммон Покистон Фаластин Арабистони Саудӣ Сенегал Сурия Сомали Судон Суринам Сьерра-Леоне Тоҷикистон Того Тунис Туркманистон Туркия Уганда Узбекистон Чад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳамкории худро бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тадриҷан ба роҳ монда, дар доираи ҳамкорӣ бо онҳо ва дар чаҳорчӯбаи онҳо мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд.

Барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо чунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаву ниҳодҳои он, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Кон- фронси исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти калон дорад. Тоҷикистон инчунин  дар доираи як қатор созмонҳо ва иттиҳодияҳои минтақавӣ, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкориҳо дорад ва худ низ дар рушди фаъолияти онҳо саҳми калон дорад.

Ҳамкорӣ бо Cозмони Ҳамкории  исломӣ (СҲИ) ва дар чаҳорчӯбаи он бо дигар кишварҳои аъзо барои Тоҷикистон  аҳамияти хоса дошт, зеро он пас аз Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дуввумин созмони байнидавлатии бузург ба шумор рафта, дар сафи худ 57 кишвари чор минтақаи ҷаҳонро муттаҳид намуда буд. Созмон дар таҳкими ҳамоҳангии фаъолият ва ҳамкории мутақобилаи кишварҳои мусулмоннишин нақши калидӣ дошта, ҳамчун абзори судманди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои аъзо баҳри таъмини сатҳи баланди зиндагӣ ва пешрафти онҳо, ҳифзи манфиатҳои олами ислом дар рӯҳияи пешбурди сулҳу салоҳ ва тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳои гуногуни ҷаҳон,инчунин дар раванди таъмини сулҳу субот дар паҳнои олами исломӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо кард.(

Дар чаҳорчӯбаи ин Созмон ва сохторҳои махсуси он Тоҷикистон имкон пайдо мекард, ки дар асоси умумиятҳои таърихию фарҳанг ва тамаддунию динӣ, ки замири онҳоро ҷанбаҳои инсонӣ ташкил медиҳанд, ҳамкориҳоро ба таври васеъ ба роҳ монда, масъалаҳои таъмини манфиатҳои миллии худро пайваста пайгирӣ намояд.

Аз ин хотир, яке аз нахустин иқдомоти ҷиддӣ бо назардошти нақши афзоишёбандаи СҲИ дар арсаи байналмилалӣ дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз буд, ки 1 декабри соли 1992 амалӣ гардид.

Он вақт мақсади Роҳбари давлат аз барқарор кардани муносибатҳо

бо СҲИ расидан ба чанд ҳадафе буд, ки барои давлати Тоҷикистон

моҳияти калон доштанд.

Якум, зарур буд, ки тавассути ин созмони байналмилалӣ Тоҷикистон ҳарчи беҳтар ба кишварҳои мусулмоннишин муаррифӣ карда шавад.

 Ин масъала ду ҳадафи асосӣ дошт.

Аввалан, муаррифӣ намудани Тоҷикистон чун давлати наву соҳибистиқлоле, ки аксари кулли аҳолии он мусулмон буда, нисбати арзишҳои исломӣ арҷ мегузорад ва хоҳони ривоҷ додани муносибату ҳамкориҳо бо соири__давлатҳои мусулмонӣ аст. Сониян, ботил сохтани фикру андешае, ки мухолифон ва дигар рақибони онвақтаи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа паҳн карда, зимнан онро чун «режими коммунистӣ» сиёҳ кардан мехостанд. Дар ҳақиқат дар пасманзари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки тайи ҳафтод соли мавҷудияташ[3]  идеологияи ҳукмронаш коммунистӣ ва атеистӣ буд, рақибони давлату ҳукумати Тоҷикистон аз ин омил васеъ истифода кардан мехостанд ва дар хориҷа ҳам то ҷое ба чунин тавзеаҳо бовар мекарданд.

Дуюм, ибрози мавқеи Тоҷикистон нисбат ба дини ислом,

масъалаҳои мубрами ҷаҳони ислом ва ҳамин тариқ, дарёфти ҷойгоҳи

он дар ҷомеаи кишварҳои мусулмоннишин қадами боз ҳам ҷиддитар

ба шумор мерафт.

Сеюм, қавию муассир сохтани ҳамкориҳо миёни давлатҳои исломӣ ва ба ин раванд ворид гардидани Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳайси яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ муайян шуда буд.

Нахустин имкони ҷиддие, ки ба ин мақсад Роҳбари давлат аз он самаранок истифода кард, саммити кишварҳои аъзои СҲИ буд, ки 13-14 декабри соли 1994 дар шаҳри Касабланкаи Шоҳигарии Марокаш баргузор гардид.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба вазъияти Тоҷикистон ҷалб карда, сипас роҷеъ ба баъзе мушкилоти ҷаҳони ислом ва андешидани тадбирҳои самарабахш ибрози андеша намуд. Ӯ зикр кард, ки «дар баъзе нуқоти ҷаҳони исломӣ вазъияти устувори сиёсӣ ҳукмфармо нест» ва ин ҳолат «ба иқтисодиёт ва дараҷаи рифоҳияти мардуми ин минтақаҳо бетаъсир намемонад».

«Ба ақидаи мо, – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон, – кишварҳои исломӣ муносибатҳои байни якдигарро ба як пояи нави иқтисодию фарҳангӣ баланд бардошта, ба ҳамаи нифоқҳои мавҷудаи байнашон хотима бахшанд, ба якдигар ба қадри имкон дасти ёрӣ дароз кунанд, то ки мардуми мусулмон соҳиби зиндагии орому хушҳол гарданд». Ба фикри ӯ ҳамаи ин ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз аз СҲИ тақозо мекунанд, ки дар ҳалли чунин масъалаҳо «иқдоми ҷиддӣ андешад ва нақши созандагӣ дошта бошад».(4)

Идомаи суханронии Роҳбари Тоҷикистон ба фароҳам овардани фазои мусоид дар кишварҳои узви созмон барои пешрафт бахшида шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки «мо танҳо дар шароити осоишта, сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ, сабру таҳаммул ва оштипазирӣ ба ҳамаи системаҳои сиёсӣ ва динӣ мақсадҳои волои созмонро амалӣ гардонда ва ҳамбастагии ҳақиқии мусулмононро дарёфта, манзалати дини мубини исломро баланд бардошта метавонем». Сарвари Тоҷикистон таъкид дошт, ки «густариш додани ҳамкориҳои кишварҳои узви созмон метавонад набзи пурзӯр ва омили нерӯманд барои рушди минбаъдаи иқтисодии ин кишварҳо бошад» ва ин «имконият медиҳад, ки сатҳи сазовори зиндагиро ба мардумони кишварҳоямон таъмин намоем ва бадин васила ҳалли бештари масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми мусулмонро дарёбем».

Роҳбари Тоҷикистон он масъалаҳоеро, ки дар ин ҳамоиши сатҳи олӣ ба миён гузошта буд ва барои минтақаи созмон аҳамияти хоса доштанд, инчунин дигар мушкилоти рӯзмарраро дар саммитҳои минбаъда ва форумҳои гуногуни байналмилалӣ мавриди ибрози назар қарор дод, ки баъзе аз онҳоро зикр кардан бамаврид аст.

Якум. Ба роҳ мондани ҳамкорию ҳамбастагии пурсамари кишварҳои мусулмонии ҷаҳон, ки ба фармудаи қуръонии «мӯъмин бародари мӯъмин» асос ёфта бошад. Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъро ба сифати муҳимтарин вазифаи Тоҷикистон дар фаъолияти Созмон борҳо аз минбарҳои саммитҳои СҲИ мавриди муҳокима қарор дода буд. [6]

Сарвари давлат ба ин хотир пешниҳоду андешаҳои муфидеро ба миён гузошт, ки мавриди истиқболи хуш ва пуштибонии иштирокчиёни сершумори саммитҳо қарор гирифтанд. Миёни онҳо ба масъалаҳои зерин ишора кардан мумкин аст:

– Таҳия ва қабули Барнома ва Стратегияи дарозмуддати рушди кишварҳои исломӣ,

– Таъсиси Бунёди рушди илм ва фанновариҳои навин бо шабакаи васеъ ва фаъол дар саросари ҷаҳони ислом;

– Таҳияи Консепсияи ягонаи мукаммал ба манзури ҳамоҳангӣ ва фаъолияти дастҷамъии давлатҳои аъзо ба муқобили хатару таҳдидҳои муосир.

Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 роҷеъ ба дурнамои фаъолияти СҲИ чунин зикр карда буд: «Ба асри XXI дохил шуда истода, мо ба замони оянда бо назари нек менигарем ва боварӣ дорем, ки Созмони Конфронси исломӣ минбаъд ба сохтори муҳими минтақавӣ барои ҳал кардани масъалаҳои насли нав ба мақсади таъмин намудани тараққиёти устувор ва шукуфоии кишварҳоямон табдил меёбад».

Дуюм. Ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ ва исломӣ дар пасманзари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва кӯшишҳои муқобилгузории тамаддуни деринаи Шарқу Ғарб. Роҳбари давлат борҳо ба ин мавзӯъ аҳамият дода, аз ҷумла, зимни суханрониаш дар Маҷлиси тантанавии Анҷумани шашуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ки 8 сентябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, зикр намуд, ки «баъзе иқдомоту кӯшишҳои ғаразноки тамаддунҳои деринаи Шарқу Ғарбро ба ҳам муқобил гузоштан ва дар ҳамин замина ба бархӯрди тамаддунҳо мусоидат намудан аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор авҷи тоза мегирад», «таҳқири арзишҳои олии инсонӣ, бозӣ кардан бо эҳсосоти пайравони динҳои мухталиф, афрӯхтани оташи нафрату хусумат дар миёни мӯътақидон ва бо ҳамин васила дину тамаддунҳоро муқобили ҳам гузоштан, бешак, ба нақшаҳои тарҳрезикардаи иғвогарон мусоидат менамояд». Ба хотири ҷилавгирӣ кардан аз чунин зуҳуроти манфӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурат андешидани тадбирҳои зеринро таъкид намуд:

а) Барои рушди тамаддуни умумибашарӣ бояд аз ҷавҳари фарҳанг, илму маърифат, ҳикмату фалсафаи олӣ, ахлоқу одоби ҳамида, арзишҳои волои динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дини ислом истифода бурда шавад;

б) Беҳтарин дастовардҳои тамаддуни ҷаҳониро ҳамқадами замони муосир карда, онҳоро барои ғанитар намудани ҷаҳони маънавӣ, солимгардонии ахлоқ, одоб, суннат, фарҳанг ва дигар арзишҳои иҷтимоӣ равона сохтан лозим;

в) Ақидаҳои ғаразноку бардурӯғеро, ки динҳои асили ҷаҳониро бо зуҳуроти террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ тавъам месозанд, инкор намуда, ниҳоду созмонҳоеро, ки дар зери ниқоби ислом мақсаду ҳадафҳои худро думболагирӣ мекунанд, фош сохта, бо онҳо мубориза7 бурдан даркор ва роҳ додан лозим нест, ки симои поку муқаддаси исломро доғдор намоянд.

г) Собит сохтан лозим, ки ислом одобу ахлоқи ҳамида, покизагии маънавӣ, сулҳу осоиш, сабру таҳаммул, инсондӯстӣ ва инсонгароӣ барин арзишҳои олиро талқин менамояд ва амалҳои нангину хунрезиро аз қабили куштор, зӯроварӣ ва бадбиниву хушунат

қатъиян маҳкум месозад.

Роҳбари давлат иброз дошт, ки «ин гуфтаҳо тарғибу таҳмил ва таҷассуми бартарияти арзишҳои дини ислом бар динҳои дигари ҷаҳонӣ нест», балки «ин даъватест барои эҳтирому аҷргузорӣ ба тамаддуне, ки беш аз як миллиарду сесад миллион нафар сокинони

сайёра пайравиаш мекунанд».

Ҳамин тариқ, дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоштани обрӯи ислом, ҷудо кардани терроризм аз ислом, ки вақтҳои охир бар асари тафриқа чунин вонамуд карда мешавад, ба яке аз мавзӯъҳои муҳими масъалагузориҳои Роҳбари Тоҷикистон табдил ёфт.

Сеюм. Ҷилавгирӣ намудан аз хатару чолишҳои ҷаҳони муосир. Ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат қарор дошт.(7)

Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, зимни суханронии худ дар иҷлосияи IX мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲИ, ки 13 ноябри соли 2000 дар Давҳа (Қатар) баргузор шуда буд, таъкид намуд, ки «барои кишварҳои мо ва умуман барои ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризми байналмилалӣ, низоъҳои минтақавӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвият гирифтани тамоюлҳои ифротгароӣ, ки ба андозаи қобили мулоҳиза минтақаи фаъолияти Созмони Конфронси исломиро фаро мегиранд, доираи васеи хавфу хатарро ташкил медиҳанд». ӯтаъкид дошт, ки ин омилҳои хатарнок, аз қабили тамоюли ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ низ хавфи фавқулода калон доранд, ба амният ва суботи минтақа таҳдид карда, ба манфиатҳои миллии кишварҳо зарари ҷиддӣ мерасонанд, ҳамчунин асосҳои мавҷудияти худи давлатҳоро хароб мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки чунин зуҳурот «мутаассифона, бештар таҳти шиорҳои исломӣ зуҳур мекунанд ва дар асл бо ҳадафҳои волои таълимоти исломи ҳақиқӣ, ки ба сулҳдӯстӣ, созандагӣ ва таҳаммул ҳидоят мекунанд, ҳеч умумияте надоранд».

Чорум. Истифода аз имкониятҳои созмон ба хотири таъмини рушди устувори Тоҷикистон. Роҳбари давлат бо назардошти вазъи душвори ҷумҳурӣ дар чанд саммити Созмон ва гуфтушунидҳои алоҳида ин мавзӯъро мавриди таваҷҷӯҳи ҳозирин гардонда буд. Дар натиҷа ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ дар Куала-Лумпур дар бораи расонидани кумаки иқтисодӣ ба Тоҷикистон ба мақсади рафъи мушкилоти иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои барқароркунии баъдиҷангии иқтисодӣ қарор қабул кард. [8]

Дар ин замина Тоҷикистон бо ҳидоят ва ташаббуси Сарвари худ ҳамчунин бо зерсохтор ва институтҳои СҲИ ҳамкории фаъолро ба роҳ монд.

Панҷум. Мусоидат ба ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон ва таъмини сулҳу субот дар ин кишвар. Доир ба ин мавзӯъ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо ва масъалагузориҳо нақши давлатҳои исломиро дар раванди ба эътидол овардани Афғонистон дар ду самт таъкид карда буд. Яке, дастгирии бевоситаи сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон ба хотири таъмини ҳаёти мӯътадили мардуми он буда, самти дигар кор бо ҳаракати «Толибон» ва дигар қувваҳоест, ки сабабгори нооромиҳои ин кишвар гардидаанд. [9]

Бояд зикр намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалагузориҳо кӯшиш ба харҷ медод, ки Тоҷикистон низ дар фаъолияти СҲИ нақши муассир дошта бошад. Ҳамин буд, ки дар натиҷаи ин фаъолияти муваффақона бори аввал дар таърихи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ яке аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалии Созмони Конфронси исломӣ – ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви он таҳти шиори «Бо назари ҳамоҳанг барои амният ва шукуфоии ҷаҳони ислом» рӯзҳои 18-20 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, раёсати даврии яксолаи ин Шӯро ба ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор карда шуд. Дар кори ин ҷаласа беш аз 100 ҳайати гуногунпоя, аз ҷумла, 57 ҳайати кишварҳои узви Созмон, 5 ҳайати кишварҳои нозир, ҳайатҳои созмонҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ ва меҳмонон иштирок карда, доираи васеи масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, илмию технологӣ ва фарҳангию иттилоотӣ,ҳуқуқӣ, маъмурию молиявӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳоро баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо қарору қатъномаҳои дахлдор қабул карданд. Аз ҷумла, қатъномаҳои ШВКХ дар хусуси чунин масъалаҳои умдаи дар назди СҲИ истода, ба монанди вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Фаластин, Ироқ ва Афғонистон, вазъияти ақаллиятҳои мусулмон дар кишварҳои ғайри аъзои СҲИ, татбиқи Барномаи даҳсолаи амал қабул гардиданд.

Илова бар ин,бо иштироки фаъоли кишварҳои узв дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва олами ислом: Нигоҳи стратегӣ ба ҳамраъйӣ» ҷаласаи махсус баргузор гардид. Дар фароварди ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ иштирокчиёни он ба ҳайси санади расмии СҲИ Эъломияи хотимавиро қабул карданд, ки хулосаҳои калидии ин ҷаласаро инъикос менамояд.

Кишварҳои арабӣ ба рушди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, бо назардошти муносибатҳои дӯстона дар риштаҳои гуногун ба кишвари мо ёрӣ ҳам мерасонанд. Масалан, соли 2009 бо маблағгузории Салтанати Умон барои дастгирии осебдидагони офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб як шаҳрак сохта ва ба истифода дода шуд, ки дорои манзилҳои истиқоматӣ, беморхона ва масҷиди замонавӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар бобати ривоҷ додани табодули мол ва ҷалби сармояи хориҷӣ аллакай қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Ҳоло бархе аз кишварҳои арабӣ, аз қабили Амороти Муттаҳидаи Араб аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар бобати табодули мол ба ҳисоб мераванд, Қатар дар Душанбе ба амалӣ кардани лоиҳаҳои сохтмонӣ шурӯъ намуд, ки яке аз онҳо бунёди масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ дар пойтахти Тоҷикистон мебошад.

Бо кишварҳои арабӣ ташаккул додани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ идома дорад. Бо ин давлатҳо вобаста ба сатҳу доираи муносибатҳо санадҳои зиёди дуҷониба ба имзо расидаанд. Масалан, миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зиёда аз 40 санади муҳими ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, фарҳанг, варзиш ва кор бо ҷавонон ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои кишварҳои дӯстро муайян месозанд.

Ҳамин тариқ, вазифаҳои мушаххаснамудаи Роҳбари давлат дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар муносибат бо ҷаҳони ислом пайгирона амалӣ гардида, шаклгирӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳои манфиатовар сол то сол суръат мегиранд ва шаклу мазмуни навро соҳиб мешаванд.

Ҳамзамон бо ин дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, алалхусус Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Муколамаи ҳамкории Осиё Тоҷикистон бо кишварҳои мусулмоннишин, хусусан давлатҳои арабӣ робитаҳои густардаро пеш мебарад, ки ҷавҳари онро рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ягонасозии мавқеъгириҳо ва дастгирии манфиатҳои якдигар ташкил медиҳад.

Ба шарофати чунин сиёсати мудаббирона Президенти Тоҷикистон дар олами арабиву исломӣ чун посдори фарҳангу тамаддуни асили исломӣ ва тарғибгари дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои судманд эътироф гардидааст.

Ҳамкорӣ бо Cозмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) ва дар чаҳорчӯбаи он бо дигар кишварҳои аъзо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии 13 Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дорад, ки ин бесабаб нест. СҲИ дуввумин созмони байнидавлатии бузург пас аз Созмони Милали Муттаҳид (СММ) буда, дар сафи худ 57 кишвари чор минтақаи ҷаҳонро муттаҳид кардааст.

Созмон ба ҳайси овози ҷамъулҷамъи мусулмонони ҷаҳон дар таҳкими ҳамоҳангии фаъолият ва ҳамкории мутақобилаи кишварҳои аъзои он нақши калидӣ дорад. Он имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳифзу нигоҳдории манфиатҳои олами исломро дар рӯҳияи пешбурди сулҳу салоҳ ва тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳои гуногуни ҷаҳон кафолат медиҳад. Созмони Конфронси Исломӣ ҳамчун афзори судманди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои мусул-мон баҳри таъмини сатҳи баланди зиндагӣ ва пешрафти кишварҳои аъзои он, инчунин дар раванди таъмини сулҳу субот дар паҳнои олами исломӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти нақши афзоишёбандаи СҲИ дар арсаи байналмилалӣ, чанде пас аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ, 1 декабри соли 1992 ба узвияти он пайваст. Аз рӯзҳои аввалини узвияти худ дар ин Созмон Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар асоси умумияти таърихию фарҳангӣ ва тамаддунию динӣ, ки замири онҳоро ҷанбаҳои инсонӣ ташкил медиҳанд, муносибатҳои байнидавлатии ҳасанаи худро бо кишварҳои мусулмон ба роҳ монда, ҳаматарафа тақвият бахшад. Ин аст, ки ҷумҳурӣ ҳамкориҳои васею гуногунҷабҳаро бо давлатҳои узви СҲИ ва сохторҳои махсуси он ба таври васеъ ба роҳ монда, масъалаҳои таъмини манфиатҳои миллии худро дар доираи ин Созмон пайваста пайгирӣ менамояд.

Фарҳод  РОЗИҚОВ—мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ.

Яҳёева МАНЗУРа-ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ