ШАРИКИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

66

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон шарикон анъанавӣ ва боэътимод дар саҳнаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ буда, ҳамеша бо дастгирии манфиатҳои мутақобилаи якдигар баромад менамоянд. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дорои таърихи тамаддунофарии муштарак дошта, ҳоло давлатҳо рӯ ҷониби эҳёи ҳамкориҳои судманди ҳамшарикӣ ва пайванди фарҳангиву забонӣ доранд.

Таҳдиду чолишҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар асри XXI ба робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон низ таъсир расонидааст, вале нигоҳ накарда ба мушкилиҳои саҳнаи ҷаҳонӣ дар ҳамкориҳои ду давлат ҳамеша ҳамшарикӣ ба ба назар мерасад. Таҳлил робитаҳои шарикии Тоҷикистон ва Эрон нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои манфиатбори ҷонибҳо дар се зинаи зерин мушоҳида мегардад.

1. Ин шарикии Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи глобалӣ аст. Дар ин зина, ду давлат ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мисли СММ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмонҳои ҳамкориҳои исломӣ ба роҳ мондаанд. Дар ин зина, бояд гуфт, ки маҳз номзадии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои аъзогӣ дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Инчунин, 24 майи соли 2023 бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон, Эрон ва дигар кишварҳо бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолудини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

2. Ин шарикии Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи минтақавӣ аст. Ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри XX зимни таҳсия самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 5 самти афзалиятноки фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон ишора намуд, ки дар ин миён “Ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамзабон” дар меҳвари он қарор дошт. Ин самти сиёсати хоирҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол пайгирӣ мешавад ва дар таҳкими робитаҳои ҳамшарикӣ миёни Тоҷикистон-Эрон-Афғонистон инъикос меёбад. Инҷо вобаста ба вазъи Афғонистон як нуқтаро таъкид кардан лозим аст, ки Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои наздиктарин ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар беш аз дигарон манфиатдоранд ва ҳарду давлат барои бунёди ҳукумати инклюзивӣ дар Афғонитсон манфиатдор мебошанд.

3. Ин шарикии Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи дуҷониба аст. Дар сиёсти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эрон мақоми шарики стратегиро соҳиб аст ва ҳарду давлат барои тақвияти ҳамкориҳио созанда пайваста талош менамоянд. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – мавқеи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври алоҳида чунин зикр шудааст: “Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон низ омили муштаракоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам муносибатҳои пойдори дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди гуногунсоҳаро бо ин кишвар бар пояи дуҷониба ва бисёрҷониба беш аз пеш тавсеа хоҳад бахшид”.

Вобаста ба масъалаҳои зикршуда, метавон гуфт, ки дар даҳаи сеюми асри XXI муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сатҳи сифатан нав расидааст ва оҳиставу пайваста хислати шарикиро касб намуда истодааст.

Анвари Сафарӣ – муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ