АҲДНОМАИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН – ПИРӮЗИИ ДИПЛОМАТИЯИ САРҲАДӢ

62

Дар пояи факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ рӯзи 18-уми марти соли 2025 дар толори асосии Институти Конфутсии назди ДМТ ҳамоиши илмию назариявӣ дар мавзуи «Аҳдномаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон – пирузии дипломатияи сарҳадӣ» доир шуд.

Дар рафти чорабинии илмӣ ҳайати раёсати илми ДМТ, меҳмонону коршиносон, ҳайати устодону профессорон, донишҷӯёну магистрҳои факултетҳои номбурда иштирок намуданд.Дар асоси барномаи ҳамоиши илмии мазкур ду суханронии ифтитоҳӣ ва ду маърузаҳои асосӣ ироа карда шуданд, ки ба масъалаҳои мубрами ҳалли мушкилиҳои сарҳадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, аҳамияти таърихии сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, аҳамияти бастани аҳдномаи таърихӣ доир ба танзими масъалаҳои сарҳадӣ, истифодаи абзорҳои дипломатияи сарҳадӣ дар раванди идораи равандҳои фаромарзӣ ва кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бахшида шудаанд.

Дар ибтидо, сардори раёсати илми ДМТ профессор Ҳ.Ҷ. Дӯстзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, доир ба иродаи сиёсии сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ миёни ҷонибҳо ибрози андеша намуд.

Зимнан, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент С.Х. Ҷаъфаров бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳузури меҳмонон ва коршиносонро дар ҳамоиши илмии мазкур таҳният гуфт ва доир ба махсусияти дипломатияи дурандешона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ибрози андеша намуд.

Сипас маърӯзачиён дар асоси барнома ба баррасии мавзуъҳои хеш даъват гардиданд.Аз ҷумла, д.и.с., профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзуи “Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ” баромад намуда, аҳамияти таърихии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷумҳурии Қирғизистон қайд намуд. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар раванди ин сафар миёни президентҳои ду кишвар изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.

Бо роҳи сулҳомез ва бо пуррагӣ ҳал намудани масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ин талошҳои бисёрсолаи ҷонибҳо ба шумор рафта, ниҳоятан дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон вобаста ба танзими масъалаҳои сарҳадӣ шартномаи дахлдор имзо гардид, ки ду кишвари ҳамсоя ба қарори таърихӣ ва абадӣ расиданд.

Дар идома, н.и.т., дотсент, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети муносибатҳои байналхалқӣ Анвари Сафарӣ дар мавзуи “Дипломатияи сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон” маъруза намуда, вижагиҳои раванди ҳамкориҳои сарҳадии давлатҳоро ҷиҳати муайян намудани хатти гузариши сарҳади давлатӣ ва рушди шакориҳои наздисарҳадии давлатҳоро ҷиҳати кушодани нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар интиҳо, устодони соҳибмактаб мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ Х.Д. Самиев, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ А.Н. Шарипов, мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ Ф.Н. Салимов, дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ А. Мамадазимов доир ба аҳамияти таърихии Аҳдномаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва пирузии дипломатияи сарҳадӣ табодули андеша намуданд.

Дар охир, миёни иштирокчиён доир ба маърузаҳои ироашуда саволу ҷавоб доир гардида, доир ба сатҳи нави ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон табодули афкор сурат гирифт.