Рӯзҳои 4-5 октябри соли
2023 дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) ҷаласаи байналмилалии
коршиносӣ ва таҳлилӣ таҳти унвони “Авруосиёӣ: таърих, мафҳум, амалия” баргузор
гардид. Дар чорабинӣ мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии
Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент Салимов
Фаррух Насимович дар мавзӯи «Самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва давлатҳои Иттиҳоди
иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС): афзалиятҳо ва дурнамо» баромад намуд.
29 сентябри соли 2023 дар толори профессор Ҳусейнзодаи ДМТ бо ташабуси кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқӣ мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ НАВИНИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН» бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва “Рӯзи кормандони хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”(29 сентябр) доир гардид.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистони
соҳибистиқлол дар шароити мураккаб ва хеле душвори солҳои навад заминагузорӣ
шуд. Аммо сарфи назар аз мушкилию монеаҳои ҳамон давра, ба шарофати хирадмандӣ
ва фаросати баландии сиёсии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масири рушди ояндаи он
дуруст ва дурбинона муайян гардид. Соли 1993 Сарвари давлат дар суханханронии
таърихии худ аз минбари баланди Созмони милали...
Дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрии навбатӣ бо ҳайати устодони факултети муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ фаъолияти устодону кормандон, самтҳои таълим, илм, тарбия ва муносибатҳои байналмилалии факултет ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифт.
Имрӯз бо ибтикори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити навини геополитикӣ ва дурнамои рушди он» ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои дипломатӣ ва илмии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд....
Анъанаҳои давлатдорӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатия,
тартиби фиристодани расул, таҷрибаи сулҳ ва миёнаравӣ ҳамоҳанги таърихи
ташаккули халқи тоҷик буданд. Вале бунёди хадамоти дипломатӣ ҳамчун инъикоси
механизми татбиқи ҳадафҳои миллии тоҷикон, инъикоси мустақилияти сиёсӣ ва фароҳам
овардани шароити рушди дохилӣ танҳо бо касби истиқлолияти давлатӣ ба даст омад.
Новобаста аз бунёди Комиссариати халқии корҳои хориҷӣ дар соли 1944, давраи
рукуд (1946-1989), эҳёи нисбӣ ва...
Ахбор
МАСЪАЛАИ МУБОРИЗА БО ТАҲДИДИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ВОХӮРИИ ПАНҶУМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Ҳадаф аз баргузор кардани ин чорабиниҳо - дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам намудани муҳити нави боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад. Масъалаҳои таъмини суботи минтақаӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор доранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Шак нест, ки терроризм ва экстремизм дар шароити мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир...
Ахбор
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД: ҲАМКОРИҲО ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ АМНИЯТ ДАР ҚАРИНАИ ТАҲДИДОТ ВА МУШКИЛОТИ ИМРӮЗА
Соли 1945 соли гардиши куллист дар таърихи башарият аст. Инсоният мудҳиштарин ҷанги хешро паси сар карда, неруи харобиовари силоҳи ҳастаиро бо чашмони худ дид ва ҳамзамон муҳимтарин созмони байналхалқии худ – Созмони Милали Муттаҳидро таъсис дод. Тайи зиёда аз 75 соли мавҷудияти худ СММ баҳри таъмини улувиятҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ дар умури байналмилалӣ нақши муассир гузошт....
12 сентябри соли 2023 дар факултети муносибатҳои байналхалқӣДМТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Аҳамияти ташаббусҳои минтақавии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ” доир гардид.
Мақсади баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии “Аҳамияти ташаббусҳои минтақавии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ” инъикоси хусусияти равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои сиёсӣ ва иқтисодии минтақа...














