САТҲИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН

588

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мутақобиланд судмандро бо Туркманистон дар асоси ҳусни ҳамҷавори дустиву бародари ва шарики инчунин мавқеъгирии якҷоя оиди масъалаҳои мубрами байналхалқӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда истодааст.Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳоро аз рӯи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо, Туркманистон тақозо мекунад.Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тӯли бист соли охир борҳо намоиш додааст.Нуқтаи сароғози муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон ин баъди ба имзо расидани Пратакол “Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломати миёни Ҷумҳурии Тоҷикистона Туркманистон ” 27-январи соли 1993 сурат гирифтааст. Аз лаҳзаи барқарор гаштани муносибатҳо таҳким ва тавсеаи минбаъдаи онҳо дар маркази диққати Сарвари давлати Тоҷикистон қарор дорад.Ифтитоҳи намояндагии дипломатии Ҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти соли 1993 дар Ашқобод сурат гирифт. [1]Сафоратхонаи Туркманистон моҳи июли соли 1999 дар Душанбе фаъолиятро оғоз намудааст. Туркманистон дорои иқтидори бузурги нақлиётӣ ва камуникатсионӣ буда пайвасткунандаи минтақаи Осиёи Марказӣ бо манотики дигари ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки ин амр барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишвари мазкур афзуд. Аз лаҳзаи роҳандозии муносибатҳо пайваста сафарҳо ва мулоқотҳои гуногунсатҳи байни ҳукмати миёни ин ду кишвари ба ҳамдуст ва ҳаҷавор баргузор мегардад:

Моҳи июли соли 1995 Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари кори ба пойтахти Туркманистон Ашқобод ташриф оварданд, зимни ташрифи ҷаноби оли бо роҳбари Туркманистон Сафармурод Ниёзов мулоқот анҷомид,ки зимни он роҳбарони ҳарду давлат Баёнияи муштарак қабул гардид, инчунин оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар намуданд[2]. Апрели соли 1999 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сурат гирифт, ки зимни он роҳбари кишвар дар кори ҷаласаи Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид. Мақсади мулоқоти «Саммити Ашхобод» муайян кардани ҳадафҳои ҳамкориҳои минбаъда, ки ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидаанд, ба ҳисоб мерафт.

Бояд қайд намуд,ки дар доираи вохӯриҳои бисёрҷонибаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқотҳои роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон мунтазам сурат мегирифтанд, ки зимни онҳо зарурати ташкили шароити мусоид барои ҳамкориҳои судманд байни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду савдо ва илму техника таъкид мегардид. Зимни вохӯриҳои сатҳи олӣ дар марҳилаҳои минбаъда (солҳои 2006-2007) президентҳои ҳарду давлат оид ба самтҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, таваҷҷӯҳи худро ҷиҳати таҳким ва тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои табодул ва интиқоли мол, нерӯи барқ, маҳсулоти нафтӣ ва алюминий таъкид карданд. Сафарҳои расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон ба Туркманистон дар соли 2007-ро метавон ҳамчун оғози марҳилаи нав дар таърихи муносибатҳои тарафайн арзёбӣ кард.

Зимни ин сафарҳо чанд санади фарогири ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи муносибатҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд. Рӯзҳои 9-ум ва 10-уми октябр соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣба Туркманистон ташриф оварданд.Қобили таъкид аст, ки ин сафари корӣ бо ҷараёни мулоқотҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои бонуфузи ду ҷониб баррасӣ намуданд ва 4 санади нави ҳамкорӣҳам ба имзо расид.«Муносибот бо Туркменистони бародарӣ барои мо аҳамияти хоса дошт, дорад ва хоҳад дошт», – изҳор намуд зимни сӯҳбати хоса Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки мутобиқат ва ё наздикии мавқеъҳо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ худ заминаи мусоиди сиёсӣ аст барои рушди робитаҳои судманди ду кишвар дар ҳама самтҳо.Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар навбати худ посух дод, ки дар муносиботи Туркманистону Тоҷикистон боварии байниҳамдигарӣ, ҳусни ҳамсоягию тафоҳум ва дӯстию рафоқат ҳамеша мақоми хоса доранд.Таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистону Туркманистон имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ хеле зиёданд, аз ҷумла баҳри беҳтар намудани равобити нақлиётӣ, шароити рафтуомади шаҳрвандон, рушди тиҷорати дуҷониба, ва ғайра. Кушодани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳан миёни ду кишвар зарур шумурда шуд.Ҳамгироӣ баҳри истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии минтақа аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.

Моҳи марти соли 2010 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Зимни баррасии масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва гуманитарӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб барои кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ, лӯлаҳои нафту газ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард миёни Тоҷикистону Туркманистон аз тариқи қаламрави Афғонистон талош хоҳанд намуд.Сарони ду давлат азм доранд, ки баҳри ба сатҳи боз ҳам болотар баровардани муносиботи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ҷаҳду талош намоянд, зеро ҳарду ҷониб ба ин андешаанд, ки имкону захираҳо барои рушди ҳамкории бисёрсоҳа хеле зиёданд. Баъди анҷоми музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар охир Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 мукофотонида шуд.Чунонки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо ин мукофоти олии давлатии Тоҷикистон барои нақши намоёнаш дар таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар сарфароз гардонда мешавад.3-сентиябри соли 2011 Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овард бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи ду кишвар, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, металлургия, нақлиёту роҳсозӣ, пайвасти мустақими шабакаҳои барқию нақлиётии ду кишвар ва атрофи масоили минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт. 5- майи соли 2014 Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Зимни мулоқот баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 10 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид.Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ, самтҳои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, нафту газ, маориф ва фарҳанг ба таври муфассал мавриди баррасӣқарор гирифтанд[3]. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт, ки“ рушди муносибат бо Туркманистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар навбати худ муносиботи ду кишварро “босуръат рушдёбанда”номида, ҳамзамон ба роҳбарияти Тоҷикистон барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои байналмилалии Туркманистон арзи сипос намуд. Масоили вобаста ба тезондани сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар маркази таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарордошт. Гуфтугӯйи судаманд, ҳамчунин доир ба авзои кунуни ва ояндаи Афғонистони ҳамсоя ва ҳамдигар мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ қарор гириф. Пас аз анҷоми музокирот 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд,ки барои густариши ҳамкориҳои тарафайн заминаи воқеии гузоштанд.

17 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон ташриф овард.Зимни сафар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои Осиёӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоти дуҷониба намуданд.Таъкид гардид, ки ингуна чорабинии муҳташами варзишӣ дар Осиёи Марказӣ бори нахуст баргузор мегардад ва умед аст, ки он ба рушди соҳаи варзиш ва оммавияти бештари он дар минтақа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов аз рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар ин самт кишварҳо имконоти зиёд доранд, ёдовар шуда, баргузории комиссияҳои байниҳукуматии ду кишварро дар соҳахои энергетика, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва соҳаи турзим дар ин ҷода муҳим арзёбӣ намуданд.Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистону Туркманистон имрӯз имконот ва лоиҳаҳои зиёдеро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика доранд.Дар ҳамин замина аз сохтмони хати лӯлаи гази Туркманистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин ва лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ёдоварӣгардид.Мавриди таъкид аст,ки солли 2017-ро метавон марҳалаи ҷадиди ҳамкориҳо номид чунки маҳз дар ҳамин сол ташрифҳои тарафайн анҷомида шуд,ки дар натҷа миёни ин ду кишвар ҳамкориҳо ба шарикии стратегӣтабдил дода шуд. 2- ноябри соли 2017 Президенти Туркманистон бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф оварданд. Зимни ташрифи Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов таъкид намуданд, ки давоми даҳсолаҳои охир равобити кишварҳо марҳилаҳои нави рушдро касб карда, барои таъмиқи ҳамкории ду давлат ва мардумони дӯст такони ҷиддӣмебахшад. Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ин раванд имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ арзёбӣ карда шуд.Ҷонибҳо нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва баргузории бизнес-форумҳо байни доираҳои соҳибкории ду кишвар барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ муҳим маънидод карданд..Тоҷикистону Туркманистон дорои иқтидори бузурги захираҳои на танҳо иқтисодӣ, балки имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣмебошад. Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғоистон-Туркманистон намунаи олии ҳамкорӣ дар ин самт номида шуд.

Дар соҳаи нақлиёт ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи ба роҳ мондани хатсайри мустақими ҳавоии байни ду кишвар аҳамияти махсус зоҳир карданд.Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ва маорифро баррасӣ карда, баргузории рӯзҳои фарҳанги кишварҳоро омили муҳими таконбахши равобити дуҷониба маънидод карданд.Дар охири мулоқоти ҷонибҳо, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амну субот дар минтақа ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон баён доштанд.Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид. То имрӯз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро зиёда аз 60 санад ташкил медод, акнун бо имзои санадаҳои нав, ки бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегирад, шумораи он ба беш аз 70 адад расид. Мавриди таъкид аст ,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон дар доираи созмонҳои байналмилалю минтақавӣ ва барномаҳо аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲИ, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (ББНА), С5+1, Конференсияи ҳафтуми Ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCAVII) фаолият менамоянд. Муносибатҳои ду кишвари бо ҳама дуст ва шарик дар сохаи фарханг дар сатхи баланд карор дошта бо ибтикороти тарафайн рузҳои фарҳангии кишварҳо баргузори мегардад.Соли 2010 Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон,худи ҳамон сол рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гадид. Мавриди таъкид аст,ки моҳи июни соли 2013 дар Ашхобод зимни оғози расмии роҳи оҳани Туркманистон –Афғонистон –Тоҷикистон,Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Соли 2013 ба муносибати барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ рузҳои фарҳанги дар ҳардуи шкишвар баргузор гардид.14-июнисоли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистонбаргузор гардид .Ин амр барои рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва робитаи дустии минёни кишварҳо замина фароҳа меорад. Инчунин мавриди таъкид аст,ки теъдоди зиёди донушҷуёни туркман дар донишгоҳҳои олии кишвар ба тахсин фаро гирифта шудаанд. Қайд кардан ба маврид аст,ки барои рушду равнақи муносибатҳои илмиву фарҳангӣ миёни ду кишвар “Ҷаъмияти туркманҳои ҷаҳон” ташкил карда шудааст. Мавриди таъкид аст ,ки дар рушду тавеъаи ҳамкориҳо саҳму азми сулҳҷуёнаии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мебошанд,ки барои ба роҳ мондани хамкорихои гуногунсамтаи тарафайн бо фарогирии манфиатхои милли ҷонибҳо мусоидат намуда истодаанд. Азми пайкоронаи тарафҳо буд, ки 2- ноябри соли 2017 баъди мулоқоти сатҳои олӣ Туркманистон шарики стратегии 4-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. 4 апрели соли равон Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни вохӯрӣ аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ дар ҳама сатҳҳо таъкид шуда, рушди минбаъдаи фаъоли муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба манфиати ҳарду ҷониб муҳим номида шуд.Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори нафту газ, химия ва металлургия, кооператсияи саноат, кишоварзӣ ва нақлиёту боркашониро муҳокима намуданд.Густариши равобити байниминтақавӣ тавассути тавсеаи ҳамкории байни субъектҳо ва роҳандозии робитаҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои ду кишвар муҳим дониста шуд.Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд.Доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дастгирии минбаъдаи ташаббусҳои глобалии якдигар мубодилаи афкор сурат гирифт.Ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва таҳкими ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Бояд таъкид намуд, ки дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.Дар чорабинии фарҳангӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом – муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов иштирок карданд.Бояд гуфт, ки баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон бо номи “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.Консерти ҷаззоби “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Туркманистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт. Айни ҳол муносибатҳои ҳамҷавории тарафайн ба сифати шарики стратегии Точикистон ва Туркманистон расида умеда аст, ки он барои халкҳои дусти бародари тоҷику туркман хизмат хоҳад намуд.

Мирзоев Ҳ.Т.,номзади илмҳои таърих, устоди факултети муносибатҳои байналхалқӣ