ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД: ҲАМКОРИҲО ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ АМНИЯТ ДАР ҚАРИНАИ ТАҲДИДОТ ВА МУШКИЛОТИ ИМРӮЗА

314

Соли 1945 соли гардиши куллист дар таърихи башарият аст. Инсоният мудҳиштарин ҷанги хешро паси сар карда, неруи харобиовари силоҳи ҳастаиро бо чашмони худ дид ва ҳамзамон муҳимтарин созмони байналхалқии худ – Созмони Милали Муттаҳидро таъсис дод. Тайи зиёда аз 75 соли мавҷудияти худ СММ баҳри таъмини улувиятҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ дар умури байналмилалӣ нақши муассир гузошт. Созмон садҳо эъломияҳо, аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналхалқиро ба тасвиб расонд, ки ба масоили ҳифзи муҳити зист, тиҷорати байналхалқӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо бахшида шудаанд. Аз он давроне, ки 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ пазируфта шуд, аллакай 31 сол гузашт. Таҳлили мухтасари ин амри тақдирсоз нишон медиҳад, ки ҳамкории кишвари мо бо ин созмони оламгири байналхалқӣ марҳила ба марҳила мазмуну мундариҷаи нав пайдо карда самтҳо ва тамоилҳои нав гирифтааст. Тайи ин муддат Тоҷикистон бо кумак ва дастгирии СММ даст аз оташи ҷанги бародаркуш раҳо кард, сулҳу суботро дар қаламрави хеш устувор намуда ба яке аз кишварҳои фаъоли аъзо ва ташаббускори иқдомҳои наҷиб баҳри ҳалли мушкилоти имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст. Далели равшани ин гуфтаҳо фаъолияти сиёсиву дипломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз он вақте Сарвари давлат бори аввал аз минбари СММ 29 сентябри соли 1993 суханронӣ карда буданд, борҳо аз минбари ин созмони бонуфуз баромад карда на танҳо аз манфиатҳои миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пуштибонӣ намуд, балки доир ба ҳалли мушкилоти глабалии аҳли башар пешниҳодҳои муфид ба миён гузоштааст. Яке аз нахустин иқдомҳои Пешвои миллат Эмомалй Раҳмон дар ҳалли қазияи ҷумҳурӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути Созмони Милали Муттаҳид ва истифодаи имкониятҳои ин созмони универсалии байналмилалӣ буд. Дар асоси муроҷиати Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷумҳурӣ Созмони Миллали Муттаҳид чанд иқдомеро амалӣ кард, ки барои ҳалли мушкилоти кишвар аҳамияти калон доштанд.

Ба даст овардани оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафил ҳамчун намунаи дипломатияи превентивӣ барои кишварҳои гирифтори низоъҳои дохилӣ шуда истифода мешавад. Илова бар он аз соли 2008 то ин инҷониб ба қатори қувваҳои байналмилалии сулҳпарвари Созмони Милали Муттаҳид нерӯҳои полиси Тоҷикистон дохил шуданд, ки дар амалиётҳои сулҳофарии Созмон дар Дарфур ва Судони Ҷанубӣ, ҳамчунин, дар шаҳри Абейи Судон ширкат меварзанд.

Чун ҷояш омад, гуфтанием, ки тайи муддати узвияти кишвар бо ибтикор ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои зерини Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ва пазируфта шуданд:

1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаъи Умумии СММ (МУ СММ, 1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми МУ СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. 2. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 МУ СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. 3. Ташаббуси эълони 2013- ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи МУ СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. 4. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд. Ин ташаббус аз тарафи Маҷмаъи Умумии СММ бо қабули қатъномае (A/RES/71/222) қабул карда шудааст. Мутобиқи қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон шуда, он аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Дар ин робита, бояд зикр кард, ки моҳи июни соли 2018, пас аз оғози расмии Даҳсолаи мазкур дар шаҳри Ню-Йорк дар рӯзи ҷаҳонии об (22 март), дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воломақоми давлату ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СММ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028” баргузор гардид, ки зимни он доираи васеи масъалаҳои марбут ба захираҳои об мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 5. 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Бояд таъкид намуд, ки 18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад. Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 қабул карда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.

Ҳамчунин дар рафти мулоқот ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд. Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯҳои асосии мулоқот буданд. Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таъкид гардид, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишварбарои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ба кишвари ҳамсоя неруи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад.

Собирзода Н.М. – профессор, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ

Самиев Х. Д. – дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ