Русия ва Тоҷикистон: мӯҳтавои ҳамкориҳои дуҷониба дар шароити муосир

712

Конференсияи байналмилалии «Русия ва Тоҷикистон: мӯҳтавои ҳамкориҳои дуҷониба дар шароити муосир»

Тартиби кори конференсия: онлайн, тариқи  ZOOM

Макони баргузорӣ: Дафтари Маркази таҳлилию коршиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, факултети муносибатҳои байналхалқӣ);

Оғози кор: соати 1400.

Дар кори конференсия олимон ва муҳаққиқони факултети муносибатҳои байналхалқӣ, коршиносон ва таҳлилгарон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, намояндагони мақомотҳои дахлдори давлатӣ,  ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Мақсади ҷорабанӣ: таҳлили вазъи актуалӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон, самтҳои рушди равобити дуҷониба дар миёнамуҳлат, таҳияи тавсияҳои амалӣ, таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи таҳлилӣ.

Конференсияро ба ҳайси модератор профессор Олимов М.А. оғоз намуда сухани ифтитоҳиро ба декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Самиев Х.Д. ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари “Россотрудничество” Иванов И.С. доданд.

Конференсия аз бахшҳои зерин иборат буд: Қисми 1. Ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодии Русия ва Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо; Қисми 2. Масоили амнияти минтақавӣ; Қисми 3. Масоили мубрами равобити байнидавлатӣ. Равобити гуманитарӣ; Қисми 4. Саволҳо. Муҳокима. Ҷамъбасти натиҷаҳои конфронс.

Ба сифати маърузачиён Дадабаева З.А. профессори кафедраи таҳқиқотҳои амрикоии Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия; Исайнов Ҳ.Р., профессор, декани факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Махмадбеков М., номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ; Нуриддинов Р.Ш., профессор, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Салимов Ф.Н. дотсент, мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ризоён Ш.Ш., номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими калони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Чижова Д.Ю., Директори Маркази иттилоотию таҳлилии Донишгоҳи давлатии Маскав оид ба омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ; Лапенко М.В., номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Русияи Донишгоҳи давлатии Саратов, директори Маркази иттилоотию таҳлилии “Евразия-Поволжье” баромад намуданд. Сухани интиҳоиро декани факултет Самиев Х.Д. бо натиҷагирӣ аз баромадҳо ва муайян намудани масоили мубрами равобити дуҷониба, мушкилоти мавҷуда, имконоти рушди равобит ва давом додани кор дар самти таҳлил ва ояндабинии равобити дуҷониба ҷамъбаст намуданд.

Дар рафти чорабинӣ бо дарназардошти масоили баррасишуда ва мубрамияти онҳо аз ҷониби ҳозирин як қатор тавсияҳо пешниҳод шуданд:

– ба таври васеъ истифода намудани таҷрибаи гузаронидани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ тариқи онлайн;

-гузаронидани вохуриҳои навбатӣ доир ба масоили рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Россия;

– таҳияи тавсияҳои амалӣ ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ;

– таҳия ва пешниҳод намудани ҳисоботи таҳлилӣ.