Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва гиромидошти таъриху тамаддуни тоҷик

971

Пас аз   пошхўрдани Иттиҳоди Шўравӣ раванди нави таърихӣ дар солҳои 90-уми асри хх ба миён омад, ки масоили соҳиб шудан ба истиқлоли миллиро дар низоми собиқ кишварҳои ИҶШС дар мадди аввал гузоштанд. Пас аз гузашти асрҳои зиёд (ҳазорсол), баъд аз таназзули давлати Сомониён, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба мисли дигар давлатҳо давлати нави миллӣ –Ҷумҳурии Тоҷикистон низ арзи хасти намуд. 9 сентябри соли 1991 Сессия Шўрои Олии Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи эълон карда шудани истиқлолияти Чумхурии Точикистон» – қарор қабул кард.  То имрўз аз он санаи таърихиву тақдирсоз 31 сол  сипарӣ гардид. Аммо ин барои миллати қадиму куҳанбунёди тоҷик на он қадар соли зиёд аст.  Тайи ин солҳои рахта шуда, ки  аз ҳодисаҳои нангин исиёсии зиёдеро дар бар мегирифт, дорои аҳамият ва дарси асосии ибрати ҳар як шаҳрванди тоҷик аст. Зеро дар солҳои нооромӣ (1991-1997) моҷараҳои созмону ташкилотҳо, ҳизбҳо, ба рўҳияи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бетаъсир намонд. Миёни гуруҳе аз сокинони мамлакат падидаҳои номатлуб, хусусан «маҳалгароӣ» ташаккул ва рушд кард.

Солҳои 1990-1992 барои Тоҷикистон, монанди дигар ҷумҳуриҳои пасошурави марҳалаи поён рафтани сатҳи зиндагии мардум оѓоз гардид. Маҳз ҳамин раванд боиси шиддат ёфтани авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ шуда,  фалаҷ гардидани сохтори сиёсии ҳокимият,   сарзадани муқобилияти ошкорои сиёсӣ, ниҳоят сарзадани ҷангишаҳрвандӣ оварда расонид. Вазъияти хоҷагии халқро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, бешубҳа пурфоҷиаву фалокатбор номидан мумкин аст. Ҷанги шаҳрвандӣ ба Ҷумҳурӣ миллиардҳо-ҳаҷми зарари моддиву ҷони ба бор овард, сокинони мамлакатро дар ниҳояти танқисии озуқаву дигар лавозимоти маишӣ расонд.

Бўҳрони иқтисодӣ ҳам мисли бўҳрони сиёсӣ решаҳои амиқ дорад. Гарчанде, ки ҷанги шаҳрвандӣ боиси шиддат ва ба харобиҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ гардид, аммо нуқтаҳои асосии вазъи иқтисодӣ аслан аз солҳои охири ҳукумронии ҳукумати Шўравӣ низ вобаста буд.

Дар чунин вазъи нооромӣ дар шаҳри Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурӣи Тоҷикистон баргузор шуд. Вакилони ҷумҳурӣ бо як боварии комил масъулияти дар  сарзамини кишвар «рахна намудани ҷанг ва ба ягонагӣ овардан»-и  сулҳу амниятро ба  сарвари имрўзаи Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон супориданд. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт. Паёми нахустини сарвари давлат аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои ОлииТоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри «Арбоб»-и шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳеҷгоҳ фаромуш нахоҳанд кард, ки гуфта буд: «То вақтеки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, манн худро орому хотирҷамъ намеҳисобам». Бовуҷуди ин қадар нооромиҳо ботадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишвари азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат беруновард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонид.

Солҳои 1992-1997 ҳеҷкас андеша намекард, ки кадомроҳи ҳалли бартарафнамудани низоъҳои дохили мавҷуданд. Баъзе гурўҳҳо умед доштанд,  ки на лидери сиёсӣ ва на қуввае, ки халқро сарҷаъму нооромиро аз байн бурда наметавонад. Ба ин масъала олимон ва рўзноманигорон танҳо баъди ба имзо шудани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» (27 ибюни соли 1997) дар шаҳри Москва баҳои сиёсии худро доданд.

Аз солҳои авали асри XXI шуруъ намуда, вазъияти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба эътидол омада, ба қуллаҳои баланди рушд расидааст. Аммо насли наврасро донистан зарураст, ки ин гунна пешрафти илму техника ва вазъи орому осудаи кишвари мо марҳала ба марҳала ба даст омадааст. Насли имрӯз бояд бидонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷисми миллати тоҷик захми бузургеро гузошта буд, ки далелҳои гуногуни таърихӣ ин суханҳоро исбот менамоянд. Имрӯз тавассути васоити ахбори омма ва маҷалаву ҳафтаномаҳо пайваста факту маводҳои гуногуни таърихӣ интишор мегардад, ки вазъияти мураккаби сиёсии ҳамондавраро ба хотир меоварад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барҳақ гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Пешвои миллатамон тавонистанд, ки тоҷиконро чун соҳиби фарҳангӣ воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд. Дар аввалин рӯзҳои вазифаи пурмасъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш гирифтан, ки Тоҷикистон дар ҳолати нобудиву парокандашавӣ қарор дошт ва миллат дар бп дару сарсонбуд, ба ҳамватанони дар ғурубат қарордошта ҳамаруза аз минбари баланди ВАО иброз дошта буданд: «… Ба ватанбиёед. Шуморо хонаву даратон интизор аст. Ба иғводода нашавед. Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунам. Танҳо инро мегӯям, ки агар як пора нон ҳам дошта бошем, онро бо ҳам мебинем».

Собиқ Котиби Генералии СММ Кофи Аннан дар маҷаллаи «Огонёк» соли 2001 ҳамчун дўсти тоҷикон навиштабуд: «Тоҷикистон намунаи хосси халли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад». Президенти Федератсияи Русия Владимир  Путин  ба сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнеро ишѓол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кўшишҳои Ӯ шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучоргашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумормеравад».

Хушбахтона, баъди соҳиб гаштан ба истиқлолияти комил таваҷҷуҳ ба анъанаҳои миллӣ аз тарафи роҳбарияти кишвар бештар шуд ва дар мудати кўтоҳ як қатор анъанаю суннатҳо ва идҳои миллӣ эҳё гаштанд.

Дар ин раванд  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳувият ва эҳёи арзишҳои миллӣ  ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва дигару дигар асарҳои пурмуҳтаво. Пешвои миллат дар сатҳи баланд собит карданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад.  Фарзандони баномус ва бузургаш ҳар куҷое ба сар бурдаанд исми шарифи хешро дар паҳнои таърих ҷовид гардонданд ва офаридаҳояшон барои башарият хизмат намуд. Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омўзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, мудом даъват ва таъкид мекунанд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрўза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.

Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳо ва ташаббусҳои шоистаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё мегарданду аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта мешаванд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ: Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад. Аз ин рў дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 26.12.2018 таъкид шуда буд, ки: “Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерўҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем. Қобили зикр аст, ки хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврўз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд”.

Асоси сарчашмаи худшиносии миллиро омўхтани гузаштаи ниёгон, арҷ гузорӣ ба истиқлолияти миллӣ ва ваҳдату дўстӣ эҳтиром гузоштан ба нишонаҳои давлати миллӣ, пайгирӣ аз сиёсати давлатӣ ташкил медиҳад. Чунончи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, «Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ѓояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давалату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил медиҳад. Арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи  манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ  ва гурўҳӣ боло бошад ва пойдеворӣ тарбияи ватандўстии ҷавононро фаро гирад. Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи шумо-ҷавонон вогузошта аст. Шумо бояд Ватанро обод кунед дар баробари модари худ дўст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед».

Барои нигоҳдоштани арзишҳои миллӣ ва бедории миллӣ бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон   «680 солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» (1995), «675 солагии адиби оламшумули тоҷику форс Камол Хуҷандӣ» (1996), «960 солагии Умари Хайём» (2000), «1000 солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ» (2003), «80 солагии таъсиси пойтахти Тоҷикистон ш.Душанбе» (2001), «Соли тамаддуни ориёӣ» (2006), «1150 солагии  асосгузори адабиёти классики тоҷику форс устод Абуабдуллоҳ Рудакӣ» (2008) ҷашн гирифта шуданд, ки аз маърифати болои хирадмандонаи Пешвои миллат хабар медиҳад.

Симпозиуми байналмиллалии «Авесто ва тамаддуни ҷаҳонӣ бахшида ба 2700 солагии Авесто» (2001), дар ш. Душанбе, ки бо ташабуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд,  ки аз таърихи қадими миллатҳои форсиро собит месозад. Яке аз масоили мубрам, ки имрўз мавриди таҳқиқи олимони ватаниву хориҷӣ қарор гирифтааст, ин таҳқиқоти илмии «Авесто»  мебошад. Доир ба масъалаи таърихи имло ва арзиши  «Авесто» дар адабтиёти илми ақидаҳои гуногун ҷой доранд. Як гуруҳи олимони хориҷӣ аз қабили Дюперон, Дармстер, Мейе, Юар ва дигарон пайдоши онро ба мамлакати Мидия нисбат медиҳанд. Гуруҳи дуввум олимон, масалан Бартолоне Нюберг манбаи навини онро ба Бохтар нисбат медиҳанд. Гуруҳи саввуми олимон пайдоиши «Авесто»-ро ба Моварои Кавкоз мансуб медонанд. Омузиши илмии Авесто дар асрҳои 17-18 шурўъ шуда минбаъд аз ҷониби муҳақиқони ватаниву хориҷӣ як қатор пажўҳишҳои арзишманд сомон ёфтанд. Масалан соли 1771 олими фаронсавӣ А.Дюперон нахустин шуда, матнҳои Авесторо бо забони фаронсавӣ тарҷума намудааст.  Дар Русия омўзиши ин китоб асосан аз асри 19 оѓоз мегардад. Аз ҷумлаи олимоне, ки ба Авестошиносӣ диққат карданд Кассович, Зелеман,Тураев, Бертелс, Стеблин-Каменский ва ѓайра матнҳои ҷудогонаи Авесторо тарҷума ва таҳлил намудаанд. Намояндаи бузурги фалсафии классики немис Гегел низ диққати худро ба ин сарчашма равона намуда буд. Умуман, дар арафаи ҷашни 2700-солагии «Авесто» мақолаҳои бисёре навишта шуда буданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани худшиносии миллии милати тоҷик ба ин сарчашмаи қадима рў оварда дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих менависад: «Ҳаргаҳе, ки пораҳои ҷудогонаи китоби муқаддаси «Авесто»-ро дар тарҷумаву тафсирҳои минбаъдааш варақгардон намоем, мебинем, ки шукўҳу шаҳомати «Иллиада» ва «Одиссея»-и Гомер, ки ақли башариятро ҳазорсолаҳо боз тасхир кардааст, дар назди ин шоҳасари оламшумул иниёгони мо мекоҳад». Авесто, ки садсолаҳо қабл аз асарҳои Гомер эҷод шудааст, аз рўи тадқиқи олими англис Е.В.Вест, тақрибан аз 345 ҳазор калима «Занд Авесто» (тафсиру тарҷумаи Авесто бо забони паҳлавӣ) бошад, аз 2 миллион калима ибора таст.

Ҳанўз соли 1999 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили «1100 солгагии таъсисёбии нахустин давлати Тоҷикон-Сомониён» пешниҳод гардидаву дар сатҳи баланд ҷашнгирифта шуда буд. Давлати Сомониён аввалин шакли давлатдории тоҷикон аст, ки он дар роҳи ташкили ҳукумати мутамаркази қавӣ, вусъати марзи давлати тоҷикон,  раҳоии мамлакат аз фармонравоии хилофати араб, таъмини сулҳу оромӣ, ба тарафи мақсадхои асосӣ равона карда тавонистани қувваи халқи тоҷик мақоми муҳими таърихи бозидааст. Дар замони салтанати амир Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (875-907) давлати Сомонён мутамарказ шуда ёфта, ба давлати пуриқтидор табдил меёбад. Дар замони Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва коргузорӣ қабул шуда, бо ин забон дар назм ва наср осори адабии пурқимате ба вуҷуд омада, асоси адабиёти  классикии тоҷику форс гузошта мешавад. Осори Рудакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, ҳамасрони онҳо осори мансури асри X — «Шоҳнома»-ҳои насри, тарҷумаи «Таърихи Табарӣ-и Балъамӣ, «Аҷоиб-ул-булдон»-и Абулмуайяди Балхӣ, «Ҳидоят-ул-мутааллимин»-и Ахавайнии Бухороӣ,  «Худуд-ул-олам» ва ѓайра инъикосгари боигарии забони адабии тоҷик ва адабиётӣ ѓании замони Сомониён, шаҳодати маданияти баланди давраи Сомонӣ мебошад. Дар муваффақиятҳои адабии асрҳои 1Х-Х ва умуман ифтихороти адабиётн классикии тоҷику форс мавқеи Сомониён хеле бузург аст. Давлати Сомониён давраи болоравӣ ва ташаккулёбии сохти феодалиро дар Осиёи Марказӣ дар худ таҷассум мекард. Сомониён бо пешгири намудани сиёсати иртиҷоии мустамликадорон тавонистанд, ки ба халқи хеш ва қавмҳои дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон буда умри дубора бахшанд. Онхо муддати тулонӣ бо мустамликадорон муросо намуда, пойдевори мустаҳками давлати худро гузошта, сипас барои  пешрафти он кўшиш намуданд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2002, “2500 солагии шаҳри бостонии Истаравшан” ҷашн гирифта шуд. Моҳи июни соли мазкур (2002) Бо ташаббуси  ин марди хирадманд қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи баргузории ҷашни “2700 солагии шаҳри Кўлоб” ба тасвиб расид. Қарори мазкур аз ҷониби Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ дастгирӣ ёфт.

Чи тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд «Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги Ватан сарчашма мегирад». Дигар аз шаҳрҳои қадимаи миллати тоҷик ш.Ҳисор, аз мадди  таваҷҷўҳи ҳукумату давлат дур намонда, бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2012, таҳти №70 «Дар бораи баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор» қарор қабул карда шуд. Қалъаи Ҳисор яке аз ҳашт ёдгории таърихие мебошад, ки ба феҳристи  мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст. Моҳи октябри соли 2015 3000 солагии шаҳри Ҳисор ҷашн гирифта шуд.

        Дар ҳақиқат, ҳар як халқият  шахсиятҳои барҷастае дорад, ки дар рушду инкишофи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии миллати худ саҳми  бузург мегузоранд.  Дар таърихи навини халқи тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.

9-уми декабри соли 2015 дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик  боз як саҳифаи дигаре зам шуд. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро қабул намуд.

Лозим ба тазаккураст, ки қабули қонуни мазкур арҷгузоштан ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургаш дар назди халқу меҳан мебошад.

Дар маҷмуъ хусусиятҳои муҳими сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инҳоянд:

-фароҳам овардани фазои муътадил дар ҷомеа барои рушди ояндаи бемайлони он;

-ҷонибдори арзишҳои демократии бо  фарҳанг ва  ҳуввият миллӣ мувофиқ;

-гуногунандешагӣ, озодии виҷдон, матбуот;

-таҳаммулгароӣ, эътирофи ҳуқуқи халқҳиятҳои сокини Тоҷикистон ва расму русуми онҳо;

-институти бисёрҳизбӣ ва манъи ҳизбҳои хусусияти ифротгароӣ дошта;

-нигаҳдории  усули дунявӣ будани давлат;

-равобити гуногунвекторӣ бо кишварҳои хориҷӣ, сиёсати дарҳои боз;

-пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва дўстии халқҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ;

-рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҳимояи бозори дохилӣ, асъори миллӣ;

-давра ба давра кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;

-самти афзалиятнок эълон намудани рушди маориф ва наздикшваӣ ба ҷомеаи технологӣ;

-ҳимояи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон ва амнияти дохилӣ ва берунии он;

Имрӯз тоҷикон ба шарофати ҳидоят ва роҳнамоии сарвари хирадманди хеш Эмомалӣ Раҳмон мақом ва рисолати худро дар дунёи муосир пайдо намуда ва дар ҷодаи ҷаҳонишавӣ гомҳои устувор ниҳодаанд, дарҳои пӯшида ва марзҳои бастаи худро ба истиқболи дӯстони дерин ва ҳамёрони навин боз кардаанд.

Имрӯз тоҷикон бо эҳё ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ва андӯхтаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми сайёра гардидаанд.

Имрӯз овози тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ садо медиҳад, иқдомот ва ибтикороти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираҳои бонуфуз ва мӯътабари сиёсати ҷаҳонӣ мавриди эътироф ва таҳсин қарор гирифтааст.

Имрӯз парчами Тоҷикистон дар пештоқи ниҳод ва созмонҳои бузурги минтақавиву байналмилалӣ афрошта шуда ва паёми дӯстиву ҳамкории миллати тоҷикро дар паҳнои ҷаҳон интишор медиҳад.

Ин ҳама сарфарозиҳо орзую ормони деринтизори мардуми тоҷик

буд, ки пас аз фурӯпошии давлати Сомониён дар тӯли беш аз ҳазор сол онро дар замири қалби худ мепарварид.

Имрӯз тоҷикон ба шарофати пайкорҳои сарнавиштсози фарзанди шарофатманди худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ расидаанд ва ибтикори ин шахсияти бориз тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити сулманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки ҳифзи манофеъи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашари асос ёфта аст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсир.

РОЗИҚОВ ФАРҲОД. – н.и.т.,

 дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ