ҶОЙГОҲИ ЗАН-МОДАР ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

65

Масъалаи зан-модар, бузургдошти он, арҷу эҳтироми хоса гузоштан ба вай дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва ҷойгоҳи махсус дорад. Сарвари давлат дар баробари пиёда кардани барномаҳои хоса дар ин самт қариб дар ҳамаи баромадҳои худ масъалаи эҳтиром кардани модар ва азиз доштани ӯро махсус таъкид менамояд. Бо дастур ва роҳнамоҳои Сарвари давлат дар аксари шаҳрҳои кишвар қомат афрохтани муҷассамаи модар далели равшани иродати беандозаи Пешвои миллат ба модарон аст.

Аз тарафи дигар, ин ибтикори башардӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ибратангезу омӯзанда аст, балки он барои тарбияи наслҳои ҷавон дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии халқамон аз ҳар ҷиҳат муҳим ва муассир арзёбӣ мешавад. Чунки модар дар тафаккури суннатии халқи тоҷик нигоҳдоранда ва афрӯзандаи чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббати байни одамон ва нуру зиёбахши роҳи зиндагии фарзандон аст.

Сарвари давлат дар ҳамаи тасмимгириҳо ва барномарезиҳои иҷтимоӣ, занонро ҳамчун як қишри муҳим ва бонуфузи ҷомеаи муосир ба ҳисоб мегиранд ва барои дастгирӣ ва таъмини шоистаи мақоми ҷамъиятии онҳо барномаҳои махсуси давлатиро амалӣмесозанд.

Натиҷаи ҳаминаст, ки дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба парлумони кишвар Сардори давлат бахши махсусеро дар тавзеҳи мақому мартабаи ҷамъиятии занон, дастгирӣ ва боло бурдани мақоми онҳо дар ҷомеа ихтисос медиҳанд. Аз ҷумла, дар Паёми имсолаи Президенти кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ба масоили марбути мақоми зан дар ҷомеаи имрӯзаи мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Пешвои миллат зимни баррасии масъалаи мазкур махсус таъкид намуданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо тоҷикон, иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан, боло рафтааст”.

Воқеан, агар мо мақому ҷойгоҳи ҷамъиятии занони имрӯзаи тоҷикро бо давраҳои қаблии таърихи халқамон муқоиса кунем, ба умқи ин ишораи муҳимми Пешвои миллат хоҳем расид. Имрӯз, чунонки дар Паём зикр мешавад, 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занону бонувон ташкил медиҳанд. Танҳо дар риштаи соҳибкорӣ, ки аз бахшҳои муҳимми иқтисоди кишвар аст, айни замон110 ҳазор бонувон бомуваффақият фаъолият доранд, ки ин дар таърихи рушди иқтисодии ҷумҳурӣ бесобиқа мебошад. Нуктаи мазкур далели он аст, ки дар кишвари мо барои фаъолияти соҳибкорӣ ҳамаи шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ин, занон ба ҳайси як қишри муҳим ва бонуфузи ҷомеаи имрӯза, беш аз ҳама дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, ки аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимму калидии кишвар аст, заҳмат мекашанд, дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва ҳифзи саломатии мардум саҳми худро мегузоранд.

Пешвои миллат дар Паём махсус таъкид намуданд: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”. Ин нукта ишорат ба он дорад, ки масъалаи боло бурдани мақому мартабаи зан дар ҷомеаи муосири мо ҳамешадар мадди назари Сарвари давлат аст. Дар ин замина пешниҳодҳои мақомоти марбутаи кишвар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан, дастгирӣ меёбад. Ин нуктаро Сарвари давлат қаблан ҳам, борҳо таъкид намуда буданд ва дар Паём, ки ҳуҷҷати муҳимми роҳнамоии давлатист, бори дигар хотиррасон намуданд, ки ин далели мубрамияти масъалаи мазкур мебошад.

Яке аз масъалаҳои дигари марбути таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба масъалаи боло бурдани мақоми ҷамъиятии занону духтарон, ин тавассути Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифтани духтарон мебошад. Далели равшани ин тавассути Квотаи президентӣ то имрӯз ба таҳсил, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаро гирифтани ёздаҳҳазору шашсад нафар духтарон мебошад, ки ин воқеан, падидаи нодир дар соҳаи маориф ва таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад. Илова бар ин, тавассути дастгирии Пешвои миллат, то имрӯз беш аз 35 ҳазор духтарону бонувони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намуда, соҳиби касбу тахассусҳои муҳимми замонавӣ гардида ба ватан баргаштанд ва айни замон, дар риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд.

Айни замон, масъалаи таҳсили духтарон дар дохили ҷумҳурӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Тавре ки дар Паём таъкид мешавад, имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 90 ҳазор духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки онҳо дар маҷмӯъ, 42 фоизи донишҷуёни мактабҳои олии кишварро ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо аз солҳои қабли ба куллӣ фарқ мекунад. Сабаби таваҷҷуҳи бештари бонувону духтарон ба таҳсил, ин пеш аз ҳама вобастааст ба таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои батаҳсил фаро гирифтагӣ онҳо. Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои таҳсили духтарон ҳамаи шароитҳои лозимӣ ва имтиёзҳои махсус фароҳам оварда шудааст.

Нуктаи дигаре, ки Сарвари давлат дар Паём махсус таъкид намуданд, ин рисолати тарбиятгарии занону модарони тоҷик мебошад. Нақши онҳоро Пешвои миллат дар амалисозии муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгири кардани бегонапарастӣ, тарбияи насли солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Модарон ва занони тоҷик тарғибгарон ва эҳёкунандагону посдорону беҳтарин суннатҳо ва анъанаҳои миллии халқамон мебошанд. Ба ҳамин хотир, Пешвои миллат ҳамеша ба ин қишри созанда ва бунёдкори ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Дар навбати худ занону модарони тоҷик ҳам дар фаъолиятҳои ҳамарӯзаи худ кӯшиш мекунанд, ки ба арҷгузорӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлати тоҷикон сазовор бошанд.

Фарзонаи Шамсиддин,н.и.т., муаллими калони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ