НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ДАР ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

458

Роҳи таърихие, ки мардуми тоҷик пас аз истиқлолият тай намуд, шоҳроҳи ҳамвор набуд. Душвориҳои амалӣ дар роҳи рушд ва эътирофи он аз ҷониби кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири касби мақоми шоиста дар арсаи байналхалқӣ ва муаррифӣ аз миллат ва фарҳанги Тоҷикистон аз лаҳзаи касби истиқлоли сиёсӣ возеҳ шуданд. Аввалин қадамҳои амалӣ дар роҳи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ворид гаштан ба муносибатҳои байналхалқӣ баъди анҷоми расмии фаъолияти Иттиҳоди Шуравӣ гузошта шуданд (25 декабри соли 1991). 4 – январи соли 1992 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (иҷлосияи ёздаҳуми даъвати дувоздаҳум) якдилона «Муроҷиатномаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ», бо хоҳиши эътирофи истиқлолияти Тоҷикистон ва барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо онро қабул кард.Ворид шудан ба Созмони Милали Муттаҳид – ин қадами аввалин барои воридшавӣ ба маҷрои ҷаҳонии муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Аз ин рӯ бо касби истиқлолият яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ворид гаштан ба ин созмони универсалии байналхалқӣ буд.Вале, ташаннуҷи буҳрони сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 1992 ба роҳандозии нисбатан фаъолтари кишвар ба маҷрои ҷаҳонӣ монеа эҷод сохт. Дар шароите, ки дар марказ ва ҷануби кишвар ҷанг идома дошт, дар Хуҷанд дар иҷлосияи 16 Шурои Олии Тоҷикистон, вазъияти баамаломада дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Қарорҳои иҷлосия барои пешрафти кишвар, аз ҷумла, дар самти сиёсати хориҷӣ аҳамияти хосса доштанд.Мусаллам аст, ки барои касби мақоми шоиста дар арсаи ҷаҳонӣ, пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ, пеш аз ҳама доштани давлат, ташаккули низоми давлатдорӣ, суботи иқтисод ва сиёсати дохилӣ, рамзҳои истиқлолият, консепсияи сиёсати хориҷӣ ва усулҳои татбиқи он, зарфияти кадрӣ ва симои мусбати кишвар дар муносибатҳои байналхалқӣ зарур мебошад.Возеҳ буд, ки дар арафаи баргузор гаштани Иҷлосияи тақдирсоз аз омилҳои фавқуззикр тақрибан ягонтоаш амалан мавҷду набуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зеҳни ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ҷангзада, ифротӣ ва кафомонда ба назар мерасид.Маҳз дар асоси Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ барқарор гардид. Ҳамчунин ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард. Иҷлосияи дар шароити ноором ва вазъи мураккаби сиёсӣ бо мақсади эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини ҳарчи зудтари сулҳу ваҳдати миллӣ, наҷот додани миллат аз буҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нигоҳ доштани якпорчагии кишвар даъват шуда буд.Иҷлосия боис гардид, ки як силсила масъалаҳои ҳаётие, ки бидуни ҳалли онҳо ҳифз ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон имкон надошт, то ҳалли ниҳоии худро пайдо намоянд.Дар баробари ин як қатор шахсоне ба майдони давлатдорӣ омаданд, ки нисбатан ҷавон ва ҷонибдори ғояҳои нав буда, минбаъд дар ҷараёни кор баробари давлати тозаистиқлол обутоб ёфтанд ва аз мактаби бузурги сиёсӣ гузашта, ба камолот расиданд. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ҳамчун сиёсатмадор ва дипломати сатҳи ҷаҳонӣ худро муаррифӣ намуда, моҳият ва самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва усулҳои дипломатии татбиқи онро муайян намуд. Маҳз ин омил бо дарназардошти дастаи давлатмардони майдони сиёсат ва кормандони соҳаи сиёсати хориҷӣ заминаи фароҳам омадани давраи нисбии рушди дипломатияи тоҷик гардид. Сарвари давлати тоҷикон аз рӯзҳои аввали роҳбарии сиёсӣ сиёсати бисёрсамтиро интихоб намуд. Ҳарчанд бо назардошти ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти вобаста ба оқибатҳои он татбиқи воқеии чунин сиёсат танҳо аз оғози асри XXI шуруъ гардид, вале марҳилаи авалини ташаккули сиёсати хориҷии кишвар тадриҷан ин воқеиятро возеҳ намуд.Сиёсати сулҳ ва «дарҳои кушода» ҳамчун ҷавҳари сиёсати хориҷии Тоҷикистон аввалин бор дар ҳамин иҷлосия эълон шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфт.Дар иҷлосия Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идоракунии давлатӣ, Ҳукумати фаъол, мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ, яъне Нишону Парчам ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид. Тавре маълум яке аз омилҳои асосии эътироф аз ҷониби кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рамзи истиқлолият рамзҳои давлатӣ ба шумор мераванд, ки маҳз дар чаҳорчӯбаи ин иҷлосия қабул гардиданд.Фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки ӯ дар ҳақиқат давлатдори соҳибтадбир буда, илоҷи мушкилоти пешомадаро пайдо мекунад. Бо шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ ва хориқаи беназири сиёсии худ, сарвари навинтихоби ҷумҳурӣ тавонист дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад. Дар ин замина Роҳбари давлат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод.Дар баробари ин меҳвари сулҳҷуёнаи дар Иҷлосия муайян шуда асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии Эмомалӣ Раҳмон гардид, ки истиқрори сулҳ, баргардонидани гурезаҳо ва таҳкими ваҳдати миллиро ҳамчун ҳадафҳои олӣ қарор дода буд. Дар раванди татбиқи ин ҳадафҳои олӣ сарвари давлат иродаи қавӣ, мардонагӣ, ҷасорати бемаҳдуд ва дурандеширо ба хотири миллат нишон дод. Ҳамагон медонанд, ки зимни музокироти байни тоҷикон таҳдиду суиқасдҳои зиёд аз дохилу хориҷ, хатари табдили кишвар ба майдони рақобати мансабталошон ва бозингарони минтақавию ҷаҳонӣ возеҳ буд. Устуворӣ ва қатъият новобаста аз душмании рӯйрости қувваҳои дохиливу хориҷӣ, мулоқоту вохӯрӣ бо роҳбари мухолифин дар Кобулу Хусдеҳ, гузашт ба хотири миллат аз нотакрории шахсияти Пешвои тоҷикони ҷаҳон шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Ҳамчун нишони эътирофи ин заҳматҳо раёсати ҷаласаи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ ба зиммаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон вогузор гардид.Ҳамзамон рисолати Пешво будани Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ шуда, дар тӯли фаъолият ба сифати Сарвари давлат ташаккул ёфт. Яъне изҳори истиқрори сулҳ ва баргардонидани гурезагон аз суханронии аввал ва татбиқи пайгиронаи ин аҳдоф гап оддӣ набуд. Таърихи халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки ҳангоми душворӣ аз хоку камари он абармардоне бурун меоянд, ки масъулияти ҳифзи марзу бум ва ваҳдати мардуми онро ба душ мегиранд.Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар нишон додани ҳадафҳо ва усулҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз Иҷлосия дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» баён гардид. Дар он муҳимтарин ва умдатарин масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тарҳрезӣ шуданд:• Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ;• Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи кишварҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои мутақобила ҳамкорӣ кунанд;• Аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ;• Мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон;• Дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории мутақобила, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Амрикову Аврупо;• Дарёфти ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.Таҳаввули тадриҷии ин усулҳо дар асарҳо, мақолаҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва Паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ инъикос ёфтаанд. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат пойгоҳи мустаҳками амалисозии сиёсати хориҷии кишвар ба вуҷуд оварда шуд, ки самтҳои зеринро дар бар мегирифт;1. Ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ ва назариявии сиёсати хориҷӣ.2. Мушаххас намудани салоҳияту мақомоту сохторҳои давлатӣ роҷеъ ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ.3. Рушди Вазорати корҳои хориҷӣ ва таъсис додани муассисаҳои дипломатии хориҷи кишвар.4. Мушаххас намудани амалияи ягонаи ташрифоти давлатӣ.5. Фароҳам овардани шароит барои баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 бори нахуст дар Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшаҳои созанда ва ҳадафҳои сулҳомез, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳо бо тамоми дӯсту кишварњои сулњдусти љањонро пешниҳод намуд. Ин суханронӣ аслан пешниҳоди шакли мухтасари қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI ба кишварҳои аъзои СММ буд, ки татбиқи пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо кишвари моро ҳамчун давлати дорои ташаккули дипломатияи устувор, пайгирона, шинохтанӣ ва қобили пешгӯйӣ муаррифӣ намуд, ки дар тӯли солҳои истиқлолият даҳҳо маротиба тасдиқ гардидааст.Ҳамчунин, дар заминаи муқаррароти асосии Иҷлосияи XVI санади сарнавиштсози даврони истиқлолият Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Дар моддаи 11 он моҳияти сиёсати хориҷии кишвар дар заминаи сиёсати сулҳхоҳонаи ҷумҳурӣ, ки аз Иҷлосия манша мегирифт чунин муайян шудааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад».Боиси таъкид аст, ки бинобар таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва рушди дохилӣ мардуми мо ба Конститутсия се бо тағйирот ворид намуданд. Вале моҳияти моддаи марбут ба сиёсати хориҷӣ як хел боқӣ монда, сулҳҷӯйӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва тамаддуни тоҷинро инъикос менамояд.Сиёсати хориҷӣ дар қаринаи дипломатияи фарҳангӣ низ зодаи арзишҳои Иҷлосияи тақдирсоз мебошад, ки ба раванди барқароршавии давлатдории навини миллӣ ибтидо гузошт. Бо оғози гузошта шудани аркони давлатдории миллӣ бевосита марҳилаи муҳими омӯзиши амиқу тарғиби густурдаи таъриху фарҳанги миллӣ, баҳогузории он аз рӯи меъёрҳои умдатарини умумимиллӣ ва умумибашарӣ шурӯъ шуда, муҳимтарин ангезаҳои ташаккули андешаи миллӣ тарҳрезӣ гардиданд. Мисоли боризи ин гуфтаҳо таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои мубораку муқаддаси миллӣ ба монанди 1100-солагии таъсисёбии давлати Сомониён, 675–солагии Камоли Хуҷандӣ, 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Соли тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷашни ҳазораи «Шоҳнома», 2700-солагии Авасто, таҷлили бошаҳомати 2500 – солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина номгузорӣ гардидани бархе шаҳру ноҳияҳо бо номҳои асилу таърихии сарзамини тоҷикон, бо фармони Президенти мамлакат ба беҳтарин фарзандони халқу ватан, аз қабили устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум дода шудани унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон аз авомиле маҳсуб мегарданд, ки ғояҳои асили миллиро тарғиб намуда, дар рушду такомули ҳуввияти миллӣ истеҳкоми беназир гузоштанд.Самти мазкур дар муаррифии фарҳанги моддӣ ва маънавии тоҷикон дар сатҳи байналхалқӣ низ самаранок ҷараён дошт, ки натиҷаи он ворид гаштани 100 номгӯйи арзишҳои фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи Юнеско мебошад.Инъикоси минбаъдаи сиёсати хориҷӣ ва асосҳои назаривию ҳуқуқии он аз ин ҷамъомади таърихӣ сарчашма гирифта тадриҷан дар санадҳои танзимкунандаи соҳавӣ мустаҳкам мегардад. Дар ин радиф аввалин Консепсияи сиёсати хориҷӣ аз 24 сентябри соли 2002 моҳият, дурнамо ва ва самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷиро инъикос намуд, ки дар шакли васеъ арзишҳои аслии Иҷлосияи XVI-ро дар самти сиёсати сулҳҷӯёна муайян намуд. Ин арзишҳо бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ва вазъи муосири ҷаҳонӣ сиёсати «дарҳои боз» ба шумор мераванд, ки ҳадафи он дарёфти тавозуни оқилона ва одилона дар робита бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.Инъикоси арзишҳои мазкур дар қаринаи ташаннуҷи вазъи ҷаҳонӣ ва шиддати рақобати абарқудратҳо дар Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ возеҳ гаштанд, ки 27 январи соли 2015 қабул шуда, моҳияти сиёсати хориҷии кишваррро ба таври ошкоро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа менамуд.Маҳз пайгирӣ аз сиёсати «дарҳои боз» Тоҷикистонро дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибмавқеъ ва ташаббускор муаррифӣ намуда, дар баробари касби имиҷи мусбат, заминаҳои рушди дохилӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва истиқрору рушди мутавозини робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобила бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, узвият ва ширкати фаъолро дар кори созмонҳои байналмилалии бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ фароҳам сохт.Натиҷаи ин сиёсати воқеъбинона дар истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи 30 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 50 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон, мубодилаи ҳамасолаи молу маҳсулот бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳонӣ (нисбат ба соли 1991 тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст) ва аз ҳама муҳим ироаи ташаббусҳои байнамилалӣ ба хусус дар масъалаи об, ҳамкорӣ дар соҳаи он ва табдили он ба омили муҳимми рушди устувори иқтисодӣ инъикос меёбад. Тоҷикистон, бо истифода аз асли сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад.Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии кишварро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар кишвар барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии кишвар, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибат ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.Замина ва асоси тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият ва давлатдории миллли Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз иҷлосияи XVI ва қарорҳои қабулнамудаи тақдирсози он, интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари давлат, муайян гаштани моҳият ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ба шумор мераванд.Ҷаъфаров С.Х. – Декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ

Шарипов А.Н. – дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ