ГУСТАРИШ ВА ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ГУНОГУНСАМТАИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

7

(Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати озмудашуда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони Истиқлолият на танҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ, аз ҷумла бо кишварҳои мусулмонӣ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хосси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад. Дар ин росто, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷойгоҳи хосси худро дорад, зеро ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангро умумиятҳои таърихӣ, анъанаҳои дерини дӯстию бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд ба ҳам мепайванданд, ки он аз муҳимтарин омилҳои рушду густариши сареъи муносибатҳои ду кишвар дар замони истиқлоли Тоҷикистон гардиданд. Таҳлили таърихи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Эрон нишон дод, ки ҳамкории муваффақонаи кишварҳо дар заминаи усулҳои баробарӣ ва риояи меъёру қоидаҳои муносибатҳои байналмилалӣ зина ба зина рушд намудаанд.

Дар тули зиёда аз 30-сол муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ду давлат дар самтҳои зиёди муносибатҳои дуҷониба мунтазам ташаккул ёфтанд. Пояи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро зиёда аз 180 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ташкил медиҳанд, ки онҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро муайян намуда, дар таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ нақши бунёдиро иҷро намуданд. Лоиҳаҳои ҳамкории муваффақ ва судманд миёни ду кишвар, аз ҷумла сохтмони НБО Сангтуда – 2, нақби Истиқлол, лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, фарҳангӣ, илмӣ, соҳаи маориф ва ғайра ба роҳ монда шудаанд, ки баёнгари тавсеа ва рушди равобити дӯстона мебошанд.

Муносибатҳои мустақими дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон оғоз меёбад. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қатори аввалинҳо Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1991 ба расмият шинохта, моҳи январи соли 1992 аввалин шуда Сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Моҳи июли соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шаҳри Теҳрон боз гардид.

Мубодилаи пайдарпайи боздидҳои расмии роҳбарияти олии ду кишвар, мулоқоту гуфтушунидҳои пурмуҳтавои онҳо, ки дар тули ин муддат дар фазои ҳусни тафоҳум ва созандагӣ сурат мегиранд, барои тавсеаи доираи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар нақши калидӣ доранд. Моҳи июни соли 1992 Президенти вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз Ҷумҳурии Исломии Эрон боздиди расмӣ ба амал оварда, дар чаҳорчӯби он “Эъломияи усули ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон” ба имзо расид. Ин Эъломия то соли 1995 принсипҳои асосии ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро байни ду кишвар муқаррар ва танзим менамуд.

Такони мусбат ва самаранокро дар истифодаи васеи имкониятҳо ва густариши ҳамкориҳои бунёди иқтисодӣ ва бомуваффақияти Тоҷикистону Эрон, инчунин, баланд бардоштани нақши минтақавии ду кишвар, сафарҳои мутақобилаи роҳбарони ду кишвар нақши меҳварӣ доранд.

Аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон (солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013) ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1997, 2000, 2002, 2004, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019, 2021, 2023) боздид ба амал овардаанд. Зимни яке аз сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 28-29 ноябри соли 2008 сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Исломии Эронро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ намудааст. Гузашта аз ин, роҳбарони ду кишвар борҳо дар ҳошияи чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ дар Макка, Истанбул, Ню Йорк, Кувайт, Пекин, Бишкек ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон мулоқоти дуҷониба баргузор карданд. Ин сафарҳо тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари бародарро аён сохт. Аз оғози солҳои 2000-ум ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар формати сеҷонибаи давлатҳои форсизабон – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон қадамҳои назаррас гузоштанд.

Асоси ғоявии ин ҳамкориҳоро сарнавишти муштараки таърихӣ, забонӣ ва арзишҳои динии кишварҳо ташкил додааст. Мисоли равшани талошҳои се кишвари форсизабон ҷашни муштараки Наврӯз аст, ки ҷашнҳои онҳо дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор шуданд. 25 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеҷонибаи президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор шуд. Ҳамкориҳои зербиноии иқтисодӣ ҳамчун самти муҳим ва афзалиятнок дар муносибатҳои дарозмуддати муносибатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон арзёбӣ гардиданд. Баъди мулоқотҳо “Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи сохтмони роҳи оҳан, хати интиқоли барқ ва лӯлаи об (нефт, газ, неруи барқ)” ба имзо расид. Ҳамзамон, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар амалӣ сохтани барномаҳои ягонаи байнидавлатӣ, равандҳои ҳамгироӣ ва рафъи мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ аз ҷумла, ҷанги шаҳрвандии то имрӯз идомадошта дар Афғонистон ба мувофиқа расиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон на танҳо бо уҳдадориҳои дуҷониба, балки инчунин, бо уҳдадориҳои бисёрҷониба – дар доираи ташкилотҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки ба онҳо аъзо мебошанд, вобастаанд. Чунин мавқеъгириҳои ҷонибҳо барои рушди васеи ҳамкорӣ дар бисёр соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг, маориф, энергетика, сохтмон ва ғайра мусоидат менамоянд. Моҳи сентябри соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва ҳамчунин иштироки ҳайати воломақоми ин кишвар дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (11–12 сентябри соли 2014) сурат гирифта буд ва натиҷаҳои ин сафар барои тавсеаи муносибатҳо хеле арзишманд маҳсуб мешавад. Ба хусус, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи афкоре, ки роҷеъ ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва мушкилоти минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Афғонистон сурат гирифт, бисёр судманд буданд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳо мебошад. Дар натиҷаи сафари расмӣ 8 санади ҳамкорӣ дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ ва иҷтимоӣ ба имзо расиданд. 15 июни соли 2019 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе баргузор гашт, ки зимни он маҷмӯи масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва соҳаҳои инфрасохторию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт. Ҳасани Рӯҳонӣ шахсан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дигарбора пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон бахше аз бандари “Чобаҳор”-ро барои истифода ба иҷора бигирад. Дар доираи ҳамкориҳои бисёрсамта робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон низ тайи солҳои охир ривоҷи тоза мегиранд. Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳи байнипарлумонӣ фаъолият менамояд, ки нақши он дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии ду кишвар муассир аст. Дар ҳамин доира, ҳамчунин як силсила сафарҳо ва мулоқоти расмии роҳбарони ниҳодҳои алоҳида сурат гирифтаанд, ки дар рафти онҳо масъалаҳои мубрами равобити ду кишвар пайваста таҳким меёбанд. Вобаста ба ин, дар муносибати миёни ду кишвар «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи амният», ки 1 июни соли ҷорӣ зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар шаҳри Теҳрон ба имзо расид, ки як қадами таърихӣ буда, иродаи ҳар ду тарафро дар мубориза бо экстремизм ва терроризм ифода мекунад. Бар асоси ин Ёддошти тафоҳум тарафҳо вазифадор шудаанд, ки аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳое, ки ҳамчун созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эълон шудаанд, пешгирӣ карда, аз ҳама намуди дастгирӣ ва ҷонибдории онҳо худдорӣ намоянд. Имзои ин санади ҳуқуқӣ бори дигар нишон дод, ки он ифодакунандаи манфиатҳои воқеии ду давлати ҳамтабор ва ҳамманфиат буда, моҳияти аслии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон маҳз ҳамкорию ҳамзистист. Шоистаи зикр аст, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон беш аз пеш густариш меёбанд. Дар соли 2018 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон 97 млн. 235,4 доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин маблағ 35 млн.145,6 ҳазор доллар содирот ва 62 млн. 089,4 ҳазор доллар воридот мебошад. Дар соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон 120 млн. 979,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин маблағ 82 млн. 50,3 ҳазор доллар содирот ва 38 млн. 928,9 ҳазор доллар воридот мебошад.

Санаи 15 январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни суҳбати кӯтоҳ, ки дар толори фурудгоҳ баргузор гардид, сарони ду давлат доир ба барномаи нахустин боздид ва сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон табодули назар намуда, аз ҷумла изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг саҳифаҳои нав боз мекунад. Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 15 то 17 январ дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла тиҷорию сармоягузорӣ ва илмию адабӣ доир шуд.

Зимни музокирот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорию гардишгарӣ, амният, илму фарҳанг, тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судбахш сурат гирифт. Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла коркарди маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, доруворӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз зарфиятҳои нақлиётиву транзитии Эрон, бахусус бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба нафъи ҳарду ҷониб номида шуд. Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон 160 ширкат бо сармояи эронӣ фаъолият дорад ва соли 2024 ҳаҷми интиқоли молу коло нисбат ба ду соли пеш 3,2 баробар афзоиш ёфт.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро ҳамчун оғози марҳалаи ҷадид дар рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон Тоҷикистон ва Эрон арзёбӣ намуд.

МИРЗОЕВ ҲАБИБҶОН – устоди факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ