МАСЪАЛАИ МУБОРИЗА БО ТАҲДИДИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ВОХӮРИИ ПАНҶУМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

219

Ҳадаф аз баргузор кардани ин чорабиниҳо – дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам намудани муҳити нави боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад. Масъалаҳои таъмини суботи минтақаӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор доранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Шак нест, ки терроризм ва экстремизм дар шароити мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда, дар меҳвари масоили ҳалталаби ҷомеи ҷаҳонӣ қарор дорад.Талабгарони сулҳу осоиштагӣ дар ҷаҳон имрӯзҳо бо ба роҳ мондани чорабиниҳои гуногунмуҳтаво талош доранд, ки омилҳои зуҳури ин падидаҳои номатлубро мушаххас карда, барои мубориза роҳкорҳои таъсиргузореро рӯи даст бигиранд.

Масъалаҳои мубориза бо таҳдиди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва киберӣ дар меҳвари барномаи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қарор дошт, ки рӯзҳои 13-15 сентябри соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҳошияи вохӯрии мазкур дар Кохи Борбад доир гаштани барномаи муштараки консертӣ-“Шоми дӯстӣ” далели дигарест, ки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ як омили мубориза бо терроризму экстремизмро дар тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ мебинанд.

”Шоми дӯстӣ” унвон доштани барномаи мазкур ишора ба он аст, ки танҳо дӯстиву рафоқат ва таҳкими сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон сабаб мешавад, ки омилҳои сар задани аъмоли террористию экстремистӣ ошкор гашта, роҳҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб мушаххас гардад.

Силсилачорабиниҳои дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузоршуда бори дигар собит намуданд, ки ҷомеи бидуни терроризму экстремизм шарти муҳимтарини бомуваффақият амалӣ намудани ҳадафҳои шоиста маҳсуб меёбад.

Вобаста ба ин дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъкид гардид, ки “..ба шарофати кӯшишҳои муштарак Осиёи Марказӣ пайваста ва босубот ба минтақаи ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад”.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвони кишвари ташаббускор муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки “..давоми панҷ соли сипаришуда давлатҳои минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббус пешниҳод намуданд, ки ба таҳкими сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд”.

Матраҳи масоили марбут ба мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва киберӣ дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо зикри нуктаҳои хос мавқеи махсус пайдо кард.

Дар суханронии мазкур Пешвои миллат бо дарназардошти буҳрони низоми амнияти байналмилалӣ ва афзоиши эҳтимоли сар задани муноқишаҳо масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизмро василаи асосии таъмини суботи минтақавӣ унвон намуданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин суханронӣ бори дигар бо нигаронӣ аз вазъи Афғонистон иброз доштанд, ки “..дар ин кишвари ҳамсоя буҳрони башарӣ рӯз ба рӯз шиддат меёбад.Дарду азоби мардуми бародари Афғонистон ба мо наздик ва қобили дарк аст.Тоҷикистон минбаъд низ имкониятҳои инфрасохтории наздисарҳадӣ ва логистикии худро барои расонидани кумакҳои ҳадафманд ба мардуми Афғонистон вогузор хоҳад кард.Созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикон тавассути шаш пул дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона мерасонанд. Ҳадафи мо фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ барои ба эътидол овардани вазъи башарӣ дар ин кишвар аст.Дар баробари ин мо афзоиши фаъолнокии гурӯҳҳои гуногуни террористиро дар Афғонистон мушоҳида менамоем.Солҳои охир мо ба кӯшишҳои рахна кардани сарҳад ва убури ғайриқонунии он аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни террористӣ рӯ ба рӯ гардидаем.Чанде пеш мо аз ду кӯшиши рахна намудани сарҳад аз ҷониби ҷангҷӯёни «Ансор-уллоҳ» пешгирӣ намудем.Ҳадафи онҳо анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон буд”.

Дар қисмати дигари суханронӣ Пешвои миллат сарони кишварҳои Осиёи Марказиро бори дигар бовар кунонданд, ки мо бо нерӯи волои зеҳнӣ баҳри расидан ба зиндагии шоиста ва решакан намудани терроризму экстремизм қодир мебошем, зеро осори бузургтарин арбобони илму фарҳанг, адабиёту санъатро чун раҳнамо дар даст дорем. “Минтақаи мо яке аз марказҳои эътирофшудаи паҳншавии тамаддунҳо, динҳо ва фарҳангҳои бузург аст, ки асосан чеҳраи маънавии ҷаҳони имрӯзаро муайян менамоянд.Мо вазифаи умумиамонро дар муносибати эҳтиёткорона ба ҳифзи асолат ва беназир будани мероси маънавии халқҳоямон мебинем”.-иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо ибрози ин андешаҳои созанда метавон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро намунаи олии мубориза бо таҳдиди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва киберӣ унвон кард.Дар амал татбиқ гаштани ин андешаҳои шоиста метавонад дар минтақа ва ҷаҳон то андозае сатҳи амалӣ шудани амалҳои террористию экстремистиро коҳиш диҳад ва оламу оламиёнро ба суботу осудагӣ раҳнамоӣ созад.

Ғайратова Фотима Асламшоевна, н.и.т, м/к кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ.

Назарова Хайринисо Акрамовна, м/к кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ