АРТИШ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН

10

Имрӯз дар толори ба номи Ш. Ҳусейнзода бо ташаббуси садорати факултети муносибатҳои байналхалқӣ бахшида ба 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди истиқлоли Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш сардори Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ворисони Куруши Кабир”, генерал-майор Мирзозода Бадриддин Қиёмиддин, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, н.и.т., дотсент Ҷонибек Асорориён ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Дар оғоз декани факултет, н.и.т., дотсент Ҷаъфарзода С.Х. ҳозиринроба муносибати 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки Артиши миллӣ яке аз рукунҳои муҳимми давлатдорӣ буда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Бо иқдоми Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоситаърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои Мусаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки Артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.

Дар идома генерал-майор Мирзозода Б.Қ. ва дотсент Асрориён Ҷ.О. маърузаҳои хешро доирба таърихи таъсиси Артиши миллӣ, моҳият ва хусусиятҳои он, рушду пешрафти он дар замони соҳибистиқлолӣ манзури ҳозирин намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ зумрае аз донишҷӯписароне, ки бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсилменамоянд, бо сипосномаву ифтихорномаҳои садорати факултет сарфароз гардонида шуданд.